wrapper

Ҳақназар Имомназар - ходими илмии шӯъбаи

тадқиқоти иқтисодиёту иҷтимоиёти Бадахшони

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

 

НОҲАМОҲАНГИҲОИ ҶАҲОНБИНИИ ДИНӢ ВА ДУНЯВӢ ДАР ҶОМЕАИ КУНУНӢ

(андешаҳо дар атрофи мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин (9. 03. 2024)

Мулоқоти  навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо аҳли ҷомеа, бо таҳлилҳои мантиқӣ вазъи воқеии тафаккури ҷомеа, ки барои марҳилаи кунунӣ ниҳоят мубраму муҳим мебошанд, каминаро ба андешаронии ҷиддӣ водор карданд ва кӯшииш мекунам, чанде аз онро ихтисоран бо аҳли ҷомеа дар миён гузорам. Дар ин маврид бисёриҳо изҳори назар карданд, ки нишонрас ва бедоркунанда будани ин суханрониро нишон медиҳад. Ҳарчанд, шахсан аз ҳамватанонам, дар баробари ҳамовозӣ, шарҳи умумии нуктаҳои ишорашуда, ки ба он зарурате вуҷуд надорад, мисолҳои ҳаётӣ ва пешниҳодоти наву ошкороро аз рӯзгори воқеӣ бештар интизорӣ доштам.

Таҳлилу таъкидҳои Пешвои миллат дар мавриди муносибати давлати ҷавон ба арзишҳои динии миллат, бахусус, қобили андешарониҳои ҷиддитаранд, шахсан барои ман, ба ҳайси як ҳушдори ҷиддӣ ҳам ба назар расиданд.

“Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст”.

Аз манзари мо, сабабҳои чунин вазъ, яъне коҳиш наёфтани зуҳуроти нигароникунанда, аввалтар аз ҳама ба набудани андешарониҳои аҳли ҷомеа дар мавриди кӯшиши “ислоҳ ва тафсири таълимотҳои исломӣ” бо воқеиятҳои замони муосир, яъне зарурати “поксозӣ”-и он аз таассубу хурофоту каҷфаҳмиҳо дар тафсироти мухталиф вобаста мебошад.

Бояд дар назар гирифт, ки ба таълимотҳои ислом, дар тӯли замонҳо аз тарафи фақеҳону ходимони гуногунсатҳи динӣ, бо сарбориҳои зиёди берун аз рисолати аслии гаронбор шуда, то ҳадде онҳоро аз асли худ ба канор ҳам бурдааст. Оё дар ин амал фақат нерӯҳои хориҷӣ, адёни дигар ва ё омилҳои дохилӣ нақши бештар доштанд? Ба назари мо ҳар ду нерӯ саҳм доранд, вале саҳми нерӯҳои дохилӣ ба маротиб нақши бештар дорад. Яъне ходимони динии сатҳҳои гуногун, диндорони фанатик, зери пӯшиши дин барои манфиатҳои калонтари сиёсӣ (қудрату нуфус дар сатҳи ҳукумат) ва иқтисодии худ (ба даст овардани маблағи бештар), барои ҳар чӣ бештар дар тасаллути худ нигоҳ доштани мардуми одӣ, ҳатто ҳокимиятҳо нақши асосӣ доранд. Тибқи назарияи иддае аз олимон, чунин шеваи густариш, аслан аз оғози ислом, бино бар заруриёт ва иллатҳои айнӣ (объективӣ)-и ҳамон замон шуруъ шудааст, ки дар муборизаҳо барои қудрат, забти сарзаминҳои нав, мақом ва истифодаи дини ислом дар муқобил бо дигарандешон ҳам ҳамеша вуҷуд доштааст. Дар натиҷа иддае аз “соҳибони асили” ислом онро ба абзори хушунат, тарсу фишори равонӣ ва физикӣ дар муқобили дигарандешон, мушрикон, муртадон, кофирон, мулҳидон ва ҳатто дигарандешони дохили ислом истифода бурда, ҳанӯз ҳам талош доранд онро дар ҳамон мақоми “қудрат”нигаҳ доранд.

Яке аз адибони барҷаста, сиёсатмадори замони инқилоби машрутаи Эрон (авоили қарни 20) Маликушшуарои Баҳор, даҳ қарн пас аз қасидаи ҳакимонаи “Уқоби мағрур”- и Носири Хусрав, ки оқибати ҳама мағруриҳоро хеле ҳакимона “аз мост, ки бар мост” тасвир карда буд, низ ба ҳамин натиҷа мерасад, ки тамоми бадбахтиҳо “дар батни қавме, ки чизе ғайри ғурури беҷо надорад”, вале дар айни ҳол худро “шариф”-тарин қавм медонад, нуҳуфта аст;

Ислом, ки имрӯз чунин зору заиф аст,

аз ин қавми шариф аст,

На ҷурм зи Исову на таҳдид зи калисост,

аз мост, ки бар мост”. 

Бояд эътироф кард, ки дар адёни дигар (аз ҷумла адёни иброҳимӣ), чунин даъвоҳо (ошкоро), ки танҳо ҳама чизи мо  беҳтарин ва “ҳақтарин аст, дигарон ботилу кофиранд ва ба кофарон (ба асоси таълимотҳои ибтидоии ислом) ҳар чиз раво аст” ва ғайра аз миён бардошта шудааст.

            Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳти раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, муносибати неки давлат ба ҳама адёну мазоҳиб аз аввали истиқлолият вориди анъана шудааст, вале бо вуҷуди он вокунишҳо ва амалҳои ғайримантиқии зидди ин муносибати некхоҳона ҳамоно ба назар мерасанд. Мисли ҳамеша, тамоми проблемаҳои худро (мисли баъзе аз кишварҳои  ақибуфтодаи дигар) дар хориҷ аз ҷомеа меҷӯем, ”гуноҳи асосӣ”-ро ба сари бегонагон бор карданӣ мешавем, ки барои ину он мақсадҳои худ, моро ба “табъи дили худ” идораву истифода мекунанд, аз ҷумла ҷавонони моро ифротиву террорист месозанд ва ғайра далелҳои дигаре, ки ба мантиқ камтар созгорӣ доранд. Оё мо чун миллати бостонифарҳанг қудрати ташхиси неку бадро надорем, ки дигарон моро ба ҳар тарафе хоҳанд, савқ медиҳанд?

Алҳол ва бахусус, пас аз ҳамлаи интиҳории мудҳиш ва комилан бе мантиқу ақл, дар айни замон, амали хеле носипосона ба худи кишвари Руссия ва Ватани худӣ, ки дар вилояти Москва бо дасти чанд тан тоҷики ғарибу ночормонда анҷом дода шуд, ҳар касро мантиқан ба чунин натиҷа мерасонад. Аз назари мо, ин натиҷаи ҳамон тарзи тафаккури хоси суннатии мо аст, вале агар касе ба ин мувофиқ набошаду, назари дигар пешниҳод кунад, барои ҷомеа кумаки арзишманд хоҳад буд.

Ҳадафи мо бо овардани ин гуна мисолҳо касеро ба ташвиш андохтан, ё нақди муқаддасот ва арзишҳои динӣ ҳам нест, балки даъват аз тамоми шаҳрвандони маъмулӣ аст, то дар ҳадди тавони худ дар ин кори муҳим дилсӯзона саҳме бигиранд, ки онро худашон, ба хотири сарзамини падарон зарур мешуморад.

Мушоҳида ва таҳлили мавод нишон медиҳанд, ки дар як давраи муайян таълимотҳои исломӣ пуёӣ (динамизм)-и чандирии иҷтимоӣ, ё инъитофпазирии худро то ҳадде аз даст дода ва ба як маҷмуаи нормаҳои схоластикӣ табдил ёфта, бештари мушкилотро ба тақдир, ба худи пайравони он вобаста медонад. Дар Аврупо баръакси он дини христианӣ дар шакли ахлоқи протестантӣ, бо комплекси динӣ-ахлоқӣ, ки дар инсон сифатҳои ба монанди меҳнатдӯстӣ, исрофкорӣ, бовиҷдонӣ, ростӣ, муҳосибакорӣ ва ғайраро тақвият дода, ба пайдо шудани сармоядорӣ (капитализм) мусоидат кард.

Аз ин рӯ, Аврупо бо масири фишурда (интенсивӣ) ва Шарқ бо масири густурда, яъне экстенсивӣ ҳаракат карда, натиҷаи он пешрафти Аврупо ва ақибмонии Шарқ ба нисбати он анҷом ёфтааст. Аммо ҳамон ҷаҳони ғарб, маҳз ба “ислоҳ” ва пас рушди тафаккури ҷомеа диққат равона кард, ба олимону донишмандонаш роҳ боз кард,  шароит фароҳам сохт, то ки илмро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти воқеӣ рушд диҳанд, ки намунаи омӯзанда ҳам мебошад.

Ба ибораи дигар, пешрафти ҷаҳони ғарбӣ маҳз ҳамон пояи донишҳо (маълумот дар мавриди ҷаҳони хориҷ), илм (кашфу ихтирооти бо далелу таҷриба исботшаванда) ва маънавияти баланд (русӣ “духовность”), маълумоту таҷриба аст, ки дар ин роҳ ҳам пеш меравад.

Барои касе пӯшида нест, ки инсон ба амсоли тамоми дигар чизҳои ҳастии олам аз ду қисми баробар иборат аст, яке ҷисми физикии он ва дигар сувари ғайрифизикии он мебошад, ки ба номи рўҳ, равон, рўҳоният ёд мешавад. Яке дидашавандаю ламсшаванда ва дигаре диданашавандаву ламснашаванда, аввалӣ бар таҷрибаҳо, воқеиятҳо такя мекунад, дигаре ба олами тахайюл ва ниҳоят, яке бар дастовардҳои илмӣ, дигарӣ бар эҳсосоти ботинӣ ва ҳамин тариқ, олами воқеӣ бар ин пояи эътидол барқарор аст. Роҳи беҳтарини ин эътидол, мусолиҳа, зарурати гуфтугӯи доимии тамаддунҳо, ҷаҳонбиниҳо ба хотири ба ҳам омадани намояндагони мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои наздиктар кардани адён ба сӯи Худованди “ҳақиқӣ”, воҳид ва барои башар ягона, дар ин қарни муосир ва оянда аст, ки дар ин маврид низ ба таъкиди Пешвои миллат таъкид доштанд. Ҳамон Худованди “ҳақиқӣ” барои “исбот ё дифои худ” ба дастгоҳи динии пурқудрат, ба сохтору ниҳоди қавӣ, бо теъдоди зиёди ходимони сатҳи гуногуни динӣ, ба фидоиён ҷиҳодӣ, аслан ба ҳеҷ чиз ниёзе надорад. Шояд он барои табақаи ба ном “рӯҳониён”, ки худро ба ибораи мавҳуми “миёнрави байни халқу Худо” медонанд, манфиате дошта бошад, аммо равшан аст, ки аз иштибоҳоти калисои католикии қарнҳои миёна ҳам сабақи дуруст нагирфтаанд.

Ходимони гуногунсатҳи динӣ худи таълимотҳои онро дар ҳар гӯшаи дунё, ба хусус ҷомеаҳои исломӣ чунон мушкил, мураккабу печида кардаанд, ки  таълимотҳову ташреҳоти мухталифу бештар ба ҳам номувофиқ ва дур аз асли худ, бо қиссаҳову афсонаҳои моҳвароӣ рабт медиҳанд, ки ҳатто таълимдидагон ҳам онро сарфаҳм намераванд ва ҳар яке  ба таври худ ташреҳу тафсир мекунанд. Дар чунин вазъ он “ҳақиқатҳо”-е ҳам, ки дар ин таълимотҳо вуҷуд доранд, ақли инсони қарн 21, ки беш аз пеш, ба хиради инсонӣ, воқеиятҳо такя мекунад, дар дарки он дучори мушкилоти бештар шуда истодааст. Аммо ба назар мерасад, ки асли матлаб сари масъалаи истифодаи ақлонӣ аз таълимотҳои динӣ аст. Дар сураи Анфол (ояти 22)-и Қуръон дар ин маврид таъкиди дақиқе мавҷуд аст, ки “ҳар оина бадтарин инсонҳо, ё ҷондорон назди Худованд кару лолҳое мебошанд, ки ақли худро дар кор намеандозанд”.

Ба назари мо, тарс аз баёни ошкорои андешаҳо, назарҳо дар мавриди тафаккури миллӣ чандон аз охират ҳам нест, чуноне ки тасаввур мешавад. Шояд бештар бими инсонҳо барои аз даст додани ҳамин зиндагии моддӣ бошад. Зеро ҷангҳои динӣ, мазҳабӣ, ҳукми нобуд кардани мулҳидону мушрикон, кофирону дигарандешон ба номи дин, ки ҳамаи онро аз хотираи таърихӣ ба мерос бурдаем, ҳанӯз ҳам “бекор нашудаанд”.

Яке аз монеаҳои асосӣ дар тафаккури миллии ҷомеаи тоҷикистонӣ ин ба ҳадди беандоза баланд боқӣ мондани таассубгароӣ ва хурофот аст. Таассуб, яъне танҳо боварҳои худро “ҳаққи мутлақ” ва тамоми дигар ақидаву боварҳоро “ботил” донистан аст. Хурофа –хираф (к. арабӣ), яъне “хира” шудан, ё заволи ақл аст ва он ҷое, ки ақл аст, истифода надорад. Як иддае аз таҳлилгарон онро бемории мағзӣ ва фикрӣ ( ҳатто оғози бемории Алсгеймер, деменсия) ҳам медонанд. Бинобар ин, худи мусулмонон дар ҷомеаҳо ва дар замони мушаххас бояд пеш аз ҳама, ҷомеаро аз лиҳози фикрӣ ҷараёнҳои такфирии хориҷӣ, таассубварзии ифротӣ, оинҳои хурофотӣ ва ғайра носозгориҳоро поксозӣ кунанд. Зеро абаруқдратону манфиатхоҳон баръакс манфиатдоранд, ки ҳар қадар эътиқодот хурофотӣ, ҳар қадар таассуб сахттар бошад, барои онҳо истифодаи абзорӣ аз чунин тарзи тафаккур соддатар мешавад.

Имрӯз аз ҳар тараф ишораҳои ташвишоварро шунидан мумкин аст, ки гӯё дар нақшаи абарқудратон “ноором кардани Осиёи Марказӣ” “дар навбат” истодаааст. Чӣ вақт амалӣ мешавад, назарҳо гуногунанд. Ба назари мо, ин нақша аз низоъҳои ҷаҳонӣ, ба хусус, ҷанги Руссия ва Украина вобаста аст, ба ибораи дигар, агар Русссия дар ин низоъ ба ҳадафҳои худ расида тавонад, нооромии ин минтақа (ОМ) ба як замонҳои номаълум ба “таъхир меафтад”. Вале ҷомеаи мо набояд онро фаромӯш кунад, ки дар омода кардани чунин нақшаҳо ва ҳадафҳои ба худи қудратҳо дар замони муайян мувофиқ, дар ҷомеаи точикистонӣ, пеш аз ҳама ба “рафтор ва пухта расонда шудани табақаи диндорони ифротӣ”, таассубгароён такя хоҳад шуд. Зеро он дар “марҳилаи барои қудратҳо зарурӣ”, ҳамчун роҳи содатарин дар ташкили ҳар гуна беназмиҳо дар ҷомеа истифода шуда метавонад.

Агар пас аз ин гуфтаҳои нисбатан умумӣ ба ҷомеаи кунунии тоҷикистонӣ бозгардем, дида мешавад, ки алҳол ноҳамоҳангӣ, монеаҳо дар муносибати ҷаҳонбинии динӣ бо дунявӣ бештар дар масъалаҳои зерин боқӣ мондаанд, ки бояд дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дода шаванд:

  • мухолифатҳо байни демократияи маданӣ, дунявӣ ва “демократияи динӣ” ;
  • мухолифатҳо дар дарки суннатӣ-анъанавии маънавият ва тағйирёбии он зери таъсири равандҳои ҷаҳони мудерн, аз ҷумла либерализм (ҳаққи озодӣ) ҷаҳонишавӣ, постмодернизм (иддомаи модернизм) ва категориҳои дигари ҳокими замон;
  • таззод байни илму дин дар маљмуъ ва бахусус, таззоди ҷиддии дини ислом бо илм ва дастовардҳои он;
  • мухолифатҳое, ки аз дарку маълумоти ноқису якҷониба ва мухталиф дар тафаккури суннатӣ, нисбат ба падидаҳои “дунявият”(секуляризм), “давлати дунявӣ,”ҳуқуқи дигарон” ва ғайра бармеоянд;
  • таззод дар дарки мафҳуми ”озодии виҷдон” (эътиқодот) ва дарку “талабот”-и исломгароёни тундгаро дар ин маврид;
  • зиддияти байни қишри аксари ҷомеа, ки ҳуввияти исломии муътадил доранд, ва иддае, ки ҳуввияти исломиашонро танҳо бо бунёдгароии ифротӣ, “бозгашт” ба ибтидои ислом ва ташкили давлати исломӣ вобаста медонанд;
  • таззодҳо ба сабаби эътироф накардани “ҳақ”-и ҷаҳонбиниҳои ғайридинӣ, аз ҷумла дунявӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва озодиҳои дигар аз ҷониби исломгароёни “сиёсӣ” ва суннатӣ;
  • таззоди ҷиддии байни дарки таълимотҳои исломӣ бо адёну мазоҳиби дигар (эътироф накардан ва мансух (“бекор кардашуда” донистани) онҳо, ки ба шиддати бештари ташаннуҷ дар ҷомеаҳо анҷом меёбад.

Башарият ба хулосае расидааст, ки“демократия беҳтарин тарзи идоракунӣ набошад ва ё “низоми бад” бошад ҳам, вале алҳол “беҳтарин бад аст”, зеро аз тариқи имкони интиқоди озод, худ тасҳеҳкунанда, худ ислоҳшаванда аст ва аз ҳама маҳдудиятҳои идеологӣ, эътиқодӣ комилан озод аст. Ҳамчун падидаи ислоҳпазир ва ба қиёси адён, ходимони динӣ, фақеҳон, ки танҳо дар доираи боварҳои худ, таълимоти худ маҳдуданд, низоми демократии “худӣ” (бо мушаххасоти худ дар кишварҳои мухталиф) қобили интиқод мебошад, вале қобли шак намебошад. Дар ҳамаи кишварҳои исломӣ, дар умум, ходимони динии онҳо бо низоми демократӣ мухолифатҳои ҷиддӣ доранд. Зеро демократия дар пояи ҳамон мафҳуми “озодӣ ба ҳуқуқ” қарор дорад ва тамоми тарси ходимони адёни сохторӣ шуда, аз ҳамон шаффофият аст, ки “ҳақиқатҳои ҳар тарафро” ба тариқи нақд ошкор месозад. Табақаи ходимони динӣ бештар аз расонаӣ шудани фаъолияти худ, ки ошкоро шудани иштибоҳот ва “сирҳояшон”ро имконпазир месозад, ба низоми дунявӣ демократӣ дар ҳолати “ҷанги доимианд”, дар ҳоле, ки шаффофият дар ниҳоят барои тамоми тарафҳо муфид аст.

Зарур ба таъкиди хос аст, ки инсоният қарнҳо ба ин тараф масири боэътимод ва ояндаро тай ва таҷриба карда, ба натиҷа расидааст, ки илм, кашфиёту ихтироот, дониш аз воқеиятҳо ҳалли ҳама мушкилоти тафаккурӣ, аз ҷумла ислоҳу рушди он мебошанд. Дар ин робита зикри дақиқи нависандаи қарни 9-и форс-тоҷик Кайковус, дар “Қобуснома”, “маориф чеҳраи ақл аст”ро ба умеди идомаи андешарониҳои баъдӣ дар ҷомеаамон, дар мавриди тафаккури миллӣ ба маврид мешуморем.

 

Маводҳои дигар дар ин бахш: « ХЛЕБ – ВСЕМУ ГОЛОВА О КНИГЕ »