Имрӯз зодрӯзи яке аз бонуи донишманду бомаърифат, муҳаққиқи борикбину хушзеҳн, пухтакору серталаб - номзади илмҳои филология Некушоева Шаҳло мебошад, ки дар баробари фаъолияти илмиашон вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаровро ба ӯҳда доранд. Аз ин лиҳоз, аҳли кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандаров муаллима Некушоева Шаҳлоро ба ин санаи мубораки умрашон табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳатӣ, умри бардавом, тани нерӯманд ва дар фаъолияти илмиашон комёбиҳои нав ба нав ва фатҳи қуллаҳои баландтаринро таманно доранд. Бигзор хуршеди толеашон партавафшон ва баҳори умрашон бехазон боқӣ монад ва муваффақияту сарбаландӣ ҳамеша ҳамроҳашон бошад.
Матлабҳои дигар аз Институт
- НАУЧНОЕ СЛУЖЕНИЕ ЯЗЫКУ И КУЛЬТУРЕ: К ЮБИЛЕЮ ДОКТОРА ФИЛОЛОГИЧЕСКИХ НАУК, ПРОФЕССОРА ХУСРАВА ДЖАМШЕДОВИЧА ШАМБЕЗОДА
- Баргузории маҳфили илмӣ-адабии “Хирад” дар Институти илмҳои гуманитарии АМИТ
- АЗ НОАДОЛАТИҲОИ ТАЪРИХӢ БА АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
- номзади илмҳои филологӣ Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновнаро ба муносибати солгарди мубораки зодрӯзашон аз самими қалб таҳният мегӯянд.
- САБАҚИ ТАЪРИХ ДАР ПАРТАВИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ МИЛЛӢ