Имрӯз ба хотири баргузории ҷашни байналмилалии забони модарӣ ба ҳам омадаем.
Таҷлили ин ҷашн аз чанд ҷиҳат барои мо азизу муқаддас аст.
Аввалан, ба хотири пос доштани хотираи неки ҷавонони бо нангу ори бангладешӣ, ки 21-уми феврали соли 1952 барои ҳимояи забони модариашон зидди сиёсати онвақтаи кишварашон баромада, талабгори ба забони банголӣ додани мақоми давлатӣ шаҳид шуданд. Маҳз ҳамин тазоҳуроти онҳо буд, ки баъди чаҳор сол, соли 1956 забони банголӣ мақоми давлатиро гирифт. Ба хотири ин рўйдоди таърихӣ 17-уми ноябри соли 1999 дар конференсияи умумии ЮНЕСКО қарор қабул гардид, ки мутобиқи он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола 21 феврал бо мақсади пешрафти гуногуншаклии забониву фарҳангӣ ин рўйдод ба ҳайси ҷашни байналмилалии Рўзи забони модарӣ таҷлил мегардад. Дар навбати худ Ассамблеяи генералии СММ соли 2008-умро соли байналмилалии забонҳо эълон дошт.
Сониян, дар ҳудуди имрўзаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари забони миллӣ, ки забони модарии сокинони навоҳии Дарвозу Ванҷ ва як қисми мардуми Ишкошим аст, ҳафт забони мансуб ба забонҳои шарқи эронӣ бо гўйишҳои худ (шуғнонӣ, рўшонӣ, язгуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, ишкошимӣ (ринӣ) ва вахонӣ дар ҳукми истеъмоланд. Инчунин аз ин оила забони сариқулӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой ва забонҳои санглеҷӣ ва мунҷонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии исломии Афғонистон мавҷуданд. Таассуфовар аст, ки забони санглеҷӣ дар зинаи охири мирандагӣ қарор дорад. Ба ифтихори ин ки ин забонҳо дар ҳудуди Бадахшони таърихӣ муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии мардумони ин сарзаминро таъмин менамуданд, ҳифз, рушд ва зинда нигоҳ доштани онҳо вазифаи ҷонӣ, қарзи виҷдонӣ ва фарзи имонии мову шумо мебошад.
Солисан, забонҳо воситаи пурқуввати ҳифзу рушди мероси моддиву маънавии мо ҳастанд. Тибқи арзёбиҳои ЮНЕСКО ниме аз тақрибан 6 ҳазор забони дунё мумкин аст ба зудӣ охирин гўяндагони ба забони модарии такаллумкардаи худро аз даст бидиҳанд. Ҳар ду ҳафта як забон дар ҷаҳон нопадид мешавад ва мероси фарҳангиву маънавии комиле бо худ ба ҳамроҳ мебарад. Ба хотири ҳифзу зинданигоҳдории расму русуму сунани милливу маҳаллии худ ва ба ҷаҳониён мерос гузоштани фарҳанги қадимаву бойи аҷдодиамон ин забонҳо бояд аз нобудшавӣ эмин бошанд.
Чаҳорум, ба андешаи хирадмандонаи Пешвои Миллат «забони ҳар халқу миллат воқеан ойинаи рӯзгори миллат, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги мардум мебошад. Ба ин далел забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад». Бояд иқрор шуд, ки маҳз забонҳои помирӣ боиси ташаккули миллати тоҷик дар адвори мухталиф гардида буданд. Аз ин рў омўзиши илмии ин забонҳо масъалаи ниҳоят муҳимии чи илми забоншиносӣ ва чи илми таъриху мардумшиносӣ мебошад. Ҳақ ба ҷониби шарқшиноси варзида Е.Э.Бертелс: «Ба мафҳуми пурраи готҳо олиме расида метавонад, ки албатта, дар баробари донистани забони худ авастоӣ, гот ва ведҳо хуб донистани забонҳои қисмате аз забонҳои зиндаи эронӣ, махсусан забонҳои бехати помирӣ бархурдор бошад».
Охиран, ба қавли Ҷаноби Олӣ «мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикӣ дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд», пас забони форсии тоҷикӣ барои маскунони мухталифзабони Бадахшон натанҳо чун воситаи муколама ва муоширати байниҳамдигарӣ аз қадим будааст, балки он забони фарҳангу дониши маскунони Бадахшон ва болотар аз ҳама, ин забон – забони эътиқоди ин мардум маҳсуб мешуд. Забонҳои помирӣ, дар навбати аввал, воситае барои омўзиши забони давлатӣ ва, дар навбати баъдина, воситаи бойтару рангинтар гардонидани фонди луғавии забони тоҷикӣ бояд хидмат намояд.
Ба кори имрўзаи мизи мудаввар тавфиқу барор хоҳонам».
Дар суханронии худ Раиси ВМКБ, муҳтарам Ёдгор Доёрович ба ташкилкунандагони ин чорабинии илмӣ изҳори сипос намуда, аз ҷумла чунин ибрози назар намуданд:
«Аввалан ҳамаи шумоёнро ба муносибати таҷлили ҷашни фарҳангии кишвари мо – Рўзи забони модарӣ табрику муборакбод менамоям. Ба шумо саломатӣ, тавфиқу бурдборӣ дар корҳои илмиятон хоҳонам.
Бояд тазаккур дод, ки Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи илмии бонуфуз дар ВМКБ мебошад, ки ба таҳқиқу омўзиш ва ташвиқу тарғиби забону адабиёт, таъриху фалсафа, фолклору ҷаҳонбиниҳои диниву мифологӣ ва иқтисодиёти Бадахшон сару кор дорад.
Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин суханрониҳои худ дар бораи ҳар чи бештару беҳтар ба омўзишу таҳқиқи таъриху фарҳанг ва махсусан забонҳои помирӣ даст задани муҳаққиқону донишмандонро талаб менамуданд. Ташкили чунин муассисаи илмӣ низ сарчашма аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҷаноби Олӣ ба ин сарзамини афсонавӣ ва мардумони ориётабор мегирад.
Маълум аст, ки забондонӣ аз нишонаҳои асосии шахсияти бофарҳанг аст. Забонҳои ба истилоҳ помирӣ зиёда аз сад сол мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи махсуси олимони бумиву хориҷӣ қарор гирифтаанд. Дар садаи бистум баъзе омилҳои харобкор қувват гирифтанд ва боиси он гардиданд, ки забонҳои помирӣ шахшудаву беҳаракат монданд. Аз маводди бойгонӣ маълум мегардад, ки ҷонбозиҳои Қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур дар зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ беназир будааст ва ҳамчунин шиканҷаҳои аз сар гузарондаи шоир ва донишманди маҳбубамон Нодир Шанбезода низ маҳз аз зиёд ташвиқ кардан ба омўзиши забонҳои помирӣ ва махсусан забони шуғнонӣ будааст. Имрўз дида мешавад, ки ба шарофати Истиқлолият ба мо муяссар шуд, ки забони модарии худро ҳифз кунем, зеро имкони ҳифзи забони модарӣ дар ин шароит хеле бештар аст. Ҳоло давлат ва қонун пуштибони забонҳои маҳаллист. Ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ дар зинда нигоҳ доштани забонҳои помириву яғнобӣ аз чашми ҳеч кас пўшида намондааст. Бо талошҳои поквиҷдонаи Сарвари Давлат ҳифзи забонҳои помирӣ ва таъмини рушду такомули онҳо вазифаи бузурги давлатӣ гардидааст. Аммо вазъи забонҳои маҳаллӣ ҳеч гоҳ беҳтар намешавад, агар принсипҳои илмии омўзиш ва методу методологияҳои таҳқиқи илмии онҳо хуб ба роҳ монда нашаванд.
Агарчи хеле хушбин ҳастем, ки мақоми забонҳои помирӣ дар доираҳои илмиву адабии ВМКБ боло хоҳад рафт, аммо таассуф аз он дорем, ки имрўз ба таври бояду шояд ин масъала таҳқиқ нашуда истодааст. Тоҷикони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз халқҳои фарҳангофарин ва мутамаддин маҳсуб меёфтанд ва ин саодат ба ин сабаб даст додааст, ки қишри басаводи ҷомеа сершумор ва қавӣ будааст. Имрўз дар ин дунёи мутағаййир танҳо аз рўи санад ва диплом саводнок будан кофӣ буда наметавонад, бояд дар воқеъ дар сатҳи умумиҷаҳонӣ саводи умумиву тахассусии худро баланд бардорем ва хушҳолем, ки пажўҳиш ва омўзиши забонҳои помирии Бадахшони таърихӣ беш аз як қарнро дар бар мегирад.
Аз таваҷҷуҳи хориҷиён ба Бадахшон ва маънавиёти ҳаргуна забони он хулосаи дигаре бармеояд, ки боиси пойдории мақоми байналқавмию байналмилалии забони тоҷикӣ мегардад ва сабабаш ин аст: ҳар пажўҳишгари помиршиноси хориҷа хуб дарку эҳсос мекунад, ки дар муҳити серзабонаи Бадахшон сараввал донистани забони байналмақомии тоҷикӣ барояш ҳатмист, то ин ки тавассути корбурди он ба хислатҳои забонҳои таҳҷоӣ ва арзишҳои маънавии сирфи помирӣ сарфаҳм равад ва бо чунин усул ба мақсади хеш ноил хоҳад гашт.
Ин аст, ки нияти пешакии тадқиқи забонҳои помирӣ аз ҷониби хориҷиён аз омўзиши забони тоҷикӣ оғоз ёфта, тадриҷан ба донистани ин ё он забони помирӣ оварда мерасонад ва чунин кору рафтор барои соҳибони забонҳои помирӣ аҳаммияти тарбиявӣ ҳам дошт, яъне ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам забони модариро бояд донист ва пос дошт.
Ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар радифи адабиёти бадеии Бадахшон адабиёти помиризабони муаллифӣ рў ба пойдорию устуворӣ ниҳод, ки аҳаммияташ барои таърихи тамаддуни халқи тоҷик ва худшиносии он хеле муҳим мебошад, чаро ки иқдомгузории қавмҳои ориёии шарқӣ суғдиён, бохтариён ва сакоиён дар ташаккули халқу миллати тоҷик бори дигар бо арзишҳои навини фарҳангӣ ба исбот мерасад.
Дар охир бори дигар шумо – парчамбардорони илми кишвари маҳбубамонро ба баргузории чунин ҷашни бошукўҳи фарҳангӣ муборакбод мегўям, ба кори мизи мудаввар муваффақият таманно дошта, ба ҳар яки шумо хидмати бовиҷдонона, тавфиқу бурдборӣ дар фаъолияти илмиву ҳаёти шахсӣ, тафоҳуму ҳамдигарфаҳмӣ дар коллективу муҳаббати хосса дар оила ва офиятиву амонӣ дар ҳаёти ҳаррўзаатон хоҳонам».
Ҳамчунин суханрониҳои пурмуҳтавои кормандони илмии Институт дар бораи муҳимтарин масъалаҳои омўзиши забони модарӣ Муқбилшо Аламшоев («Аз таърихи пайдоиши истилоҳи «забонҳои помирӣ» ва таҳияи алифбоҳо ба ин забонҳо»),
Назрӣ Офаридаев («Мақоми сотсиолингвистии забонҳои помирӣ»),
Шаҳло Некушоева («Аз таърихи омўзиши забонҳои помирӣ»),
Муслима Броимшоева («Ҷиҳатҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳхои помирӣ»), Дорғабек Фозилов («Мафҳуми лаҳҷа ва забон (дар мисоли забонҳои помирӣ)»), Шоназар Мирзоев («Вазифаҳои овозҳои «хъ» ва «ш» дар луғати забони шуғнонӣ»), Абдулназар Абдулназаров («Аз таърихи таълифи осори бадеӣ ба забонҳои помирӣ») шунида шуд.
Последнее изменение Якшанбе, 24 Апрел 2022