Муҳтарам Фарҳод Қодир!
Шумо аз ҷумлаи он фозилонед, ки комёбиҳои назарраси илмии давлатии мо бо онҳо алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои фаъолияти илмиву роҳбарии худ Шумо сазовори нуфузи роҳбари кордону ғамхор гардида, ба қуллахои баланди касбӣ расидаед. Шумо соҳиби истеъдоди баланди фикрронии илмию эҷодие ҳастед, ки қобилияти ҷалб намудани шогирдону пайравони боистеъдодро ба мадори фаъолиятҳои гуногунҷабҳа дорад ва ҳар як мо шоҳиди ин падида ҳастем.
Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо шӯҳрат ва эътироф, ояндаи дурахшон, таваҷҷӯҳи шоиста аз аҳли илму ҷомеа, саломатии бардавом, нерӯи бекарон, лаҳзаҳои дурахшони ҳаёт ва бахту саодати бузурги инсониро таманно дорем!