Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ халқи тоҷик ба сарзамини бегона дастдарозӣ накардааст. Баръакс дар таърих ҳодисаҳои зиёде рух дода буданд, ки сарзамини тоҷикон аз тарафи аҷнабиён тассарруф гардид ва мутаассифона тоҷикон бисёр сарзаминҳои таърихии худро аз даст доданд. Ва мо бояд хамагон аз як тараф аз таърих сабақ бигирем ва нагузорем, ки боз як порчаи дигари сарзамини тоҷик аз даст равад. Вале аз тарафи дигар дар ҳар давру замон ҳар як ҷангу муноқиша сабаб, баҳона ва натиҷаҳои худро дорад. Агар ба авзоъи сиёсии ҷаҳони имрӯза назар андозем кишварҳои абарқудрат барои манфиатҳои геополитикии худ шуда ҷаҳонро ноором месозанд ва бозии калони шоҳмоти худро «Большая шахматная игра», ки сад сол муқаддам оғоз намуданд идома дода истодаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки зиёда аз сад сол аст, ки кишварҳои абарқудрат аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳудуди Аврупо ва Осиё ҷангҳою нооромиҳо барангехта истодааст. Аз ин хотир кишварҳои Аврупо ва Осиё бояд аз таърих сабақ гиранд ва доимо дар ҳамдигарфаҳмию фазои сулҳу салоҳ умр ба сар баранд.
Таърих гувоҳ аст то замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор буд дар бисёр мавридҳо сади роҳи ИМА гашт, гарчанде ки худаш дар масъалаи тақсимоти марзии ҳудудии собиқ ҷумҳуриҳои СССР ба хатогиҳои калон роҳ дод ва алҳол муноқишаҳои сарҳадӣ ҳали худро наёфта истодаанд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва алҳол баъзе кишварҳои хориҷ ният доранд, ки дар собиқ «ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» доимо нооромиҳо бошад то ки онҳо таъсиру нуфузи худро дар ин кишварҳо барқарор намоянд.
Аз ин хотир ин ҷангҳои таҳмилӣ аз тарафи кишварҳои хориҷӣ ташкил шуда истодаанд. Бинобар ин мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар фазои сулҳу амонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар барем.
Таърих гувоҳ аст, ки тамоми ҷангҳою нооромиҳо оқибат бо музокироту гуфтушинидҳо анҷом меёбанд. Бинобар ин роҳи ҳалли муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро мо фақат дар музокирот, дар гуфтушунидҳои пай дар пай мебинем.
Мо сиёсатмадор нестем ва қудрати аниқу амиқ таҳлилу таҳқиқи авзоъи сиёсӣ надорем. Мо як кормандони оддием ва фақат хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар барем ва хотирҷамъона кору фаъолият кунем. Хуллас, мо толиби сулҳем!
А. Шоинбеков Мудири шуъбаи таърих ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. И. Искандарови АМИТ.