ҶАШНИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ШАҲРАКИ АКАДЕМӢ
Бо ибтикори се муассисаи илмӣ-таълимии ВМКБ: Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, Институти биологии Помир ва Филиали Дониикии Помир ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо тантана ва руҳияи баланд баргузор гардид. Ин ҳамоиши идона бозгӯйи ҳамбастагӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон буда, бо иштироки олимон, омӯзгорон, кормандон ва меҳмонони расмӣ дар фазои саршор аз шодиву сурур доир шуд.
Тантана аз пешвози меҳмонон дар саҳнаи чойхонаи Боғи ботаникӣ оғоз ёфт. Меҳмононро садои доирабазм, созу наво ва таронаҳои наврӯзӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, бо ҳузури рамзии Маликаи Наврӯзӣ ва Бобои деҳқон маҳфил ҳусни тоза касб намуд. Шеъру дуоҳои идона, таманниёти неку самимӣ ва рақсу оҳангҳои маҳаллӣ ба чорабинӣ руҳи хоса бахшида, муҳити ҷашнро боз ҳам рангорангу хотирмон сохтанд.
Дар идомаи маҳфил меҳмонон бо дастовардҳои илмии ин се муассисаи илмӣ-таълимӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, анвои таомҳои миллӣ, инчунин дастархони наврӯзии ҳафт шин ва ҳафт син ошно гардиданд. Ин гӯшаҳои идона на танҳо ҳусни чорабиниро афзуданд, балки бори дигар нишон доданд, ки Наврӯз пайвандгари илм, фарҳанг, маърифат ва суннатҳои деринаи миллии мост.
Зимни ифтитоҳи расмии маҳфил аз номи Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ доктори илмҳои гуманитарӣ Абдулназарзода А.А. ҳозиринро бо фарорасии баҳори хуҷастапай ва ҷашни фархундаи Наврӯз самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Наврӯз барои мардуми тоҷик танҳо оғози соли нав нест, балки ойини эҳёи табиат, рамзи покизагӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки Наврӯз паёми рӯшани сулҳ, дӯстӣ, созандагӣ ва умед ба фардои нек аст. Боиси ифтихори мост, ки ин ҷашни куҳанбунёди ниёгон имрӯз дар ҷаҳон мақоми баланд касб намудааст. Ба шарофати ташаббусҳои пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз ба фазои байналмилалӣ роҳ ёфт ва ҳамчун ҷузъи арзишманди мероси фарҳангии башарият эътироф гардид.
Директори биологии Помир институт, доктори илмҳои биологӣ Абдудназарзода А.Ғ. зимни табрикоти худ таъкид бар он дошт, ки ҷашни Наврӯзро рамзи бедории табиат, оғози фасли сабзиш ва эҳёи зиндагӣ арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки пайванди инсон бо табиат дар фалсафаи Наврӯз ҷойгоҳи махсус дорад ва маҳз ҳамин арзиш имрӯз аҳамияти бештар касб мекунад. Дар идомаи суханрониашон Абдулназарзода А.Ғ. ишора бар он доштанд, ки Наврӯз моро ба эҳтироми неъматҳои табиат раҳнамоӣ мекунад. Ин ҷашн инсонро ба созандагӣ, ободонӣ ва нигоҳубини муҳити зист даъват менамояд. Бояд бо ифтихор таъкид кард, ки бо талошҳои пайгиронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар Наврӯз имрӯз аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар рафта, ба ҷашни эътирофшудаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин таъкид бо мавқеи расмии созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамоҳанг аст.
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси ВМКБ Фурқат Ҳукумат ҳозирин ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик намуд. Бояд қайд намоем, ки ҳузури муовини Раиси ВМКБ дар ин ҳамоиши идона нишонаи равшани ҳамбастагии ҳукумат бо мардум, дастгирии арзишҳои миллӣ ва ҳамқадам будани сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа дар роҳи ҳифзу гиромидошти суннатҳои неки аҷдодӣ мебошад.
Фурқат Ҳукумат иброз доштанд, ки Наврӯз аз зумраи муқаддастарин ойинҳои миллии мост, ки мардумро ба ваҳдат, меҳнат, накукорӣ ва созандагӣ ҳидоят менамояд. Имрӯз мо бо ифтихор мебинем, ки ин ҷашни аҷдодӣ бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Ин барои ҳар як фарди ватандӯст мояи ифтихор аст. Ӯ ҳамчунин ба саҳми муассисаҳои илмӣ-таълимии вилоят дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, рушди тафаккури илмӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст баҳои баланд дод.
Ин маҳфили расмии идона бо доирабазм, созу наво, рақсу таронаҳои ҷаззоб идома ёфт. Кормандони ин се муассисаи бонуфузи вилоят Наврузи оламафрӯзро бо рӯҳияи болида, эҳсоси ифтихори миллӣ ва шодмонии самимӣ дар фазои озоду осуда таҷлил намуданд. Ҷашни баргузоршуда бори дигар собит сохт, ки Наврӯз на танҳо мероси гаронбаҳои ниёгон, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории илмиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба асолати миллӣ мебошад.
НАВРӮЗИ СОЛИ 2026 БАРОИ ҲАМАИ ТОҶИКИСТОНИЁН МУБОРАК БОД!