wrapper

Азорабеков С. Қ. - номзади илмҳои филология, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон

 ИНСОНДӮСТӢ - ЯКЕ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сермуҳтавоии худ аз паёмҳои солҳои қаблӣ бартарӣ дошта, дар он масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки ироаи он зиёда аз се соат идома ёфт ва аз ҷиҳати давомнокии худ ҳам аз паёмҳои пешин тафовут дорад. Ин бартариятҳои Паём аз он шаҳодат медиҳанд ва аз муҳтавои он ҳам бар меояд, Тоҷикистони азизамон ба таври бесобиқа дар тамоми соҳаҳои ҳаёт рушд карда истодааст ва масъулияту вазифаҳо ҳам, бахусус дар раванди таҳаввулоти ҷаҳонӣ дар оянда зиёдтару мураккабтар мегарданд.

Аз ҷиҳати мавзӯъву муҳтаво ва масъалагузорӣ ҳам Паёми имсола хеле серпаҳлу ва фарогир аст. Яке аз мавзӯъҳои меҳварии Паём, ки банда аз он дарёфтам, ин инсондӯстӣ, инсонсозӣ ва инсонсолорӣ мебошад. Суханронии Пешвои миллат дар ин мавзуъ хеле ҳакимона, падарона ва насиҳатомӯзона манзур гардида, воқеан дилҳои ҳамагонро тасхир намуд ва ҳозирин бо эҳсосоти қалбӣ бо кафкубиҳои бардавом онҳоро истиқбол намуданд. Дар маркази диққати Сарвари давлат чун ҳамешагӣ навозишу дастгирҳои қишри осебпазири ҷомеа, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ва дигар ниёзмандон қарор дошт. Дар даврони Истиқлолият бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, баҳри амалӣ гаштани онҳо чораю тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар Паёми навбатӣ ҳам ин масъала бори дигар баррасӣ гардида, Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ин амали хайр ва инсондӯстона равона намуд. Ӯ дар ин кори хайру пурсавоб барои ҳамагон ҳамчун намунаи ибрат зикр намуданд, ки “ман ҳар ҷойе, ки сафар мекунам, аввал аз ҳолу аҳволи ятимон хабардор мешавам. Ятимони мо худро ятим ҳам эҳсос намекунанд”.

Дар самти дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, ҷиҳати барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб, таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ Пешвои миллат андешидани чораҳои мушаххасро зарур донистанд.

Чун дар паёмҳои ҳамасола, дар паёми навбатӣ ҳам ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеаи мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Пешвои миллат мақоми занро ҳамчун модар дар тарбияи насли ояндасоз ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин хеле муҳим арзёбӣ намуда, бо самимияти хоса зан- модарро чун офаринандаи насли башар ситоиш намуд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки модар ҳамеша тайёр аст, ки барои фарзанд тамоми ҳастияшро фидо кунад, то ӯро ба камол расонад. Модар махзани меҳру муҳаббат аст, аз ин рӯ меҳри модар аз дили фарзанд то вопасин нафас ҳам берун намешавад ва дар дами марг ҳам “модар” мегӯяд.  Пешвои миллат бо эҳсосоти қалбӣ дар бораи ҳурмати падару модар ҳарф зада, таъкид доштанд, ки файзу баракати инсон аз ҳурмати падару модар сарчашма мегирад. Ҳурмати падару модар ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо қарзи фарзандии ҳар як шахс ва яке аз суннатҳо ва рукнҳои инсондӯстии миллати мутамаддини тоҷик буда, аз гузаштагони мо ба мо мерос мондааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахстини ба сари роҳбарии давлат омаданашон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, пайваста таъкид мекунанд, ки танҳо зани бомаърифат ва таҳсилкарда метавонад фарзанди бомаърифату хушахлоқ, худогоҳ ва ватандӯстро тарбия намуда, ба камол расонад. Бинобар ин, ба таҳсилу илмомӯзӣ фаро гирифтани духтарону занон яке аз масъалаҳои муҳим ва талаби замон ба ҳисоб меравад. Дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз мақоми зан- модар дар ҷомеа боис шуд, ки бонувони тоҷик имрӯз дар баробари модару ҳамсар будан, дар арсаи сиёсату роҳбарӣ, мақомоти давлатӣ, соҳибкорӣ ва тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, маорифу тандурустӣ фаъолияти босамар доранд.

Дар давоми давлатдории навини тоҷикон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардондани нақши онҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қарору қонунҳо, Стратегияи миллӣ, барномаҳои давлатӣ, консепсия, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулу ба тасвиб расиданд, ки барои мавқеъ пайдо намудани занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат намуданд. Ин санадҳо дар самти баланд бардоштани нақши занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ заминаи асосӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ, муҳтавои Паём саросар ба мақоми инсон ва озодии ӯ, рушди сармояи инсонӣ нигаронида шудааст, зеро маҳз, ба қавли коршиносон инсон бо қобилияти фитрии худ қодир аст ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад. Ё, ҳар ҷомеае, ки ба сифати сармояи бунёдӣ дар рушди давлатдории худ ба сармояи инсонӣ такя менамояд, қодир аст ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад.  Пешвои миллат дар робита ба ин чунин иброз доштанд: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бе рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму иноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”.

 Пешвои миллат дар самти рушди сармояи инсонӣ нақши соҳаи маорифро аввалиндараҷа дониста, онро омили муҳими бунёди миллати мутамаддин маҳсуб донист. Ӯ таъкид намуд, ки “дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, бахусус ба вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Бо ин мақсад устувор гардондани минбаъдаи хизматрасонии иҷтимоӣ, рушд додани маориф ва илму маърифат ҳамчун рукнҳои асосии инкишофи нерӯи инсонӣ, ҳифзи саломатии инсон ба ҳайси боигарии давлат, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як инсон ба мақсад мувофиқ аст.

Ғамхорию дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум андозаи нафақа, маоши кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин стипендияҳо ҳамасола баланд бардошта мешавад. Аз ҷумла, дар Паёми имсола ҳам Пешвои миллат ҷиҳати идома додани ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд:

  • аз якуми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шавад;
  • аз якуми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад;
  • инчунин, аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
  • ҳамзамон, бо иназ якуми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки дар асоси андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди озодонаи он, рушди бемайлони захираҳои инсонӣ ченаки дарозумрии аҳолӣ батадриҷ боло рафта истодааст. Масалан, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дарозумрии аҳолӣ, ки яке аз ченакҳои рушди сармояи инсонӣ дониста мешавад, 75 сол арзёбӣ гардида буд ва фавти модару кӯдак дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.

Дар Паёми соли 2021 Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “ соли 2020 дарозумрии аҳолӣ ба 75, 1сол баробар шуд”. Вобаста ба ин масъала дар Паёми навбатии соли 2024 иброз гардид, ки дарозумрии аҳолӣ ба 76, 3 сол расидааст.

Тавре аз ин маълумот бармеояд, натиҷаҳо дар самти беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум назаррас буда, тадриҷан боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Пешвои миллат дар ин маврид аз табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз, боду ҳавои тоза ва обҳои мусаффои зулулоли он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки истифодаи оқилонаи одамон аз ин неъмати бебаҳои худод метавонад ба саломатии онҳо таъсири мусбию ҷонбахш расонад ва имкон дорад, ки дарозумрии аҳолӣ дар кишвар ба 100 ҳам  сол расад.

Соли 2024 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахтномаи миллат ва сарчашмаи ҳамаи саодатҳои мардуми кишвар аст, таҷлил мегардад. Сарвари давлат дар робита ба ин зикр намуданд, ки “амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ ва вадати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иҷтимоии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шавад”.

Маврид ба зикр аст, ки чунин тадбир ҳам барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ин замина барои таъмин намудани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як инсон  ва инкишофи озодонаи ӯ ва  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ мусоидат мекунад.