Яке аз кормандони пурмаҳсули шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Мамадшерзодшоев Умед Шозодамамадович бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дастовардҳои илмӣ дар самти таҳқиқи мавзуи “Таърихи афкори илмӣ ва мактабҳои омӯзиши Бадахшон дар асрҳои XV-XIX” сарфароз гардид. Дар робита бо ин руйдоди муҳим Раёсат, ходимони илмӣ ва ҳамаи кормандони Институт Умед Шозодамамадовичро табрику таҳният намуда, хоҳони онанд, ки чунин ифтихорномаҳои пурарзиши ҷодаи илмро бештар сазовор гарданду, илми тоҷикро бо дастовардҳои арзишмандаш пурраву ғанӣ гардонанд.
Матлабҳои дигар аз Институт
- ПЯТЬ ЛЕТ НАУЧНОГО РАЗВИТИЯ: ИТОГИ РАБОТЫ ИНСТИТУТА ГУМАНИТАРНЫХ НАУК НАНТ
- 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Флаг Таджикистана – трехцветный символ свободы и независимости
- ПАРЧАМИ ПАРТАВФИШОНИ МИЛЛАТ –САРИ БАЛАНДИ МОСТ
- Ҷашни мавлуди доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ муборак бошад!!!