wrapper

28 декабри соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои зиёди директори институти номбурда, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар таъсис ёфта буд, нахустин бор дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дифои рисолаи номзадии Назаршоева Чилла Раҳимбековна – мудири шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ дар мавзуи “Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда шугнанского языка” баргузор гардид. Унвонҷӯ тадқиқоти илмиро таҳти роҳбарии номзади илми филология Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар доираи шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ ба анҷом расонида, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ 28.12.2022 бо муваффақият дифоъ намуд.

Аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Интситути илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, аз ҷумла, доктори илми филология, профессор Офаридаев Назрӣ, доктори илми филология, профессор Мамадназаров Абдусалом, доктори илми филология Аламшоев Муқбилшо ва дигарон изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои мазкур як падидаи таърихан муҳим барои илми ВМКБ буда, мақоми Институти илмҳои гуманитариро аз ҷиҳати илмӣ дар арсаи минтақавӣ боз ҳам баландтар мебардорад. Институт дар давоми беш аз 30 соли мавҷудияташ барои минтақа кадрҳои зиёди илмиро омода карда истодааст ва алъон бо таъсис додани Шурои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ шароити мусоид барои дифоъ намудани рисолаҳо аз рӯи ду ихтисос 5.9.2. Адабиёти ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои мамолики хориҷ (забонҳои помирӣ) фароҳам оварда шудааст.