Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология,
сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ
МАСЪАЛАҲОИ БАҲСТАЛАБИ ИМЛО БА ПАЖУҲИШҲОИ АМИҚ НИЁЗ ДОРАНД.
Рӯзҳои охир баҳсҳое , ки дар атрофи имлои забони тоҷикӣ авҷ гирифтаанд, бештар ба инъикоси садонокҳо дар хат иртибот мегиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ тезу тунд шуда. иддае забоншиносонро ба “бесаводӣ”, иддаи дигар забоншиносонро ба “маҳалгароӣ” айбдор мекунанд. Чун забони адабии тоҷикӣ ба марҳалаи нави рушд дохил шуда вазифаҳои ҷамъиятии он чун забони давлатӣ васеъ гардид. Ба вуҷуд омадани баҳсҳо дар атрофи имло як амри табиист. Дар илм вуҷуд доштани баҳс дар атрофи масоили забони адабии муосири тоҷикӣ низ як амри табиист. Тавре маълум аст, қоидаҳои имлои ҳар як забон дар асоси принсипҳои муайяни забоншиносӣ коркард шуда, асосҳои илмии он муайян карда мешавад. Дар хат ифода намудани низоми овозии забони адабӣ бояд ба далелҳои таърихи забон, ҳолати имрўзаи забон, моҳияти амалии имло, мушкилоти таълими он ва татбиқи имло дар низоми фонологӣ ва сарфии забон иртиботи зич дошта бошад. Ба ибораи дигар, имло симои забонро бояд тавассути аломатҳои графикӣ тасвир намояд. Дар имло вижагиҳои таърихии забон, системаи фонологии он аз назари таърихӣ ва ҳолати ҳамзамонӣ ва низоми сарфии забон бояд инъикос ёбанд.
Имлои забони тоҷикӣ низоми қоидаҳои навишти калимаҳоро дар бар мегирад ва аз бахшҳои зерин иборат аст:
- инъикоси таркиби овозии калима тавассути ҳарфҳо;
- якҷо, ҷудо, бо нимтире навиштани калимаҳо;
- истифодаи ҳарфҳои калон ва хурд;
- аз сатр ба сатр гузарондани қисми калима;
- калимаҳои мухтасаршуда (ихтисораҳо).
Ҳар яке аз ин бахшҳо ба принсипҳои муайян асос меёбад, ки дар низоми имло инъикос меёбанд.
Илова бар ин ҳар як принсип гурӯҳи муайяни қоидаҳоро дар бар гирифта, ба ҳодисаҳои мушахаси забон асос ёфтаанд.
Масъалаҳои назарияи имлои забони тоҷикӣ ва таърихи он то ҳоло пурра омӯхта нашудааст, то ҳоло ҳатто принсипҳои асосии ҳар як бахши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба таври бояду шояд муайян каарда нашудаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки алифбо ва хати крилии забони тоҷикӣ транслитератсияи расмулхати арабиасос набуда, балки он низоми овозии забони адабии муосири тоҷикиро, ки аз ҷониби забоншиносон дар асоси равияҳои пешқадам ва пазируфташудаи овошиносӣ тавассути дастгоҳҳои мухталифи озмоишӣ дар макотиби маъруфи илмӣ таҳқиқу тафтиш шудааст, инъикос мекунад. Қоидаҳои имлои ҳар як забон дар асоси принсипҳо (меъёрҳо) – и фонетикӣ, морфологӣ, таърихӣ, идеографӣ ва амсоли инҳо мураттаб мегардад.
Ҳангоми мураттаб намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар асоси хати криллии русӣ меъёрҳои номбаршуда мутобиқ ба меъёрҳои имло мавриди истифода қарор дода шудаанд. Вале тарзи талаффузи калима яъне меъёри фонетикӣ дар мавридҳои алоҳида бартарият пайдо кардааст. Тарзи талаффуз дар тарзи навишти калима инъикос ёфтааст Афтидани ъ (айн) пеш аз садонокҳои о, а, у, и ба талаффуз нашудани ин овоз дар баъзе ҳолатҳо, мавқеъ, муҳит, ва ҳамнишинии фонетикӣ вобаста мебошад.Дар мавридҳои дигар овози мазкур талаффуз шуда, арзиши фонологӣ пайдо мекунад ва навишта мешавад (навъ –нав, аъло – ало, баъд – бад, манъ - ман ва ғ.).
Хати арабӣ беш аз ҳазор сол қабл барои забони тоҷикӣ қабул гардида буд ва табиист, ки он тамоми нозукиҳои забони тоҷикиро инъикос карда наметавонист. Калимаҳои арабӣ дар шакли навишти арабӣ қабул шудаанд ва тадриҷан дар забони тоҷикӣ ҳазм гардида, ба табиат ва қонуниятҳои савтии он мутобиқ шудаанд.
Аз тарафи дигар, принсипи таърихӣ низ дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба эътибор гирифта шудааст. Инро дар имлои садонокҳои у, ӯ,и,ӣ метавон мушоҳида намуд.
Имрӯз дар вокализми тоҷикӣ муқобилгузории садонокҳо аз ҷиҳати дарозӣ ва кӯтоҳӣ матрук гардидааст. Таҳлили матнҳои адабии давраи аввали таърихи забони адабии тоҷикӣ (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ) нишон медиҳад, ки он вақт ҷуфтҳои дарозӣ ва кӯтоҳӣ ҳамчун аломати фонологӣ барои садонокҳои Ӯ ва У; Ӣва И вуҷуд дошт. Аммо имрӯз чунин чуфти муқобилгузорӣ дар забони зинда - дар шеваю лаҳҷахо ба назар намерасад.Дар имлои таърихӣ «у» - и дароз бо «вови маъруф» ифода меёфт (дур, дуд, зуд). Садоноки «у» -и кӯтоҳ дар фарҳангҳо бо аламати махсуси графикӣ «пеш» ё «замма» ифода меёфт. Ба ғайр аз ин дар имлои классикӣ як «вов»- и дигар бо номи «вови маҷҳул» буд (дар калимаҳое аз қабили рӯз, рӯд,кӯҳ). Овозе, ки таърихан бо «вови маҷҳул» ифода меёфт, имрӯз на дар ҳамаи шеваю лаҳҷаҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ талаффуз мешавад.
Инчунин садоноки «у» - и дарози таърихӣ «вови маъруф» низ на дар ҳамаи шеваю лаҳҷаҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ равшан талафффуз мешавад ( В.С.Соколова Фонетика таджикского языка. – М.Л. 1949; В.С. Расторгуева В.С. Краткий очерк фонетики таджикского языка. – Сталинабад, 1954; Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. – Душанбе 1964, Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ, ҷ.1, Т. Хаскашев Фонетикаи забони адабии тоҷик ва ғ.).
Садоноки Ӯ,ки дар хати арабиасос бо «вови маҷҳул» ифода меёфт, садоноки дароз набуда, садоноки қатори омехта, бардошти миёна ва устувор мебошад. ( В.С.Соколова Фонетика таджикского языка. – М.Л. 1949; В.С. Расторгуева В.С. Краткий очерк фонетики таджикского языка. – Сталинабад, 1954; Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. – Душанбе 1964, Хаскашев Фонетикаи забони адабии тоҷик ва ғ.).
Баъди баҳсҳои зиёди солҳои сиюми асри гузашта дар асоси қарори анҷумани забоншиносон ба сифати меъёри забони адабӣ қабул гардида буд. Интишори он бо тобишҳои гуногун дар лаҳҷаҳои гуногун доираи васеъро ташкил медиҳад Ин фонема дар аксари лаҳҷаҳои Шимоли Тоҷикистон, лаҳчаҳои Ванҷу Дарвоз ва забону гӯйишҳои Кӯҳистони Бадахшон (забонҳои бадахшонӣ (помирӣ)) дараҷаи гуногуни истифода дорад. Ба сифати меъёри талаффузи адабӣ мавқеи он дар забони адабӣ устувор гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар қиёс ва монандӣ ба талаффузи ӯ «вови маҷҳул» -и таърихӣ дар забони меъёр гурӯҳи зиёди воҳидҳои луғавии ҳам аслӣ ва ҳам иқтибосӣ, ки таърихан «вови маҷҳул» надоштанд, дар асари таъсири шеваҳои ҷудогона бо ӯ талаффуз мешаванд (мӯҳтарам, мӯъмин, бӯҳрон, бӯҳтон, сӯҳбат ва ғ.). Чунин вожаҳо бо ҳамин тарзи навишт ба луғатҳои имло(1953, 1959,1974,1991), « Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» «Фарҳанги русӣ ба тоҷикӣ» низ дохил шудаанд. Аммо дар Қоидаҳои имлои соли 2011 ва «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» , ки соли 2013 нашр шудааст, дар зиёда аз 60 вожаи иқтибосии арабӣ пеш аз ҳарфи ҳ ва ъ ба ҷойи ҳарфи ӯ ҳарфи у навишта шудааст ва дар ин ҷо меъёри имлои таърихии ин ҳарф ба эътибор гирифта шудааст.
Агар қоидаи мазкурро қабул намоем, ин маънои онро дорад, ки бо мақсади ислоҳи ин хато зарурати аз нав нашр намудани фарҳангҳои муътабари то ин вақт нашршуда ба миён меояд. Зеро дар фарҳанг бояд модаҳои луғавӣ мутобиқи қоидаҳои имлои тасдиқшуда, ки ҳукми қонуниро пайдо мекунанд, оварда шаванд.
Мушкили мазкурро метавон аз ду ҷиҳат шарҳ дод: 1) тибқи анъанаи имлои таърихӣ вожаҳои мавриди баҳс дар навишт ҳарфи «вов» надоштанд ва бо аломати «замма» дар фарҳангҳои пешин хонда шуда, шарҳу тафсир дода шудаанд ва дар имлои имрӯза тавассути ҳарфи ӯ навиштани чунин вожаҳо қобили қабул нест, 2) аз тарафи дигар тибқи қоидаи маъмул иқтибосоти арабӣ дар забони тоҷикӣ ҳазмшуда ба қонуниятҳои забони адабии тоҷикӣ мутобиқ шудаанд ва дар имлои нав дар асоси хати крилиса ин тарзи навишт (бо ҳарфи ӯ) ба ҳукми анъана даромад.Ва инро низ агар қабул намоем, осмон ба замин намечаспад. Дар мисоли забонҳои гуногун мушоҳида мешавад, ки талаффуз аз имлои таърихӣ тафовут дорад ва кӯшишҳое ба харҷ дода мешавад, ки имло ба талаффуз наздик шавад.
Илова бар ин дар гурӯҳи дигари иқтибосоти арабӣ ва баъзе вожаҳои аслӣ, ки дар навишти таърихӣ ҳафи «вов» доштанд,пеш аз ҳарфҳои ҳ ва аломати ъ ҳарфи ӯ навшта мешуданд (мавзӯъ, марфӯъ, рӯҳ, маҷмӯъ, маҷрӯҳ, шурӯъ, рӯъё, сӯҳон рӯъб ва амсоли инҳо). Аз ин рӯ масъалаи мазкур дар қоидаҳои имло бояд шарҳу тафсири аз назари илмӣ асоснокро пайдо кунад
Садоноки У, ки дар хати классикӣ бо «вови маъруф» ифода меёфт (дуд, суд, дур), фонемаи қатори қафо ва дараҷаи бардошти боло мебошад. Ин садонок дар муҳитҳои фонетикӣ тобишҳои гуногун пайдо карда, дар ҳолати имрӯзаи забон на чун садоноки дарози дорои ҷуфти кӯтоҳ мебошад, балки дар ҳиҷои заданок пурқувваттар талафуз карда мешавад. ( В.С.Соколова Фонетика таджикского языка. – М.Л. 1949; В.С. Расторгуева В.С. Краткий очерк фонетики таджикского языка. – Сталинабад, 1954; Опыт сравнительного изучения таджикских говоров. – Душанбе 1964, Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ, ҷ.1, Т. Хаскашев Фонетикаи забони адабии тоҷик ва ғ.).
Бинобар ин дар хати имрӯза барои садоноке, ки бо «вови маъруф» ифода меёфт ва садоноке бо аломати «пеш» ё «замма» хонда мешуд, як ҳарф (у) ба кор бурда мешавад. Зеро «вови маъруф» тамдиднокии худро аз даст додааст. Ба ибораи дигар, дар қоидаҳои имлои ҷорӣ принсипи фонологӣ -таърихии имлоро ба эътибор гирифтаанд.
Мувофиқати садонокҳои забони адабиёти классикӣ ва забони адабии муосири тоҷикиро метавон дар ҷадвали зерин нишон дод:
Забони адабии классикӣ Забони адабии муосири тоҷикӣ
а------------------------------------------------------------------ а
а: --------------------------------------------------------------- о
и, ӣ «йойи маъруф» ------------------------------------ и
э «йойи маҷҳул»------------------------------------------ э
у, у-и дароз «вови маъруф» -------------------------- у
ӯ-«вови маҷҳул» ----------------------------------------- ӯ
Мутолиаи маводи фарҳангномаҳои пешини тоҷикӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вожаҳои бо «вови маъруф» навишташуда дар муқоиса бо интишор дар забони зинда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ин ҳамон у –и дароз буд: сур, суд, хун, тут, ту, гувоҳ, гуна,ду, дуруд, кабуд, сутур,ҳуш, мушак ва монанди инҳо, ки таърихан аз u –и дарози таърихӣ ва таркиби овозии av инкишоф ёфтаанд. «Вови маҷҳул» дар вожаҳое аз қабили гӯш, бӯй,анбӯҳ, андӯҳ, дурӯғ, дӯст ва ғайра дучор меояд, ки бештар таърихан аз дифтонги au –и таърихӣ сарчашма мегиранд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар назми классикӣ калимаҳо бо «вови маъруф» ва «вови маҷҳул» ҳамқофия шуда наметавонистанд.
Садоноки И дар хати арабӣ тавассути «йои маъруф» ва аломати «касра» ифода меёфт. Фонемаи садоноке, ки бо «йойи маъруф» ифода меёфт, тамдид дошта таърихан бо и-и дароз алоқаманд буд. Аз ин рӯ мураттибони имло принсипҳои таърихӣ ва сарфии қоидаҳои имлоро ба назар гирифта, и –и «заданок» -ро дар охири калима чун аломати ҷудогонаи графикӣ ба қоидаҳои имло дохил намудаанд. Дар Қоидаҳои имлои с.1998 бо тамдиди бештар талаффуз шудани иддае аз калимаҳо (пир, зин, бин) таъкид шудааст, вале бо аломати алоҳидаи графикӣ ишора нашудаанд. Зеро дар қоидаҳои имлои ягон забон тамоми тобишҳои талаффузи овозҳо инъикос намеёбанд.(Масалан,аксари калимоти забони англисӣ дар овонавишт нишон дода шуда,аз тарзи навишт ба куллӣ фарқ мекунанд ). Ба ҷуз қоидаҳои имло ва фарҳангҳои имло дар омӯзиши забони адабӣ қоидаҳо ва луғатҳои орфоэпӣ нақши муҳим мебозанд. Хуб мешуд, ки талаффузи ин қабил калимаҳо дар луғатҳои орфоэпӣ нишон дода шавад. Аз ин ру ба мақсади ислоҳи бархе аз масъалаҳои марбути имлову талаффуз тартиб додани луғати орфоэпии забони адабии тоҷик амри зарурист.
Садоноки Э дар имлои хати тоҷикии арабиасос бо «йои маҷҳул» ифода мешуд. Тобишҳо ва гунаҳои талаффузи онро дар муҳит ва ҳолатҳои фонетикӣ ба назар гирифта, дар хати имрӯзаи тоҷикӣ барои ифодаи он ду аломати графикӣ ( Э ва Е) ба кор бурда мешавад. Дар назми классикӣ калимаҳо бо «йои маъруф» ва «йои маҷҳул» ҳамқофия шуда наметавонистанд.
Барои ифодаи як овоз истифодаи мақсадноки ду ҳарф ҳодисаи маъмулист, ки дар низоми орфографии забонҳои гуногун роиҷ аст. (Масалан, дар расмулхати арабии тоҷикӣ се ҳарф барои ифодаи ҳамсадои С, чор ҳарф барои ифодаи овози ҳамсадои З, ду ҳарф барои ифодаи ҳамсадои Т истифода мешуд).
Қоидаҳои ва фарҳанги имло мухимтарин дастури таълими забон буда, ба баланд гардидани сатҳи забондонии аҳли ҷомеа мусодат мекунад. Агар ин қоидаҳоро ба чунин қоидаҳои имлои забонҳои дигар муқоиса намоем, маълум мешавад, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ нисбатан осонанд.
Қоидаҳои имлои забон, ки дар асоси он фарҳанги имло низ тартиб дода шудааст, ба таҳкими меъёрҳои забони адабӣ мусоидат карда, заминаи густариши нуфуз ва фарогирии забони адабиро дар ҷомеа тақвият мебахшад. Бинобар ин метавон гуфт, ки татбиқи қоидаҳои имло аз омилҳои муҳимми рушди забони адабӣ маҳсуб мегардад. Устувории имло, ки дар пояи илмӣ коркард мешавад, метавонад дар рушди забони меъёр ва густариши он мусоидат намояд.