Созмони Милали Муттаҳид бузургтарин ва бонуфузтарин ниҳоди ҷаҳонӣ муддати як ҳафта шоҳиди рӯйдоди муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки дар маркази он саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати як субъекти байналмилалӣ меистод. Конфронси байналилалии вобаста ба масоили об, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳи Нидерландия Вилям Александр доир гардид, аз ҷумлаи бузургтарин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар СММ ба шумор меравад. Басо рамзист, ки ин тантанаҳо дар давраи таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардиданд. Дар доираи конференсия ва ҳамоишҳои дигар Пешвои миллат суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои глобалии об, беҳдошт ва ҳифзи пиряхҳо суханронӣ намуданд. Масъалаи таъмини оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо машкилоти сатҳи ҷаҳонӣ буда, дархури манфиатҳои тамоми башарият мебошад. Дар баробари ин Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба захоири об ва пиряхҳои Тоҷикистон ҷалб намуда, баргузор намудани конференсияи сатҳи ҷаҳониро оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд. Лозим ба ёдоварист, ки масоили вобаста ба ҳифзи пиряхҳо, эълон намудани рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025- ро эълон намудани соли ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба иқлим дар Қоҳира пешниҳод шуда, СММ онро тасдиқ кард. Пазируфта шудани пешниҳоду ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ аз обруй ва нуфузи байналмилалии Сарвари давлатамон гувоҳӣ медиҳад.
Дар сатҳи баланд гузаронида шудани чунин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди боз ҳам баланд гардидани обрӯи байналмилалии давлати мо мебошад. Бо ин роҳ дар муаррифӣ намудани фарҳангу таҳрихи халқи тоҷик қадамҳои устувор гузошта шуд. Дар ҳошияи конфиронси об инчунин намоишгоҳи ҳунару фарҳанг ва таърихи тамаддуни халқи тоҷик ташкил карда шуд. Инчунин Пешвои миллат бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳибаи пурмуҳтаво анҷом дода, саҳми Тоҷикистонро дар амалӣ намудани тадбирҳои СММ ва густариши ҳамкориҳои судмандро бо ин муҳимтарин ниҳоди байналмилалӣ шарҳ дод.
Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақари СММ ба шаҳри Ню-Йорки ИМА аз тақвияти обрӯи байналмилалии давлату мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад ва муҷиби ифтихору сарбаланди ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Бо таассуф бояд ёдоварӣ намоем, ки ин рӯйдоди фараҳбахш барои иддае аз ватанбезорон, ки дар кишварҳои хориҷӣ рӯзгузаронӣ мекунанд, хуш наомад. Бо роҳбарии сарвари ташкилоти экстримистии “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ тазоҳуроти муҳоҷирони тоҷикистонии муқими Аврупо дар назди иморати Бундестаги (парламенти) Ҷумҳурии Федративии Олмон, дар шаҳри Берлин тазоҳуроти ба истилоҳ мухолифини давлати Тоҷикистон доир гардид. Тибқи иттилои расонаҳои ахбор дар ин тазоҳурот 30 нафар зодагони Бадахшон низ иштирок карда, суханронӣ намуданд. Ин “мухолифин” шояд ба хотири дарёфти мақоми шаҳрвандӣ ҷиҳати манофеи шахсии худ ба Ватани хеш, ки даҳҳо ва садҳо ҳазор хешу табори онҳо дар инҷо зиндагонӣ мекунанд, хуни нофи онҳо низ дар ин хок рехтааст, дар ин сарзамин калон шудаанд, сангандозӣ мекунанд. Дар пайи дарёфти кадом як демократияи “хаёлӣ” мебошанд. Баъзе гапҳои калонро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда, худ ба маънои онҳо сарфаҳм нарафта лофу газоф мезананд. Дар кӯчаҳои Аврупо ба худнамоӣ машғуланд. Боре андеша намекунанд, ки худ барои ин ватан чӣ кори хайре кардаанд? Аз кишварҳои дур гӯё роҳи тараққиёти Тоҷикистонро тарҳрезӣ мекунанд. Оё онҳо фикре дар сар доранд, ки дар дохили мамлакат пойгоҳи сиёсӣ надоранд. Ба кӣ онҳо хитоб мекунанд? Ба мардуми Тоҷикистон? Чӣ кори хайре барои ин мардум анҷом додаанд? Ҳеҷ чиз. Ба кӣ онҳо хитоб мекунанд? Ба сардори давлатҳо ва роҳбарони кишарҳои Аврупо? Кишварҳои Аврупо сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, бо чашми сар таҳаввулотҳои мусбати иқтисодию иҷтимоии Точикистонро мебинанд. Саъю талоши Раҳбарияти Олии мамлакатро дар рушди мамлакат баҳогузорӣ намудаанд. Ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат медиҳанд. Давлати Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро риоя ва ҳифз менамояд. Тибқи Қонун барои пайравони тамоми дину мазоҳиб дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи пайравони дину мазоҳиб маносики динию мазҳабии худро озодона иҷро менамоянд. Аз ҷумла, барои пайравони мазҳаби исмоилия дар маркази кишвар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳие, ки пайравони ин равия зиндагӣ мекунанд, марказҳо ва ҷамоатхонаҳо фаъоланд. Сохторҳои Бунёди Оқохон дар мамлакат фаъолият намуда, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузоранд, ки ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ин сохторҳо машғули коранд. Солҳои охир дар навоҳии ВМБК даҳҳо иншооти иҷтимоию иқтисодӣ бунёд гардиданд. Сатҳи зиндагии мардум бо тадриҷ беҳтар мегардад. Давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти минтақаи мазкур таваҷҷуҳи хоса мабзул медорад.
Пас чӣ зарурате ба гирдиҳамоию тазоҳурот ва соддатар гуем, худнамоӣ дар кӯчаҳои шаҳрҳои мамлакатҳои хориҷӣ?
Аз тарафи дигар, давлати Тоҷикистон уҳдадор аст, ки субот, оромӣ ва ҳифзи тартиботи қонуниро дар қаламрави мамлакат таъмин намояд. Дар ин самт дар асоси қонунҳо амал мекунад, ки дар тамоми кишварҳои дунё ин амал вуҷуд дорад.
Онҳое, ки дар назди сафоратҳо, биноҳои созмонҳои байналмилалӣ, дар назди биноҳои давлатҳои хориҷа тазоҳурот (аксия) ё гирдиҳамоӣ созмон медиҳанд, дониста монанд, ки тирашон кайҳо хок хӯрдааст!! Аз пайи кору зиндагии худ шавед! Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯҳистони Бадахшон муҳтоҷи кӯмаку шиорпартоии шумо нестанд! Мардум роҳи тараққиёти мамлакати худро интихоб кардааст ва медонад аз қафои кӣ равад!!! Халқ медонад: КӢ КӢ ҳаст!
Назрӣ Офаридаев – сарходими шуъбаи забонҳои помирИИГ
Чилла Назаршоева – мудири шуъбаи забонҳои помирии ИИГ