wrapper

Алифшоева Назарбегим Алифшоевна

унвонҷӯи ИИГ ба номи Б. Искандарои АМИТ

 

ЛИБОСИ МИЛЛӢ МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГУ

ТАМАДДУНИ МИЛЛАТ

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, барои бештари сокинони Тоҷикистон фазои андешаронӣ дар хусуси одоби либоспӯшиву интихоби либос фароҳам овард. Агар васеътар фикр кунем либоси миллӣ яке аз нишонаҳои дорои фарҳанги худӣ будани халқиятҳо ба шумор рафта, тарзи пӯшидану истифода аз навъҳои он муаррифгари муносибати соҳибони фарҳанг ба арзишҳои суннатии худ мебошад. Яъне, агар одамон ё ҳаррӯза ва ё дар мавридҳои муайян либоси миллии худро ба бар намоянду дар миёни дигарон фаъолият кунанд, онҳо ҳуввияти миллии худро бо ҳамин либос тавъам мебинанд.

Мисли оне, ки забон муаррифгари мутаалиқ буданамон ба ин ё он миллат аст, ҳамон гунаи дигар либос нишонаи дорои тамаддун будани ин ё он миллат мебошад. Аз ин рӯ, Президенти кишварамон хеле ба маврид қайд намуданд, ки “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшиаш шинохта мешавад”.

Маълум аст, ки тоҷикон либосҳои миллии гуногунрангро истифода мебурдаанд, ки дар асарҳои бостоншиносӣ, таърихнигорӣ, санъатшиносӣ ва мардумшиносӣ тасвир гардидаанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ дарак аз он медиҳанд, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим дорои либосҳои миллии хеш будааст ва онҳо яке аз аввалинҳо шуда, дар истеҳсоли матоъҳо рангҳои гуногунро истифода мекардаанд. Яке аз ин мисолҳо чакани тоҷикӣ шуда метавонад, ки аз тарафи созмони байналмилалии ЮНЕСКО ҳамчун фарҳангии моддии мардуми тоҷик эътироф гардидааст.

Одоби либоспӯшӣ муаррифгари меъёрҳои ахлоқӣ буда, эҳтиром гузоштан ба либоси миллии худ, нишондиҳандаи шинохти арзишҳои миллӣ ва аҷдодӣ аз тарафи соҳибони фарҳанг мебошад. Ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии мазкур иброз доштаанд, ки “Модарону бонувони мо - тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард”. Яъне, тоҷикон халқияте и бе фарҳанг нестанд, ки майл гаравидан ба фарҳанги бегона дошта бошанд. Нафароне, ки либоси бегонаро пӯшида, ба дигарон ҳам онро тавсия медиҳанд, аз фарҳангу маънавиёти худ бехабар ҳастанд.

Дар хусуси дорои тамаддуни бойи либоспӯшӣ будани миллати тоҷик як қатор сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мувофиқи ин сарчашмаҳо зиёда аз 700 навъҳои либосӣ миллии моро метавон ба қайд гирифт. Мисоли беҳтарин барои ин сарчашмаҳо китобҳои “Авесто”, “Шоҳнома”, асарҳои классикони қадим Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ ва асарҳои муҳаққиқони Шуравӣ ба монанди А.А. Бобринский, Н.Белинская Н. Ершова, З.А. Широкова, С.В. Иванов, Н.Юнусова, Д.Додхудоева, Ш. Абдуллоева, Ҳ. Содиқова, А. Аминова шуда метавонанд. Яке аз асарҳои илмии Широкова З.А. ва Ершов Н.Н. “Албоми либосҳои тоҷикон”, ки соли 1969 ба таб расида буд, хонандаро бо тарҳу намуди либосҳо, асосҳои зиннатӣ ва намунаҳои кашидаю гулдӯзии мардуми тоҷик шинос менамояд, ки дар ҳар тарҳу гулдузӣ фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст.

Таърих шоҳид аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллати хеш ба шумор меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса меояд. Мо худ шоҳид ҳастем, ки либоси миллии мардуми тоҷик вобаста ба минтақаҳои гуногуни ҷуғрофии кишварамон намудҳо ва шаклҳои беназиру бемисл дорад. Ҷаззобияти рангҳои пурҷиллои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон, зебогиву рангорангии атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлонзамин, гулдӯзиҳои нотакрори Рашт, ҳамаи инҳо муаррифгари мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба шумор мераванд. Пас, мо набояд, ин зебогиву гуногунӣ, ки як қисмати ҳуввияти чандинҳазорсолаи миллиамон ҳастанд, аз даст диҳем. Агар хуб назар афканем, ба осонӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки он либоси бегонае, ки хоҳарони тоҷики мо ба бар кардаанд, як зарра арзиши либоси миллии моро надорад. Ҷомаҳои аз сар то по сиёҳ боз ҳам даҳшатовар тобида, фазои хастакунанда ва торикро дар гирду атрофи он хоҳар эҷод мекунанд. Ҳамчунини дигар, либоси сатри ранга ҳам намуди зоҳирии хоҳари тоҷики онро ба бар карда номатлуб месозад. Зеро, зани тоҷик либоси миллии худро метавонад ба бар кунаду онро ба таври зебо ба атрофиён муаррифӣ намояд, аммо либоси бегонаро ба таври зебо муррифӣ кардан хеле мушкил аст, чун мо арзиши суннатии онро надониста бошем, чи гуна метавонем онро ба таври зебо ба дигарон нишон диҳем.

Фикр мекунам, ки ҳар як духтари тоҷик, ҳар як модари тоҷикро мебоист, ки ба фарҳанги либоспӯшӣ аҳамияти хоса зоҳир намояд. Ҳар як духтару модари тоҷикро мебоист, ки дар хусуси чаро бояд арзишҳои миллиамонро ҳимоя намоему фарҳанги бегонаро аз худ дур намоем, фикр кунаду ба наслҳои оянда ин арзишҳоро интиқол диҳад. Зеро, модарону момоёни мо ҳам мусалмон буданду, арзишҳои мусалмониро пос медоштанд, вале барои ин кор либоси бегонаро ба бар намекарданд. Кулли мардуми мусалмони ҷаҳон либосҳои гуногуни миллии худро доранд ва барои нишон додани мусалмонии худ лозим нест, ки либоси бегонаро ба бар намоянд. Пӯшидани либоси бегона ин танҳо нишонгари парастиши фарҳанги бегона, на нишондиҳандаи мусалмон буданамон ҳаст.

Либоси миллии ҳар як халқ, ганҷинаи гаронбаҳои фарҳанги умумибашарист. Маҳз бо таъсири ҷиҳатҳои пешқадами либосҳои миллӣ шакли имрӯзаи либосҳо пайдо шуд ва хусусиятҳои байналмилалиро гирифт. Либоси миллии тоҷикӣ ҷавобгӯйи тамоми талаботи ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва динии миллати мо буда, барои пӯшидани либосҳои миллии халқҳои дигар ягон ҳоҷате вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, ба фикр мо, либоси миллии тоҷикона ягон камбудие дар нисбати либосҳои миллии дигар халқиятҳо надорад ва хеле ба маврид мебуд, ки калонсолони ҳар як оилаи тоҷик дар масъалаи одоби либоспӯшии ҷавононро зери назорати худ гирифта, ба онҳо фаҳмонанд, ки ҳеҷ гоҳ аз фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон дур нараванду, ба тақлидкорӣ, бегонапарстӣ ва фарҳанги бегона майл нанамоянд; арзишҳои либоспӯшии миллиамонро пос дошта, ёдгориҳои аҷдодонамон, ки асрҳои аср арзи ҳастӣ доранд, ҳифз намоянду ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.