Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақтҳои охир баҳс сари ҷудо намудани “помириҳо” аз миллати тоҷик пайваста роҳандозӣ мегардад. Ҳатто ин масъаларо бархе аз “милатсозони навбаромад” ба дафтари ҳуқуқи башари СММ ва СҲАА бурданд, ки баъзе аз коршиносон низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Гӯё коршиносони дафтари СММ чунин сеҳрангезанд, ки тақдири халқи тоҷикро бо роҳи тика - тика намудан ҳал мекунанд. Барои халқи тоҷик хизмати хирсонаеро анҷом доданиянд, яъне миллати ягонаи тоҷикро пора - пора кунанд. Чанде аз асолатбохтагон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба халқу ватани худ сангандозӣ мекунанд, ба ҳалли тақдири “помириён” машғуланд. Ин ҷо як нозукие нуҳуфтааст, Онҳое, ки аз ҳисоби грантҳои хоҷагони хориҷӣ ба таҳқиқи ба истилоҳ вазъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машғуланд, наметавонанд гуруҳҳои ҷиноӣ ва ҳомиёни онҳоро, ки вазъро дар шаҳру навоҳии вилоят ноором намуданд, сафед кунанд. Бинобарин истилоҳи бофтаеро фикр карда бароварданд: вазъи ақалияти миллии ба истилоҳ “помирӣ”, ки бо ин мафҳуми нестандарҷаҳон гуноҳҳои шариконашонро каме сабук кунанд ва таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Барои пинҳон сохтани амалҳои ҷиноии шариконашон масъалаҳои нозукеро фикр кардаанд: мисли табъизи “ақалияти забонии помирӣ”, “ақаллияти миллии помирӣ”, “ақалияти динии помирӣ”, то ки бо ин роҳ андак таваҷҷуҳро ба худ ҷалб кунанд. Аз номи мардуми Кӯҳистони Бадахшон барои ҳувияти ин мардум гӯё ба истилоҳ “статус” гиранд. Пурсида мешавад, ки онҳоро ба ин кор кӣ водор кардааст? Оё ин “статусгирандагон” ва “миллатсозон” дар ин сарзамин пойгоҳи иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд? Кӣ ба онҳо ҳақ додааст, ки аз номи халқ гап зананд?!
Зимнан ёдовар шудан ба мавҷрид аст, ки ташаббускор ва илоҳомдиҳандаи ин гузориш ба дафтари СММ Маркази алайҳи табъизи “Мемориал” мебошад. Ин Марказ солҳои пеш дар Маскав, Санкт – Петербург ва дигар шаҳрҳои ИДМ зершуъбаҳо дошт ва чунин гузоришҳои ғаразолуд таҳия мекард. Солҳои пеш низ оид ба Тоҷикистон дар мавриди гӯё табъизи помириён, яғнобиён ва ҷугиён гузоришеро пешниҳод намуда буд (Албатта, бо иштироки чанде аз аъзои диаспори бадахшонии муқими Русия).Вале он солҳо мутаасифона ин гузоришҳо дар Тоҷикистон вокунишҳои ошкоро пайдо накарда буданд. Соли 2019 барои амалҳои зиддиқонунӣ бо қарори Суди Олии Федератсияи Русия фаъолияти Маркази “Мемориал” қатъ гардида, дафтари он баста шуд. Айни ҳол Макази “Мемориал” дар Белгия фаъолият намуда, гузоришҳои ғаразнокро таҳия карда, ба дафтари ҳуқуқи башари СММ пешниҳод менамояд.
Иддаи дигаре аз назариётчиёни навбаромад ва “миллатсозон” бо суханони пучу бемаънӣ ва дур аз ҳақикат иддао доранд, ки гӯё дар замони Шӯравӣ номи “тоҷик” – ро ба “помириҳо” часпондаанд.
Дар сарчашмаҳои хаттии то инқилобии охири асри XIX ва аввали асри XX мардуми Шуғнону Рӯшон, Вахону Ишкошим ва Язгулом худро тоҷик муаррифӣ кардаанд. Барои исботи фикрамон мо метавонем чанде аз порчаҳоро аз мақолаю гузоришҳои олимон, сайёҳатчиён, намояндагони сиёсии Ҳукумати подшоҳии Русия ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун ба забони асл биёрем, то шубҳае дар хонандагон пайдо нашавад. Бояд ёдовар шавем, ки мафҳуми “помирӣ”- ро дар осори хаттии ин давра ба забонҳои русию англисӣ ба маънии мансубияти географӣ ва этникӣ дучор накардем. Он замон марзҳои ҳудудии худи Помир ҳанӯз муайян нагардида буданд.
Чанд пораи матнро аз осори таърихии ибтидои асри XX меорем:
«“Он чизе ки ба масъалаи динӣ иртибот мегирад, бо мани ғайримусулмон тоҷикон ба ифшои он он қадар моил набуданд, вале ҳама куллан исмоилӣ (панҷтанӣ) буданд ва амалан ба мазҳаби худ содиқ буданд. (Половсов, 1903).
“Бо Помири шарқӣ тоҷикон фақат тиҷорати муовизӣ анҷом медиҳанд. Ба ивази нон намад, пӯст ва арғамчин мегиранд” (А. Е. Сенесарев 1903)
Дар қишлоқи Ривак ба суханони ман бодиққат гӯш карда, тоҷики ҷавоне ба пеш баромад” (А. Черкасова, 1904).
“Водиҳои рӯдхонаҳои Помири Ғарбӣ майдони наздик ба 300 вёрсти мураббаъро ташкил медиҳанд, ки аз он на зиёда аз 10 фоиз кишт шуда метавонад. Дар ин фазо қариб 14500 нафар (душ) кӯҳистониён зиндагонӣ мекунанд, ки онҳо худро тоҷик меноманд”.» (А Черкасов, 1904)
Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуѓнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» . (А Черкасов, 1904)
“тоҷикон мисли пештара ба ҳокимони худ муносибати хусуматомез доранд” (Лютиш, 1904).
Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо оғоз ёфтани пажуҳишҳои мардумшиносӣ дар осори этнографӣ мафҳуми этнонимии қавмҳои (халқиятҳои) назди Помир (то солҳои 50 уми асри гузашта), қавмҳои (халқиятҳои) помирӣ (аз солҳои 60 уми асри гузашта) ворид гардида буд ва пайваста таъкид мегардид, ки ин қавмҳо ба ҳайати ягонаи миллати тоҷик тааллуқ доранд. Таҳти истилоҳи қавмҳои помирӣ: язгуломиҳо, рӯшониҳо, бартангиҳо, шуғнониҳо, ишкошимиҳо, вахониҳо дар назар дошта мешуданд, ки асоси чунин тақсимбандӣ вижагиҳои забонии онҳо маҳсуб меёфт.
Дар баробари ин бисёре аз пажӯҳишгарони мардумшинос ягонагии этникии мардуми Язгулому Рушон, Шуғнону Вахон ва Ишкошим (Риниҳо) –ро бо мардуми манотиқи дигари Тоҷикистон нишон додаанд ва ба қавмияти тоҷик тааллуқ доштани онҳоро низ пайваста таъкид мекарданд.
Яке аз тоҷикшиносони маъруфи рус М. С. Андреев асари бунёдии этнографии худро “Тоҷикони водии Хуф” номгузорӣ намудааст.кард. М. С. Андреев мушоҳидаҳои худро оид ба худмуррифию худшиносии сокинони водии Хуф, ки ба тамоми сокинони минтақаи болооби Панҷ низ тааллуқ дорад чунин ҷамъбаст намудааст: «Қатъи назар аз он, ки сокинони Хуф дар байни дигар бошандагони водиҳои болооби дарёи Панҷ дар баробари худро чун гурӯҳи алоҳида муаррифӣ кардан, аз тарафи дигар, бо тамоми хуфиён, ки солҳои 1901(дар Тошканд), солҳои 1907, 1929 ҳангоми сафарҳои нахустинам ба водии Хуф мулоқот намудам, бидуни ягон калавиш худро «тоҷикони асил» муаррифӣ намуда, ҳатто нисбат ба он тоҷиконе, ки дар поёноби дарёи Панҷ зиндагӣ мекарданду ба забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд, худро (тоҷики) тозатар ҳисоб мекарданд».
Мардумшиноси дигар Н.А. Кисляков, ки умри зиёда аз 30- солаи худро ба омӯзиши ҳаёти модӣ ва маънавии тоҷикони кӯҳистон бахшидааст, қайд кардааст, ки сокинони Назди Помир, Дарвоз, Қаротегин ва Кӯлоб ҷиҳати этникии ягона дошта, дар гузаштаҳои начандон дур ниёгони онҳо дорои гӯйишу лаҳҷаҳои умумии наздик ва умумияти фарҳангӣ буданд. Инчунин ақидаи Н.А. Кисляковро И. И. Зарубин ва Н. И. Вавилов тақвият дода, мутазаккир шудаанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ду минтақаи таърихӣ – фарҳангӣ вуҷуд доштанд: “суғдӣ” (самти шимолу ғарби қиторкӯҳи Ҳисор) ва “тахорӣ” (самти ҷанубу шарқи қаторкӯҳи Ҳисор) ва тоҷиконе, ки дар самти шимоли қарби ин қаторкӯҳ сукунат доранд, бо аҳолии Суғд умумияти этникӣ доштанд, тоҷикони Ҳисор, Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва навоҳии Назди Помир бо умумияти фарҳангии худ бо сакинони бостонии ин минтақа - тахориён иртибот доранд. Минотиқи Помило (Помир), Шуғнон, Вахон дар қаламрави Тахористони таърихӣ вақеъ гардида буданд.
Дар китоби “Тоҷикон” академик Бобоҷон Ғафуров оид ба мансубияти нажодии тоҷикон сухан ронда, таъкид шудааст, ки маҳз тозатарин аломати нажодии тоҷикон дар симои сокинони Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мондааст: ”Ба нажоди моваруннаҳрӣ тоҷикон (тозатарин намуди зоҳирии нажоди онҳо дар симои тоҷикони кӯҳистон ва ноҳияҳои даромадгоҳи Помир боқӣ мондааст) мансуб мебошанд”. Исми хоси Помир дар ин ҷо ба самти шарқии Кӯҳистони Бадахшон далолат мекунад.
Муаррихи барҷастаи тоҷик, зодаи Шуғнон, академик Б. Искандаров, ки тамоми умри бобаракати худро сарфи пажуҳиши таърихи ин диёр намудааст, дар натиҷаи омӯзиши манбаъҳои мухталифи таърихӣ оид ба вижагиҳои этникии сокинони минтақа менависад: “Шумораи зиёди аҳолӣ дар водии Вахон – Дарё, Шохдара, Ғунд, Бартанг, Язгулом ва ғ. сокин шуда буданд. Аз ҷиҳати этникӣ аҳолии ноҳияҳои Помири ғарбӣ ягона буданд. Дар инҷо тоҷикон зиндагӣ мекарданд, ки шуғли асосии онҳо заминдорӣ буд”. Оид ба вазъи забонии минтақа аз диди таърихӣ муаллиф навиштааст: “Ҷудоии водиҳои кӯҳистон аз ҳамдигар боиси он гардидааст, ки дар байни сокинон лаҳҷаҳои гуногун боқӣ мондааснд. Сокинони Шуғнон, Вахон, Ишкошим, ба забонҳои хос такаллум мекарданд. Сокинони Рушон ва Бартанг ба лаҳҷаи забони шуғнонӣ гуфтугӯ мекарданд. Вале барои ин қавмҳо ба сифати забони умумӣ – забони тоҷикӣ қабул шудааст, ки на ҳама онро пурра медонистанд”.
Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз масъалаи дигареро, ки ба баъзе доираҳои хориҷӣ низ “ҷолиби таваҷҷуҳ” аст, тафовути динию мазҳабии сокинони минтақаи Помир аз манотиқи дигари мамлакат мебошад. Ин гуна тафриқаандозӣ ба ваҳдату якпорчагии тоҷикони тамоми манотиқи мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Нақши тафриқаандозии дину мазҳаб дар кишварҳои исломӣ назаррас буда, дин дар муносибатҳои майишӣ ва иҷтимоӣ нисбат ба умумияти қавмӣ (этникӣ) нақши назаррас дорад.
Маҳз чунин тафовутро бархе аз гуруҳҳо ва хоҷагони хориҷии онҳо дастак нмуда “помирӣ” ва “тоҷик”-ро бо ҳам муқобил гузошта, ду миллати ҷудогона онҳоро муаррифӣ карданӣ мешаванд. Ба ҷуз аз ин рушди нокомили худшиносии миллӣ ва тафаккури миллии ҷавонони манотиқи гуногуни мамлакат ва фаълияти тафриқаангези доираҳои муайяни хориҷӣ ба ваҳдату яупорчагии миллат таъсири манфӣ мерасонад.
Зимнан ёдоварӣ намудан ба маврид аст, ки таҳқиқгарони равандҳои этникӣ (қавмӣ) хеле мушикофона руҳия ва маънавияти ҳар халқро мушикофона ва амиқ баррасӣ менамоянд. Бархе чунин баррасиҳоро ба сиёсат алақаманд намуда, бофтаи бегонагон медонанд. Вале натиҷагириҳо ҳақиқати воқеиро ифода нмуда, ба ақида ва назари ақшори мухталифи мардуми бумӣ асос ёфтаанд. Дар ин маврид хулосаву натиҷагириҳои яке аз муҳаққиқони равандҳои этникӣ дар ВМКБ шодравон Л.Ф. Моногарова, ки қариб тамоми фаъолияти илмии худро ба омӯзиши мардумшиносии сокинони Кӯҳистони Бадахшон бахшидааст, ҳақиқати воқеиро инъкос намудааст. Ӯ навиштааст: “Ҳамин тариқ, қавмҳои Назди Помир, ки забонҳои модарии помирии худро ҳифз намудаанд, дорои вижагиҳои зиндагии хонаводагӣ, баъзе унсурҳои фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мебошанд, бо худшиносии миллӣ тоҷикони помирӣ дар марҳаллаи имрӯзаи рушди қавмӣ гурӯҳи этнографии тоҷиконро ташкил медиҳанд, ки имконияти муттаҳидшавӣ дар гурӯҳи ягонаи этнографии тоҷикон – тоҷикони помириро соҳибанд”.
Дар мақолаи дигар ин мардумшиноси маъруф, ки мардуми моро бисёр дӯст мадошт, хулосаю натиҷагириҳои фавқуззикрро тақвият дода навишта буд: “Банда оид ба мансубияти қавмии помириҳо ба чунин натиҷа расидам: помириҳо дузабонаанд, дар ин маврид кӯдакон то ба мактаб рафтан забони тоҷикиро намедонанд (бо он дар мактаб таълим пешбурда мешавад), онҳо забонҳои гуфтугӯии модарии худро ҳифз намудаанд, дорои баъзе унсурҳои хоси зиндагии маишию хонаводагӣ, дорои вижагиҳои фарҳанги моддӣ ва маънавӣ буда, пайрави мазҳаби исмоилия мебошанд. Аммо помириён ба ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ва фарҳангии тоҷикон алоқаманданд. Олимони помирӣ аз илми тоҷик намояндагӣ мекунанд, нависандагон ва шоирони помирӣ аз адабиёти тоҷик намояндагӣ мекунанд, ҳунармандони помирӣ – намояндаи санъати театрии тоҷик мебошанд ва амсоли ин. Онҳо худро тоҷикони помирӣ ҳисоб мекунанд ва дар марҳалаи ҳозираи рушди қавмӣ – миллӣ ҳамчун гурӯҳи этнографӣ ё субэтноси тоҷикон ба шумор мераванд”.
Ҳамин тариқ, ҳангоми баҳс дар мавриди мансубияти миллии сокинони Кӯҳистони Бадахшон ба суханони кӯчаю бозор бовар накарда, ба осори илммии мардумшиносӣ муроҷиат намоем. Вожаи “помирӣ” мансубияти қавмию миллиро ифода накарда, балки ба мансубияти минтақавӣ ва ҷуғрофӣ далолат мекунад. Дар шароити кунунӣ тафриқаандозӣ дар атрофи мансубияти миллии сокинони Кӯҳистони Бадахшон ба манфиати мардум набуда, дасисаи доираҳои муайяни хориҷӣ ба мақсади ноором сохтани вазъ дар чунин минтақаи ҳассоси Тоҷикистон мебошад.
✍️✍️Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон