wrapper

Конференсия

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАФТАИ ИЛМ – ФАЗОИ МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРИИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ»

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАФТАИ ИЛМ – ФАЗОИ МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРИИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ»
 
9 апрели соли 2025И
нститути илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
    Дар фазои гарми ҳамкорӣ ва муҳити илмии таҳқиқотӣ, санаи 9-уми апрели соли 2025, дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, конференсияи муштараки илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Ҳафтаи илм баргузор гардиа, ду маркази илмии бонуфуз — Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков — дар он ширкат варзиданд.
    Ҳадафи асосии ин чорабинӣ — таҳкими робитаҳои байниинститутӣ, боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва пайгирии таҳқиқоти илмии дар заминаи рушди устувор муҳим ба ҳисоб меравад. Ин конференсия ба як майдони муколамаи озод ва созанда миёни олимон, таҳқиқотчиён ва мутахассисони соҳа мубаддал гардид.
     Қисмати расмӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ,
доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардида нақши илму дониш дар таҳкими заминаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар ишора гардида, зарурати рушду тавсеаи равандҳои илмиро таъкид намуданд.
     Ҳамзамон, маърузаҳои ҷолиб ва муҳими илмӣ дар самтҳои гуногун пешниҳод гардиданд, аз ҷумла:
1.  Абдулназаров А. Ғ., доктори илмҳои биологӣ — «Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба фауна ва экологияи Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ»
(таҳқиқоти замонавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист)
2.  Карамова И., ходими илмии ИИГ —
«Вклад О. Бокиева в изучении истории Памира»
(омӯзиши мероси таърихӣ ва шахсиятҳои илмӣ)
3.  Абдулназаров А., докторанти PhD —
«Рыбы водоёмов Памира: проблемы и перспективы их изучения»
(эҳёи манбаъҳои обӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ)
4.  Сабоиева Ҷ., ходими илмии ИИГ —
«Актуальность научных исследований в цифровой экономике» (интегратсияи илм ба равандҳои рақамии иқтисод)
5.  Бекназарова Х., номзади илмҳои биологӣ —
«Памирский ботанический сад как центр сохранения биоразнообразия» (нақши муҳими маконҳои табиӣ дар таъмини устувории экологӣ)
 
     Формати муосири баргузорӣ, ки дар он иштирокчиён ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам тариқи онлайн бо истифода аз системаи маҷозии Академияи миллии илмҳо ширкат намуданд, имконияти фарохеро барои мубодилаи афкор, пешниҳодҳо ва ҳамкориҳои оянда фароҳам овард.
     Мавзӯъҳои муҳокимашаванда васеъ, амиқ ва мубрами ҳаёти имрӯза шумурда шуда саволҳои иштирокчиён пас аз ҳар маъруза нишон доданд, ки мавзӯъҳо на танҳо мавриди таваҷҷуҳи олимон, балки ба ҷомеа низ муҳиму пурарзишанд.
     Дар анҷоми конференсия ба як гурӯҳ муҳаққиқон ва кормандони фаъоли ҳарду муассиса — ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Ин иқдом ба қадрдонии заҳмати олимону кормандон тақвияти ҳавасмандӣ дар самти илм хидмат мекунад.
     Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо саҳнае барои ироаи таҳқиқот, балки заминаи воқеии ташаккули ҷомеаи илмии муосир аст.
Он ҳамчунин намунаи равшани ҳамкории муваффақ миёни бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ буда, метавонад дар оянда низ ба як анъанаи илмии сатҳи миллӣ мубаддал гардад.
Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ ВА ТТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ МЕҲНАТ»
       Санаи 27-уми феврали соли 2025 дар толори ҲХДТ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат” бо иштироки муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ва ширкати роҳбарони идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ баргузор гардид.
       Директори Институти илмҳои гуманитарӣ, д.и.фил. Қаландариён Ҳоким Сафар сараввал муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназарро барои ширкат дар конференсияе, ки ба масъалаи басо муҳим ва актуалӣ – раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат бахшида шудааст, хайра мақдам гуфта, ба Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ барои зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор додани фаъолияти олимон ва ҳалли мушкилоти илмӣ ва барои пиёда намудани сиёсати илмпарваронаи Пешвои соҳибзаковату соҳибфаросати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипоси самимиамонро баён намуданд.
       Ҳамчунин профессор Қаландариён Ҳ.С. дар суханронии ифтитоҳӣ чунин изҳори назар намуданд: “Масъалае, ки имрӯз моро ба ҳам овардааст, мавзуи нав нест. Тадқиқотҳои охирини генетикӣ ва археологӣ аз он дарак медиҳанд, ки раванд ва ҷараёни муҳоҷират беш аз ду миллион сол аст, ки вуҷуд дорад. Шарҳи мафҳуми истилоҳии муҳоҷират ё таърифи илмии он мазмуни куллии равандро баён мекунад. Яъне ҳама гуна ҳаракати ҳудудии аҳолиро, ки бо убури сарҳади берунӣ ва дохилӣ бо мақсади тағйир додани ҷойи истиқомат ё иқомати муваққатӣ барои таҳсил ё фаъолияти меҳнатӣ, сарфи назар аз он ки зери таъсири омилҳои ҷалб ё фишор ба вуқӯъ мепайвандад, муҳоҷират мегӯянд.
        Аз ин таъриф бармеояд, ки дар умум чор намуди муҳоҷират мавҷуданд: доимӣ, муваққатӣ, ихтиёрӣ ва маҷбурӣ. Агар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирони байналмилалӣ ба беш аз 300 миллион нафар расида, анқариби 4% аҳолии ҷаҳонро ташкил дода, танҳо беш аз 4 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна дар Федератсияи Русия қарор дошта бошанд ва тамоюли болоравии ин рақамҳову фоизҳо пешбининашавандаву пешгиринашавандаанд, меарзад то ба ин мавзуъ ва таъсиру паёмадҳои мусбату манфии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.
        Ин масъала ба андозае муҳим ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии муҳоҷир ба андозае мазмуни сиёсӣ ва зери таваҷҷуҳи созмонҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 18-уми декабрро ба унвони Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон эълом кард.
        Агар имрӯз давлатҳои бо мушкилоти демографӣ ва норасоии қувваи корӣ дар бозори меҳнат маҷбуранд, ки бо таҳияи барномаҳои махсус ва муҳайёи имтиёзҳо шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалбу даъват намоянд (чун барномаи Переселение дар Федератсияи Русия ё Грин картаи Амрико, барномаҳои мухталифи ҷалби муҳоҷирони Аморати муттаҳидаи Араб, Сербия, Португалия, Эквадор, Германия), пас, кишварҳое, ки ҷараёни муҳоҷират дар онҳо зиёд аст, ночору ноилоҷанд то барномаҳои махсуси зидди муҳоҷиратро таҳия намоянду дар амалӣ сохтани он сахт кӯшо бошанд.
        Агар ба харитаи раванди муҳоҷират як назари иҷмолӣ афканем, муҳоҷирони кишварҳои дунё, ки чанд насли пешашон барои дарёфти зиндагии шоиста тарки диёр кардаанд, имрӯз боз, ҳарчанд хӯрҷини моддияшон пур аст, пуштора карда, дар ҷустуҷӯву кофтукови муҳити амну амоне ҳастанд, ки боду ҳавои тоза дошта бошад, табиати зебову бе ғашу олоиш дошта бошад, осмони софу нилгуни афсонавӣ дошта бошад ва муҳим аз ҳама ғизои табииву ғайри сунъӣ ва мардуме, ки фарҳанги писар ғамгусори падар то дами охирин бошад, ҳастанд.
        Ин муҳиту табиате, ки ҷаҳониён ҳавасаш мехӯранду дар орзӯяш хӯрҷинбапушт мегарданд, магар муҳити тоҷиконаи ВМКБ нест?! Агар ҷавоб «ҳа» бошад, пас, чаро фоизи баланди ҷараёни босуръати муҳоҷират ба ин гӯшаи зебои кишвари азизамон рост меояд?
        Таърих гувоҳ аст, ки баргашти муҳоҷирон ногузир аст. Имрӯз агар ин муҳитро мардуме тарк мекунад, ки хуну чеҳраи тоҷикона дорад, шояд муқимшудагони оянда аздастдодагони сириштмоя (генофонд) бошанд ва ё тамоман як халқияту як миллати дигар. Агар генофонди миллат сарнавишти таърихии миллат ва имрӯзу фардои онро муайян намояд, муҳоҷират дар шароити ҷаҳонишавӣ зарбаи сахт ва эҳтимоли нест кардани сириштмояи миллатро дорад.
        Дасти инсон гул аст, - мегӯянд дар урфият. Муҳит бе дахолати инсон ботлоқ асту биябон. Агар ба гуфтаи коршиносон оқибатҳои буҳрони баҳри Арал бузургтарин фалокати аср унвон шуда бошад, муҳоҷирати беист барои ВМКБ бузургтарин фоҷеаи асри 21 хоҳад буд.
        Бо ин каломи муқаддимавӣ, ки зарурати баргузории конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи “Раванди муҳоҷират ва таъсири он ба бозори меҳнат”-ро равшан намуданд, ҳозирини гиромиро барои ширкат ва шарикият дар кори ин чорабинии илмӣ хайра мақдам гуфта, дар ҳалли муҳимтарин тарафҳои норавшани масъала тавфиқу бурдбориҳо хоҳон гаштанд.
        Сипас, муовини Раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро аз номи Раиси ВМКБ Мизонабот Алишер Худобердӣ хайр мақдам гуфта, оиди масоили равандҳои мухталифи муҳоҷират, хусусиятҳои хосу таъсиррасонии онҳо ба бозори меҳнати ВМКБ нуктаи назари хешро баён намуданд.
Ба иштирокчиёни конференсия рӯйнамои н.и.и., докторанти ИИГ АМИТ Шоидарвозова Марзия Саидвалишоевна, ки дар асоси таҳлили натиҷаҳои аз таҳқиқотҳои саҳроии се навоҳии Бадахшон: Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва ш. Хоруғ бадастомада, дар доираи мавзуи зикргардида, пешкаш гардид.
          Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби иштирокчиён: Каниев Мулкамон - сардори Шуъбаи хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Қозидавлатзода Зайнулараб – сардори Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар ш. Хоруғ, Мирзоқандов Аминҷон - Сарвари Раёсати маорифи ВМКБ, Шоламов Саидазиз – мутасаддии Барномаи устуворгардонии ш. Хоруғ дар филиали Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар Тоҷикистон, Сайфуллоева Ольга – менеҷер оид ба масъалаҳои академии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Осиёи Марказӣ баромад намуда, тавсияҳои зерин пешниҳод гардиданд:
1.Таъсиси платформаи институтсионалӣ оид ба муҳоҷират барои идора ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба муҳоҷират дар асоси ҳамкориҳои зичи тарафайни хадамотҳои дахлдор.
2.Гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷониба оид ба сабабҳо, оқибатҳо ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ.
3.Таҳия ва такмили қонунгузории миллӣ соҳаи муҳоҷирати таҳсилотӣ ҷиҳати танзими равандҳои ин намуди муҳоҷират.
4.Таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди бозори меҳнат бо назардошти талаботи муҳоҷирони минтақа ва имкониятҳои шуғли онҳо.
5.Таҳия ва татбиқи барномаҳои мусоидат ба муҳоҷирони ба ватан бозгашта ҷиҳати бозсозӣ ва шуғли онҳо дар ҷойи зист.
Баёнияи мухтасар:
        Натиҷаҳои бадастомада ва маърӯзаи илмии ироашуда бо иловаи дархост ва бо назардошти эродҳо дар шакли китоб нашр мегарданд, то ки барои муҳаққиқони манбаи таҳқиқотии муътамад оиди таҳқиқи масоили муҳоҷират дар миқёси ВМКБ бошад.
Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БОМУВАФФАҚИЯТ АНҶОМ ЁФТ!

 КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ БОМУВАФФАҚИЯТ АНҶОМ ЁФТ! 
      Имрӯз, 20 феврали соли 2025, дар Толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ дар мавзуи «Гуногунии забон – омили муҳими ҳувияти фарҳангӣ ва рушди устувор» баргузор гардид.
      Забон – рукни асосии ҳувияти миллӣ ва василаи муколамаи тамаддунҳост. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва рушди гуногунии забонҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад. Забони модарӣ на танҳо василаи муошират, балки омили нигоҳдории фарҳанг, таърих ва худшиносии миллӣ низ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад, олимон, муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни институт дар ин ҳамоиши илмӣ гирд омаданд, то масъалаҳои марбут ба забоншиносӣ ва ҳувияти фарҳангиро баррасӣ намоянд.
 РАВАНДИ КОНФЕРЕНСИЯ
     Конференсияро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аҳамияти забонҳои модарӣ ва гуногунрангии забонӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва рушди устуворро таъкид намуданд.
Маърӯзаҳои илмӣ ва муҳокимаи мавзуҳои муҳим
     Мутахассисони варзида бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба нақши забон дар ҷомеа, қонунгузорӣ, таърихи забонҳо ва тавозуни байни забони модарӣ ва забони давлатӣ суханронӣ карданд:
 Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ: «Мақоми коммуникативии забонҳо ва инъикоси он дар қонунгузории давлатҳо» 
 Некушоева Ш., номзади илмҳои филологӣ: «Языковое разнообразие на примере одного глагола» 
 Мирзоев Шоҳназар, номзади илмҳои филологӣ: «Язык - живая история» 
 Назаршоева Ч.Р., номзади илмҳои филологӣ: «Ду забон, як садоқат: тавозун байни ҳифзи забони модарӣ ва дастгирии забони давлатӣ» 
 МУҲИМИЯТИ КОНФЕРЕНСИЯ ВА ХУЛОСАҲОИ АСОСӢ
       Конференсия ба як платформаи муҳими илмӣ барои табодули афкор миёни муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯён табдил ёфт.
      Гуногунии забонҳо – омили бойгарии фарҳангӣ ва ваҳдати миллӣ.
      Ҳифзи забони модарӣ – масъулияти ҳар як шахс ва ҷомеа.
      Забон – шиносномаи миллат ва калиди рушду худшиносӣ.
      Миннатдории худро ба тамоми устодон, муҳаққиқон, донишҷӯён ва магистрантоне, ки дар кори конференсия фаъолона иштирок карданд баён менамоем! Мавзуи забон ҳамеша мавзуи муҳими ҷомеа буда, ҳифзи он – вазифаи ҳар як шахси бомаърифати ба таъриху фарҳанги худ арҷ гузошта ба ҳисоб меравад!
     Бо чунин ҳамоишҳои илмӣ, дар оянда метавон дар ҳифзи забони модарӣ ва рушди он саҳми арзанда гузошт!
Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ "ВМКБ: АЗ ТАЪСИСЁБӢ ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ "ВМКБ: АЗ ТАЪСИСЁБӢ ТО СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
     7-уми феврали соли 2025 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ Конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «ВМКБ: аз таъсисёбӣ то соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
       Дар конференсия равандҳои таърихии ташаккули Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии он аз таъсисёбӣ то даврони соҳибистиқлолӣ баррасӣ гардида, аз нуқтаи назари илмӣ таҳлил гардиданд.
Муҳтавои Конференсия ва баромадҳои илмӣ:
      Чорабинии илмӣ бо сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмхои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардида, дар он нақши илмҳои гуманитарӣ дар омӯзиши таърихи ташаккули ВМКБ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
      Сипас, Муовини Раиси ВМКБ муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир аҳамияти стратегӣ ва илмии омӯзиши таърихи ВМКБ ва рушди устувори онро дар маърузаи илмӣ таҳти унвони «Нигоҳи ҷаҳониён ба арзишҳои Бадахшон мероси фарҳангӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳонӣ» ба иштирокчиён ироа намуд.
      Дар ҷараёни Конференсия олимони шинохта:
д.и.филол. Охонниёзов В.Д. бо маърузаи илмӣ: «Инъикоси арзишҳои миллӣ ва маҳаллӣ дар адабиёти замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон: намунаи Бадахшон»;
н.и.т. Шоинбеков А.А. «Заминаҳои таърихии таъсисёбии ВМКБ: омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ»;
н.и.т. Абдураҳмонов З.В. «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташаккули ҳувияти миллии мардуми Бадахшон ва рушди маориф»;
н.и.т. Шоинбеков Ф.Н. «Омӯзиши археологии шаҳраки Карон ва нақши он дар бозшиносии таърихи ВМКБ»;
Раматшоев Д.А. «Рушди муассисаҳои олии илмӣ-таълимии ВМКБ дар даврони Истиқлол: таҳлил ва дурнамо»;
Амонбеков С. «Истифодаи иқтидорҳои сайёҳии ВМКБ дар раванди рушди иқтисодиёти минтақавӣ» тариқи маҷозиву ҳузурӣ баромад намуданд.
Тавсияҳо ва дурнамо:
      Дар фарҷоми Конференсия аз ҷониби маърузачиён ва иштирокчиёни Конференсия тавсияҳои зерин пешниҳод гардиданд:
     Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати омузиши аниқи таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии ВМКБ.
     Дастгирии таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихӣ, бахусус омӯзиши шаҳраки Карон ва дигар ёдгориҳои таърихии ВМКБ.
    Истифодаи иқтидорҳои сайёҳӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ВМКБ бо такя ба мероси таърихӣ ва табиати нотакрори минтақа.
Баёнияи мухтасар:
     Конференсияи мазкур на танҳо саҳмгузорӣ дар таҳқиқоти илмӣ, балки иқдоми муҳиме дар шинохти амиқи таърихи ташаккули ВМКБ ва нақши он дар рушди давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
     Натиҷаҳои бадастомада ва маърӯзаҳои илмии ироашуда дар шакли мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр мегарданд, то ки барои муҳаққиқони оянда манбаи таҳқиқотии муътамад бошанд.
Муфассал ...