ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ
Имрӯз Мактаби Муттаҳидаи Техникии ТҶММ-и ВМКБ дар бинои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ, Институти биологии Помир ва Институти кишоварзии Помир чорабинии варзишӣ аз намуди шоҳмот ва дастхобонӣ гузаронид.
Дар мусобика кормандони се муассиса дар намудҳои шоҳмот, дастхобонӣ ва теннис бо шавқу хаваси калон ва як рухияи варзишӣ маҳорати худро нишон доданд. Албатта, ғолибон аз намуди ин се мусобиқа низ буданд, ки сазовори ҷоизаҳои пулӣ аз тарафи Мактаби Муттаҳидаи Техникии ТҶММ-и ВМКБ гардиданд, вале муҳимтарин ғалаба дар давоми ин мусобиқаҳо дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кормандони се муассиса дониста шуд.
Вобаста ба ин рӯйдод, Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров кормандони се муассисаи илмии номбаршударо бо ғалабаи муҳимтаринашон табрику таҳният мегӯяд ва ҳамагонро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдардӣ, ҳамкории судманду дӯстии содиқона даъват менамояд.