wrapper

       
КОНФЕРЕНЕСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ЗАМИНАИ ҶАҲОНИШАВӢ: ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИФАРҲАНГӢ»
        Субҳи 4 уми октябр дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров бо ҳузури олимон ва коршиносони варзида конференсия таҳти унвони «Забони давлатӣ дар заминаи ҷаҳонишавӣ: ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муносибатҳои байнифарҳангӣ» баргузор гардид. Мавзуи асосии чорабинӣ нақши забони тоҷикӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва пешгирии ассимилятсияи забонӣ буд. 
        Дар оғози конференсия, директори институт д.и.филол. Қаландариён Ҳоким Сафар сухани ифтитоҳӣ намуда, аз аҳамияти забони тоҷикӣ ҳамчун пояи давлатдории мо ёдовар шуданд. Дар маърӯзаҳои илмӣ, ки аз ҷониби д.и.филол. профессор Муқбил Аламшоев, номзади илмҳои филологӣ Зоолишоева Шамшод Фаросатшоевна, ва котиби илмии ИИГ АМИТ Ризвоншоева Нуриниссо Нуралишоевна пешниҳод гардиданд, мавзӯъҳои муҳими ташаккули лексикографияи тоҷик, забони миллат ҳамчун пояи миллат ва тарҷума ҳамчун воситаи ғанӣ гардондани забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
        Ин конференсия бори дигар нишон дод, ки забони тоҷикӣ на танҳо рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолият аст, балки воситаи асосии муносибатҳои байнифарҳангӣ ва рушди фарҳангии мо низ мебошад.
        ЗАБОНИ ТОҶИКӢ: ПОЯИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЯГОНАГӢ
        Забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират миёни тоҷикон, балки инъикоскунандаи зиндаи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик, фарҳанг ва мероси маънавии он мебошад. Ин яке аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон буда, ба шохаи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад. Таърихи забони тоҷикӣ бо таърихи халқи тоҷик печида буда, решаҳои он то ба асрҳои қадим мерасанд.
        Нақши он дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии давлатамон бебаҳост. Аз як тараф, забони тоҷикиро метавон ба ҳайси рамзи ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамон муаррифӣ намуд. Зеро он таърих, анъана ва арзишҳои халқи тоҷикро инъикос менамояд ва ҳувияти миллиро ташаккул медиҳад.
        Тавассути забони тоҷикӣ дониш, эътиқод ва рамзҳои фарҳангии мардуми тоҷик аз насл ба насл интиқол дода шуда, барои боқӣ гузоштани мероси гаронбаҳои ба ин забон ва ҳифзи хотираи таърихӣ замина гузошта мешавад.
        Аз тарафи дигар, забони тоҷикӣ омили муҳими ваҳдати ҷомеа мебошад. Он ҳамчун пайванди байни минтақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ хизмат намуда, фазои ягонаи муоширатро саросари кишварамон таъмин менамояд. Дар кишварамон Тоҷикистон, ки забонҳои хурди маҳалливу фарҳангҳои гуногун роиҷ ҳастанд, забони тоҷикӣ нақши забони муошират байни халқҳои гуногунзабонро иҷро мекунад ва ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои байни сокинони кишвар мусоидат менамояд.
       Дар ҷаҳони муосир, ки падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва равандҳои муҳоҷирати васеъ хусусиятҳои асосии он ба шумор мераванд, нақши забони тоҷикӣ дар кишварамон боз ҳам муҳимтару мубрамтар мегардад. Рушду такмили забони тоҷикӣ дар замони муосир ба муқобила бо ассимилятсияи забонӣ ва ҳифзи гуногунии фарҳангӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, забони тоҷикӣ як воситаи муҳим дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг буда, ба рушду такомули насли ҷавон ва дар оянда мубаддал шудани онҳо ба қувваи зеҳнии кишвар мусоидат менамояд.
        Бо вуҷуди ин, мақоми забони тоҷикӣ маънои танг кардани забонҳои дигари маҳаллиро надорад. Дар давлатҳои бисёрзабона одатан сиёсати забонӣ вуҷуд дорад, ки ба ҳифз ва рушди забонҳои хурд нигаронида шудааст. Дар Тоҷикистони азизамон маҳз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ қодир ҳаст, то заминаи хубе барои омӯхтану нигаҳ доштани забонҳои хурди маҳаллиро фароҳам оварад.
       Танҳо бо муносибати эҳтиёткорона ба забони худ мо метавонем мероси бойи фарҳангии халқамонро ба наслҳои оянда интиқол диҳем.
       Забони тоҷикӣ қисми ҷудонашавандаи ҳувияти миллӣ ва давлатдории кишварамон мебошад. Он нақши асосӣ дар ягонагиву якпорчагии сарзаминамон, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди давлату давлатдорӣ мебозад. Танҳо бо кӯшишҳои якҷоя мо метавонем ин мероси бойи фарҳангиро ба наслҳои оянда интиқол диҳем ва забони давлатиамонро беш аз пеш рушду нумуъ ва тавсеа диҳем!