Дар конфронс мақолаи сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт, доктори илми филология, Варқа Охонниёзов бо унвони “Илми инсонмеҳр ва инсонмеҳварии илм” барои иштирокдорон қироат када шуд. Дар ин мақола аз хусуси ёдрас кардан аз як мафҳуме, ки бархе аз мардуми сайёра дар тӯли даҳсолаи охир ба он рӯй оварда, дар фаъолиятҳои худ истифода бурда истодаанд ва муваффақ ҳам гардидаанд, сухан рафт. Ин мафҳум бо номи “инсонмеҳварӣ” маъмул аст ва он ба эҳтиёҷоти инсон равона гардидани тамоми амалҳоро дар назар дорад. Ба сухани дигар, ҳар фаъолият, ҳар лоиҳа ва ҳар барномае, ки тарҳрезӣ мешавад дар маркази он ИНСОН, хоҳиш ва ҳавасҳои ӯ, ниёз ва эҳтиёҷоти ӯ, мақсад ва вазифаҳои ӯ, ҳозира ва ояндаи ӯ бояд мунъакис бошад.
Дар рафти конфронси илмӣ ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт, номзади илми филология, Сардорбек Азорабеков дар хусуси “Маърифати инсон аз нигоҳи тасаввуф” маруза кард. Дар ин маруза дар хусуси фалсафаи инсонгароии аҳли тасаввуф, ки аз доираи таъсири дин берун баромада буд, сухан рафт.
Ҳамчунин дар мавзуи Илм ва Инсон ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт Охонниезов Қосим маъруза кард.
Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи илм бо саволу ҷавоб хотима ва натиҷагирӣ карда шуд.