Охонниёзов В.Д. Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон. Китоби аввал:
Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон. - Душанбе: Сифат-Офсет, 2022. - 328 с.
Муҳаррири масъул
доктори илмҳои филологӣ
Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович
Зери назари доктори илмхои филологӣ
Қаландариён Ҳоким Сафар
Бадахшон сарзамини бостонии тоҷикон ва макони фарҳанги гузаштагони миллати тоҷик буда, он бо махсусиятҳои ҷуғрофӣ, гуногунии табиат, хусусиятҳои лингвистӣ, нозукиҳои фарҳангӣ ва тааллуқоти эътиқодии худ ба як кишвари афсонавӣ мубаддал шудааст. Нобаладии пурра бо чунин махсусиятҳо боис мегардад, ки чеҳра ва мавқеи ин сарзамин дар рушди фарҳанг, одоб, ахлоқ ва тақвияту тарвиҷи арзишҳои миллӣ пурра манзур намегарданд. Адабиёт, ки ба ҳайси пештозтарин воситаи тарғиби арзишҳои умумибашарӣ, аз як тараф, ва калиди дарки зебоӣ, аз тарафи дигар, баромад мекунад, низ дар ин сарзамин нақш ва вазифаҳои худро дорад. Шигифт ин аст, ки маҳз адабиёти форсии тоҷикӣ тафаккури бадеӣ ва андешаи зебоишиносии сокинони ин сарзаминро ташаккул додааст ва он дорои махсусиятҳои мундариҷавӣ ва шаклии худ мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҳаматарафаи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон боиси дарки пурраи аҳаммияти он дар ташаккули хувияти миллӣ ва худшиносии фардии сокинони ин сарзамин мегардад. Таҳлили густурдаи ин адабиёт боиси пуррагии таърих ва назарияи адабиёти тоҷик мегардад. Китоби аввали силсилаи “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” ба ҳайси мадхали омӯзиш ва пажӯҳиши мавқеву мақоми адабиёти форсии тоҷикӣ, ки ба манзалати забони форсии тоҷикӣ бо тафаккур, фарҳанг ва эътиқоди мардуми ин сарзамин тавҳам аст, баромад намуда, дар он масъалаҳои умдаи марбут ба таъриху фарҳанг, забону адабиёти дар ин сарзамин роиҷбуда сухан меравад.