ОХОНИЁЗОВ ВАРҚА ДУСТОВИЧ
доктори илми филология
сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гумантираӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Охониёзов Варқа Дустович, с.т. 1965, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, 12-уми декабри соли 1965 дар дењаи Шивози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ таваллуд шудааст.
Соли 1990 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо дипломи аъло хатм карда, фаъолияти илмии худро аз вазифаи лаборанти шуъбаи помиршиносии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳозир Академияи милли илмҳои Тоҷикистон) оғоз намудааст. Дар муддати як соли фаъолияташ, мавсуф ба вазифаҳои лаборанти калони шуъбаи номбурда ва пас аз он ходими хурди илмӣ ва ходими илмии шуъбаи фолклору адабиёти Институти илмҳои гуманитарии Бахши Помирии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намудааст. Дар давоми солҳои 2000 - 2003 вазифаи сарварии шуъбаи филологияи помири ИИГ-ро низ ба уҳда доштааст. Тӯли солҳои 2008 - 2019 ходими калони илмӣ ва аз соли 2019 то инҷониб ба ҳайси сарходими илмии ИИГ АМИТ(тариқи шартномавӣ) ба корҳои илмӣ машғул мебошад.
Соли 1992 В.Д. Охониёзов бо тавсияи садорати ИИГ ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи АИ ҶТ дохил шуда, соли 1996 онро бомуваффақият хатм намуд. Дар ин муддат рисолаи илмии номзадии хешро дар мавзӯи «Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои маҳаллӣ” (дар мисоли гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ) барои ҳимоя омода сохта, онро моҳи июли соли 1997 дар назди Шӯрои мутахассисонидашудаи назди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси 10.01.03 – Адабиёти халқҳои мамолики нави хориҷӣ ҳимоя кард ва сазовори дараҷаи номзади илмҳои филологӣ гардид.
Моҳи ноябри соли 2010 бошад, мавсуф кори докториашро дар яке аз мавзуъҳои нави таърих ва назарияи адабиёти тоҷик – «Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсии тоҷикӣ» омода сохта, дар Шӯрои диссертатсионии Д047.004.01-и Институти забон ва адабиёти ба н. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳимоя кард ва сазовори дараҷаи доктори илмҳои филологӣ гардид. Мавзӯи мазкур дар илми адабиётшиносии тоҷик нахустин маротиба ба риштаи таҳлил кашида шуд ва бевосита ба худшиносии миллӣ, ҷаҳоншиносии тоҷикон, таносуби тафаккур ва давлатдорӣ, пайвастагии назарӣ ва амали фаъолияти одамон, ки ба рамз ва мафҳуми рангҳо вобастаанд, иртиботи қавӣ дорад.
Охониёзов Варқа Дустович муаллифи монографияҳои илмии “Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсу тоҷик” (Душанбе: Дониш, 2010. – 243 с.), “Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик” (Душанбе: матбааи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, 2012. – 189 с.), “Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ” (Душанбе: Эр граф, 2017. – 330 с.), “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” (Душанбе: Сифат – Офсет, 2022. – 328 с.) ва маҷмӯаи мақолаҳои “Берангӣ хосияти Офаридгор” (Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2010. – 193 с.) мебошад.
Асарҳои номбурда ҳар яке дар ҷойи хеш қисмате аз таърихи адабиёти тоҷик ва назарияи онро пурра месозанд, вале “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон” барои натанҳо илми адабиётшиносии тоҷик, балки инчунин барои таҳкими худшиносии миллии насли нав саҳми арзанда дорад. Ҳадафи асосии таълифи ин асар нишон додани мавқеи адибони Бадахшон дар рушду нумуъи адабиёти форсии тоҷикӣ ва инчунин, муайян намудани ҷойгоҳи адабиёти ба забони форсии тоҷикӣ эҷодшуда дар мустаҳкам намудани тафаккур ва худшиносии миллии маскунони ин сарзамин мебошад.
Қобилият ва маҳсули пажӯҳандагии В.Д. Охониёзов гуногунҷабҳа буда, мавсуф дар баробари эҷоди монографияҳои алоҳида, 67 мақолаҳои сирф илмӣ ва 142 мақолаҳои энсеклопедиро таҳия намуда, дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ ба табъ расондааст.
Дар баробари ин, В.Д. Охониёзов бо мақолаҳои таҳлилӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш дар ҳаёти даврони Истиқлолияти кишвар саҳмгузор мебошад. Аз ҷумла, мақолаҳои ӯ бо унвони “Ҷашни мо ё ҷашни забон” (Оинаи зиндагӣ, № 4, августи с. 1999), “Ситоишгари ӯ мардум аст (ба пешвози интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Минбари халқ”, 6 октябри с. 2006), “Парчами миллӣ, Ливои Президент ва Дирафши Ковиёнӣ” (“Берангӣ хосияти Офаридгор”, Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2010. – С. 83-91), “Қонуне, ки арзишаш рӯзафзун аст (ба пешвози 10 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, Дин ва ҷомеа, №4 (61), апрели 2019), “Илми инсонмеҳвар ё инсонмеҳварии илм” (Маҷмӯаи мақолаҳои ИИГ бахшида ба мулоқоти асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар (18 марти с. 2020). – Душанбе: ҶДММ “Сифат Офсет”, 2020) мисоли ширкати фаъоли В.Д. Охониёзов дар пешрафти сиёсию фарҳангии Ватан мебошад.
Ҷои зикр аст, ки аз ҷониби В.Охониёзов асари тадқиқотии “Ташаккул ва таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият”, бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз чоп баромад, ки аз нахустин иқдомоти пажӯҳандагӣ дар ин самт мебошад. Тадқиқот аз се қисмати асосӣ иборат буда, дар он мавқеъ ва ҳадафи мафҳумҳои худи Истиқлолу Ваҳдат, муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, дигаргуниҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, футуҳот ва иншоотҳои бузургтарини кишвар, дигаргунии симои шаҳраку деҳот ва амсоли инҳо дар адабиёт, махсусан дар шеъри шоирони Бадахшон пурра ва ҳаматарафа таҳлил гардидааст. Қисмати асосии тадқиқот ба тасвиру тараннуми мақом, манзалат, симо, сират ва фидокориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди созандагӣ, ки дар шеъри шоирони Бадахшон инъикос ёфтааст, ихтисос дода шудааст.
В.Д. Охониёзов, дар баробари фаъолияти илмии хеш, ба фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул гардидааст ва дар давоми солҳои 1992 – 2000 ба ҳайси омӯзгори фанҳои «Назмшиносӣ», «Назарияи адабиёт» ва «Таърихи адабиёти Эрон» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев адои касби омӯзгорӣ намудааст. Таҷрибаи омӯзгории мавсуф имконият додаст, ки ӯ “Роҳнамо”-и таълими фанни “Назмшиносӣ”-ро барои аспирантон ва магистрони муассисаҳои самти гуманитарӣ омода намояд ва мавриди баҳрабардории омӯзгорон қарор диҳад.
Новобаста аз дараҷаҳои вазифа ва теъдоди уҳдадориҳо, В.Д. Охониёзов дар ҳама гуна ҳолат хислатҳои беҳтарини одамгариро нишон дода, нисбати арзишҳои инсонӣ арҷ мегузошт. Ӯ ҳама вақт намунаи беҳтарин шахси ҳамкор барои кормандони ИИГ АМИТ ва омӯзгори пуртаҷрибаву бодониш барои муассилини Донишгоҳ ба шумор мерафт. Хислатҳои инсондӯстӣ, хоксорӣ, сазовори дониши комил будан, арҷгузорӣ ба суннатҳо ва арзишҳои миллӣ ва пайравӣ аз қонунгузориҳои расмӣ мавсуфро дар назари ҳамкорон, шогирдон ва ёру дӯстон муътабар месозанд. Таҳти роҳбарии В.Д. Охониёзов 4 нафар унвонҷӯй рисолаҳои номзадиашонро дар масъалаҳои гуногуни фолклору адабиёти тоҷик ҳимоя намуда сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардиданд. Дар ҳоли ҳозир бошад, мавсуф роҳнамоии як рисолаи докторӣ ва роҳбарии ду рисолаи номзадиро анҷом дода истодааст ва хизмати ӯ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос хеле зиёд аст.
Дастовардҳои илмӣ:
а) монографияҳо ва маҷмӯаи мақолаҳо:
- Охониёзов, В.Д. Берангӣ хосияти Офаридгор (маҷмӯаи мақолаҳо) / В.Д. Охониёзов. – Душанбе: ҶДММ “Контраст”, 2010. – 193 с. УДК 891.550-1.
- Охониёзов, В.Д. Мафҳум ва рамзи рангҳо дар назми классикии форсу тоҷик / В. Д. Охониёзов. – Душанбе: Дониш, 2010. – 243 с. ББК 83.3(0)+83.3(2тоҷик); ISBN – 978-99947-38-68-7.
- Охониёзов, В.Д. Нодир Шанбезода ва адабиёти муосири тоҷик / В.Д. Охониёзов. – Душанбе: матбааи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, 2012. – 189 с. УБК 821.222.8.
- Охонниёзов, В.Д. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ / В.Д. Охонниёзов. – Душанбе: Эр граф, 2017. – 330 с. ББК 81.2тоҷик+82.3(тоҷик)+83.3. (2тоҷик)+92Я2; О -82. ISBN 978-99975-61-54-1.
- Охонниёзов, В.Д. Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон, китоби аввал: Заминаҳои пайдоиш ва таҳаввули адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон. – Душанбе: Сифат – Офсет, 2022. – 328 с. ТДУ550+891.55(091) (575.32); ТКБ 83,3 (2 тоҷик); О-88. ISBN 978-99985-77-03-9.
- Охонниёзов В. Д. Таҳаввули адабиёти Бадахшон дар даврони Истиқлолият. – Душанбе: Сифат-Офсет, 2023. – 198 с. ТДУ 891.550; ТКБ 83,3 (2 тоҷик); О-89. ISBN 978-99985-77-17-6.
б) мақолаҳои илмӣ:
- Охониёзов, В.Д. Языковые контакты на материале народной поэзии народов Бадахшана (Памира) /, Н. Шакармамадов , В.Д. Охониёзов // Проблемы языкового контактирования в конкретных полиэтнических регионах СССР. Всесоюзная научная конференция, 10-13 апреля 1991 г – Махачкала, 1991. – С. 56-57.
- Охониёзов, В.Д. Назаре ба назми шуғнизабон / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои филологияи Помир. – Душанбе: Дониш, 1992. – С. 140-144. ISBN 5–8366–0448–8.
- Охониёзов, В.Д. Намунаҳо аз ашъори шоирони помиризабон (бо тарҷумаи тоҷикӣ) //Масъалаҳои филологияи Помир, шумораи 4. – Душанбе: Дониш, 1992. С. 163-194.
- Охониёзов, В.Д. Рубоӣ ва маросими мотам / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои фолклори кишварҳои форсизабон. – Душанбе: Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, китоби аввал, 1998. – С. 190 – 198.
- Охониёзов, В.Д. Афкори парешон / В.Д. Охониёзов // Бадахшон, 1998. – С 2.
- Охониёзов, В.Д. Ҷашни мо ё ҷашни забон /В.Д. Охониёзов // Оинаи зиндагӣ, № 4, августи с. 1999. – С. 3.
- Охониёзов, В.Д. Инъикоси суннат ва эътиқодоти мардумӣ дар назми шифоҳии помиризабон / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи Хоруғ, бахши 2, илмҳои гуманитарӣ, № 2, 2000. – С. 34-39. ISSN 2075-9584.
- Охониёзов, В.Д. Назми помиризабон таърихи қадима дорад / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи Хоруғ, бахши 2, илмҳои гуманитарӣ, № 3, 2001. – С. 76-81. УДК:141.7:316.752; ISSN 2075-9584.
- Охониёзов, В.Д. Образи нахчир дар назми помиризабон / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои филологияи Помир. – Душанбе, 2003. – С. 79-89.
- Охониёзов, В.Д. Мафҳуми як ранг дар эътиқоди мардуми Бадахшон / В.Д. Охониёзов //Симпозиуми умумиҷумҳуриявии «Иқтисодиёт ва илми ВМКБ: дирӯз, имрӯз ва фардо». – Хоруғ, 2005. – С. 107-109.
- Охониёзов, В.Д. Ситоишгари ӯ мардум аст (ба пешвози интихоби Президенти Ҷусҳурии Тоҷикистон) / В.Д. Охониёзов // Минбари халқ, 6 октябри соли 2006. – С. 3.
- Охониёзов, В.Д. Мафҳуми рангҳо дар афкор ва осори Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, № 8, бахши филология. – Душанбе: “Сино”, 2008. - С. 245-261.
- Охониёзов, В.Д. Ташреҳи рангҳо дар «Футувватномаи султонӣ» / В.Д. Охониёзов // Адаб, № 1 (4). – Душанбе: Нашриёти “COLORIT DESIGN”,, 2008. – С. 11-16.
- Охониёзов, В.Д. «Рангинӣ»-и ашъори Рӯдакӣ / В.Д. Охониёзов // Фишурдаи суханрониҳои Симпозиуми байналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон». – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 56-58. ISBN–978–99947–38–32–8.
- Охониёзов, В.Д. Равзане ба маъонии шеъри Рӯдакӣ / В.Д. Охониёзов // Маорифи Тоҷикистон, №№ 1(85)-2 (86). – Душанбе: ҶДММ “Эр-Граф”, 2008. – С. 75-80.
- Охониёзов, В.Д. Ифтихори назми шуғнӣ (таҳлили ашъори маҳаллизабони Нодир Шанбезода) / В.Д. Охониёзов // Ҳосили умр (маҷмӯаи ашъор ва ёдномаи Нодир Шанбезода). – Душанбе: ДРСТ, 2008. – С. 61-75.
- Охониёзов, В.Д. Назми маҳаллии помиризабон – муҳофизи суннатҳо ва эътиқодоти мардумӣ / В.Д. Охониёзов // Забонҳои таҳти таҳдид ва таърих. Душанбе: Дониш, 2009. – С. 183-191.
- Охониёзов, В.Д. Зарурияти омӯзиши мафҳуми рангҳо дар ашъори Рудакӣ / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, № 8, бахши филология. – Душанбе: Сино, 2009. - С. 168-171. ISSN 2074-1847.
- Охониёзов, В.Д. Мафоҳими вобаста ба рангҳо ва истифодаи онҳо дар «Шоҳнома» / В.Д. Охониёзов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи филология ва шарқшиносӣ, № 1. – Душанбе: Дониш, 2009. - С. 51-61. ISSN 0235-0041.
- Охониёзов, В.Д. Рамзи рангҳо дар назми тасаввуфии классикии тоҷик / В.Д. Охониёзов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи филология ва шарқшиносӣ, № 1. – Душанбе: Дониш, 2009. - С. 62-69. ISSN 1026-3322.
- Охониёзов В.Д. Муносибати Ислом ба рангҳо ва таъсири он ба афкори миллатҳои эрониасл / В.Д. Охониёзов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи филология ва шарқшиносӣ, №.4 – Душанбе: Дониш, 2009. - С. 101-110. ISSN 2076-2569.
- Охониёзов, В.Д. Мафҳуми «берангӣ» дар назми Бедил / В.Д. Охониёзов // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи филология ва шарқшиносӣ, № 1. – Душанбе: Дониш, 2010. - С. 42-45. ISSN 1026-3322.
- Охониёзов, В.Д. Ранги майи Рӯдакӣ / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, № 8, бахши фолология. – Душанбе: “Сино”, 2010. - С. 189-191. ISSN 2074-1847.
- Охониёзов, В.Д. Символика цветов в персидско – таджикской суфийской поэзии / В.Д. Охониёзов // Журнал «Молодой учёный», № 8 (19), август, 2010. – C. 68-72. ISSN 2072-0297.
- Охониёзов, В.Д. Масоиле чанд марбут ба суннати чароѓравшанкунӣ / В.Д. Охониёзов // «Мероси Аҷам». Барориши 1, Душанбе, 2010. – С. 58-67.
- Охониёзов, В.Д. Отражение основных цветов и их символика в «Шах-наме» Фирдоуси / В.Д. Охониёзов // Вестник Университета: Российско – Таджикский (славянский) университет. – Душанбе, № 3 (29), 2010. ISSN: 2077-8325.
- Охониёзов, В.Д. «Гули сурх»-и Рӯдакӣ / В.Д. Охониёзов / «Ёдномаи Устод Рӯдакӣ». – Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. – С. 374-385. ББК 3(0)9+83.3(2тоҷик)+72.3; Ё – 21. ISBN 978-99975-820-2-7.
- Охониёзов, В.Д. Шах-Футур Мухаббат-шахзаде – основатель просвещение Памира / Т.С. Қаландаров, В.Д. Охониёзов, // «Выдающиеся просветители Евразии»– Уфа: Издательство БГПУ, 2016. – С. 122-128. УДК 80/81; ББК 92; И 92. ISBN 978-5-87978-934-8.
- Охониёзов, В.Д. Назаре ба назми ирфонии Бадахшон / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои мубрами забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ. – Душанбе, 2016. – С. 60-73.
- Охониёзов, В.Д. Иртиботи маънавии Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ бо Носири Хусрав / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои мубрами помиршиносӣ (Маводи конфронси байналмилалӣ бахшида ба 60 солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М.М). – Хоруғ: Хушкор, 15-16 октяри с. 2016. – С. 94- 114. ББК 67.91; УДК: 327; 063.3; М-43.
- Охониёзов, В.Д. Адабиёти Бадахшон: мушкилиҳои таҳқиқ ва пешниҳодҳо / В.Д. Охониёзов // Суханшиносӣ, № 2. – Душанбе: “Дониш Граф”, 2016. УДК:891.592.09; О-83. ISSN 2308-7420.
- Охониёзов, В.Д. Тасвири таҷрибаи адолатхоҳӣ ва зулмстезӣ дар ашъори форсии тоҷикӣ / В.Д. Охониёзов, Р. Бустонӣ // Суханшиносӣ, № 3. – Душанбе: “Дониш Граф”, 2016. – С. 27 – 31. УДК: 891.55.09+891.550.09; О-83. ISSN 2308-7420.
- Охониёзов, В.Д. Роҳҳои интишори адабиёти форсии тоҷикӣ дар Бадахшон / В.Д. Охониёзов // Номаи Донишгоҳ, № 3 – Хуҷанд, 2017. – С.87 – 92. УДК 8Т1; ББК 83,3 (0) 3. ISSN 2077-4990.
- Охониёзов, В.Д. Конец света (Охирзамон) в религиозном и нравственном понимании исмаилитов Бадахшана (Памира) // В.Д. Охониёзов / Душанбинский альманах. Взаимодейсвие религиозных и культурных традиций. Вып.2. – Душанбинская и Таджикистанская эпархия Русской Православной Церкви. – М.: ИПО “У Никитинских ворот”, 2017. УДК 27; ББК 86,2; Д86. ISBN 978-5-00095-402-7.
- Охониёзов, В.Д. Таҳқиқе дар вазн ва арзиши “Шоҳнома” / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои назария ва таърихи адабиёти тоҷик (мақолаҳо аз ҳамоиши ҷумҳуриявии “Афкори назарӣ адабии форсу тоҷик дар асрҳои миёна” бахшида ба 80 солагии Арбоби илм ва техникаи ҶТ, профессор Худоӣ Шарифов). – Душанбе: Сино, 2017. – С. 72-79. УДК 491.550+891.550:001; ББК: 80/84; М-31; М-37. ISBN 978-99947-847-8-5; EAN-13 9789994784783.
- Охониёзов, В.Д. Заминаҳои монандии тасвири инсон дар ашъори Носири Хусрав ва Неъматуллоҳи Валӣ / В.Д. Охониёзов // Паёми Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба н.Носири Хусрав, 1 / 2 (53). – Бохтар: ҶДММ “Матбаа”, 2018. – С. 5-10.
- Охониёзов, В.Д. Ҳамоҳангии “ҷаҳони”-и Ҳаким Носири Хусрав бо “ҷаҳон”-и Устод Рӯдакӣ / В.Д. Охониёзов // Суханшиносӣ (маҷаллаи илмӣ), ИЗА ба н. Рудакӣ, АИ ҶТ, № 4. – Душанбе: ҶДММ Сармад-Компания”, №4, 2018. – С. 80-89. УДК: 891,550. ISSN 2308-7420.
- Охониёзов, В.Д. Ғараз аз тасвири табиат ва Наврӯз дар як қасидаи Носири Хусрави Қубодиёнӣ / В.Д. Охониёзов // Номаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба н. Б.Ғафуров, силсилаи илмҳои гуманитарӣ, № 4 (57). – Хуҷанд, 2018. – С. 123-127. ISSN 2077-4974.
- Охониёзов, В.Д. “Офоқнома» ва «Охирзамоннома»: ду навъи шеъри тоҷикӣ-форсии адабиёти Бадахшон / В.Д. Охониёзов // Авруосиёи мусулмонӣ: Сармояи рамзӣ дар раванди таърих. – Душанбе: ҶДММ “Офсет-Империя”, – С. 141-151. ISBN 978-99975-02-41-4.
- Охониёзов, В.Д. Суннати мадҳиясароӣ: Мафҳум, тарзи иҷро ва баракати он / В.Д. Охониёзов // Пайванд, № 3(47) – Душанбе: Чопхонаи “Шарқи озод”, 2018. – С. 37-45.
- Охониёзов, В.Д. Лоҳутӣ ва нақди шеъри Шанбезода / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷмӯаи илмии Институти илмҳои гуманитарии ба н. Б. Искандаров, АМИТ), №1. – Душанбе: ҶДММ “Сифат-Офсет”, 2019. – С. 78-85. УДК 891.550.
- Охониёзов, В.Д. Устод Айнӣ дар тасвири Нодир Шанбезода / В.Д. Охониёзов // Суханшиносӣ, маҷаллаи илмии Институти забон ва адабиёти ба н. Рӯдакии АНИТ. – Душанбе: Дониш, №4, 2019. – С. 94-100. УДК: 891,550. ISSN 2308-7420.
- Охониёзов, В.Д. Шинохте аз ношинохтагиҳои ҳаёти Шоҳфутур / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷмӯаи илмии Институти илмҳои гуманитарии ба н. Б. Искандаров, АМИТ), №2. – Душанбе: ҶДММ “Сифат-Офсет”, 2019. – С. 63-70. УДК 891.550 (092).
- Охониёзов, В.Д. Қаламе, ки аз фалак менавишт (чанд андеша перомуни ҳунари эҷоди Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов ба муносибати 90 солагии нависанда) / В.Д. Охониёзов // Садои Шарқ, №10. – Душанбе: Матбааи “Сухан”, 2019. – С. 112-116.
- Охониёзов, В.Д. Қонуне, ки арзишаш рӯзафзун аст ( ба пешвози 10 солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”) / В.Д. Охониёзов // Дин ва ҷомеа, №4 (61), апрели 2019. – Душанбе: Матбааи ҶДММ “Орбита”. – С. 3-5.
- Охониёзов, В.Д. Мафҳуми ҳаҷ ва вазифаи ҳоҷӣ аз нигоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ / В.Д. Охониёзов // Дин ва ҷомеа, №6 (63). – Душанбе, 2019. – С. 13-14.
- Охониёзов, В.Д. Первый музей на Памире (посвящается первому просветителью Бадахшана Шахфутуру Мухаббатшах-заде / В.Д. Охониёзов, Т.С. Каландаров // Охониёзов В.Д, Каландаров Т.С. / Вопросы гумантираных наук (научный журнал Института гуманитарных наук им. Б. Искандарова, НАНТ), №2. – Душанбе, 2019. – С. 140-147. УДК 727.1\9 (575.32). ISBN 978-99975-979-9-1
- Охониёзов, В.Д. Асли моҳияти ҷашнгирии Наврӯз дар Бадахшон / В.Д. Охониёзов // Суханшиносӣ, маҷаллаи илмии Институти забон ва адабиёти ба н. Рӯдакии АНИТ. – Душанбе: Дониш, №1, 2020. – С. 135-147. УДК: 891,550. ISSN 2308-7420.– С. ISSN 2308-7420.
- Охониёзов, В.Д. Муҳаққиқи холисбин / В.Д. Охониёзов // Муҳаққиқи моҳиятбин ва равандшинос (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ бахшида ба 75 солагии муҳаққиқ Абдухолиқи Набавӣ). – Душанбе: “Сифат-Офсет”, 2020. – С. 99-106. ББК 81.2 тоҷик – 2+92Я2; Н 86. ISBN 978-99975-983-4-9.
- Охониёзов, В.Д. Хатоҳои 20 соли пеши ман дар мавриди шеъри Нодир Шанбезода / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷаллаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитраӣ ба н. академик Б.Искандарови АИ ҶТ), № 4. – Душанбе: ҶДММ “Сифат-Офсет”, 2020.
- Охониёзов, В.Д. Ҳунари Шанбезода Нодир дар истифода аз фасоҳати забони шуғнонӣ / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷаллаи илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитраӣ ба н. академик Б.Искандарови АИ ҶТ), № 4. – Душанбе: ҶДММ “Сифат-Офсет”,
- Охониёзов, В.Д. Мавҷудияти забонҳои шарқи эронӣ дар Бадахшон мояи ифтихори кулли тоҷикон аст / В.Д. Охониёзов // Суханшиносӣ (маҷаллаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ), № 1. – Душанбе, 2020.
- Охониёзов, В.Д. Тасвири ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дар қасоиди Носири Хусрави Қубодиёнӣ / В.Д. Охониёзов, А. Шафтолиев // Маҷмӯаи мақолаҳои Конфронси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, апрели с. 2020. . – C. 63 – 72.
- Охониёзов, В.Д. Илми инсонмеҳвар ё инсонмеҳварии илм / В.Д. Охониёзов // Маҷмӯаи мақолаҳои Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои ҶТ бахшида ба мулоқоти асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар (18 марти с. 2020). – Душанбе: ҶДММ “Сифат Офсет”, 2020.
- Охониёзов, В.Д. Оини Наврӯзӣ дар Бадахшон / В.Д. Охониёзов // “Садои мардум”, аз 24 марти с. 2020, №36-37 (4142-4143).
- Охониёзов, В.Д. Таҳқиқи фолклор ва адабиёти Бадахшон дар замони истиқлол / В.Д. Охониёзов // Номаи Донишгоҳ (маҷаллаи Донишгоҳи давлатии Хӯҷанд ба номи академик Б. Ғафуров), № 4(69). – Хуҷанд: Матбааи «Нури маърифат» 2021. – С 98-104. ТДУ 8Т1; ТКБ 83,3 (0) 3. ISSN 2077- 4990.
- Охониёзов, В.Д. Андешае чанд перомуни суруди нави “Нахчиргиҷик” / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷаллаи илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба н. академик Б.Искандарови АМИТ), № 4. – Душанбе: ҶДММ “Сифат – Офсет”, 2020. – С. 106-112. УДК 398.8. ISSN 2708-308X.
- Охониёзов, В.Д. Симои шоир дар шеъри шоир (Чанд сухан аз боби ашъори шоири ҷавон Фаридуни Шогун) / В.Д. Охониёзов // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ (маҷаллаи илмии Институти илмҳои гуманитарӣ ба н. академик Б.Искандарови АМИТ), № 4. – Душанбе: ҶДММ “Сифат – Офсет”, 2020. – С. 85-93. УДК 891.550. ISSN 2708-308X.
- Охониёзов, В.Д. Моҳияти аслии ҷашнгирии Наврӯз дар Бадахшон / В.Д. Охониёзов // Пайванд (Номаи анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»), №1 (47). – Душанбе: Чопхонаи “Шарқи озод”, 2022. – С. 44-50.
- Охониёзов, В.Д. Пайванди ҷуғрофиёии Ҳисору Бадахшон дар шеъри Мирзо Турсунзода / В.Д. Охониёзов // Номаи Донишгоҳ (маҷаллаи Донишгоҳи давлатии Хӯҷанд ба номи академик Б. Ғафуров), № 3 (72). – Хуҷанд: Матбааи «Нури маърифат», 2022. – С 72-75. ТКБ 8Т1; DOI:10.51844-2077-4990-2022-3-72-75. ISSN 2077- 4990.
- Охониёзов, В.Д. Мустафоди Амир Хусрави Деҳлавӣ аз рангҳо дар қиссапардозиҳои “Ҳашт биҳишт” / В.Д. Охониёзов // Амир Хусрави Деҳлавӣ – шоири хамсасаро (маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода. – Душанбе: ҶДММ “Табъу нашр”, 2023. – С. 74-84. Д 48; ББК 83.3 Тад.; УДК 82 (092); ISBN 978-99985-51-40-4.
- Охонниёзов В.Д. Вклад Андрея Евгеньевича Бертельса в сборе и исследование духовного наследия бадахшанцев Таджикистана / Международный научно-практический журнал “ENDLESS LIGHT in SCIENCE”. – Алматы, Казахстан, 23 сентября 2023 г. – С. 300 -305. ISSN 2709-1201; SJIF 2020 - 5.497; 2021 – 5.81; УДК 82.091.
- Охонниёзов В.Д. Муқоисаи баъзе аз тасвирҳои достони “Барзунома” бо санаҳои тасвир дар “Достони Рустам ва Сӯҳроб” / Суханшиносӣ, маҷаллаи илмии Институти забон ва адабиёти ба н. Рӯдакии АНИТ. – Душанбе: Дониш, №4, 2023. – С. 96-103.УДК: 891,550.
- ISSN 2308-7420.
- Охонниёзов В.Д. Андешаҳои ватанпарварона дар масъалаҳои эътиқодии Носири Хусрав (дар ҳаммуалифӣ бо Шафтолиев А.) / Маводи Конференсияи илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушду таҳаввули жанри қасида дар адабиёти тоҷик” бахшида ба бузургдошти Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва 80 солагии профессор Икромов Искандар. – Бохтар, 2-уми декабри с. 2023. – с. 72-78. ББК 83.3(0)9+83.3(2тоҷик) + 63.3(2тоҷик)+92Я2; УДК 82; Р-85.
- Охонниёзов В.Д. На ҳамаи ғазалҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ ғазаланд / Persian Speaking Countries International Philology Symposium. – Malatya, Turkiy: INONU University, 2023. – C. 199-203. ISBN 978-625-8293-36-4.
- Охонниёзов В.Д. Мавҷудияти забонҳои шарқи эронӣ мояи ифтихори кулли тоҷикон аст / Маводи Конфронсияи байналмилалии илмӣ- амалӣ таҳти унвони: “Филологияи шарқ: пажӯҳиши забоншиносӣ, равобити адабӣ ва тарҷумашиносӣ” (08.12.2023). – Душанбе: ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода. – С. 135 – 139. ТДУ: 81 тоҷик + 81.255.2 +82 тоҷик + 03 тоҷик. ТКБ: 81.2 тоҷик – 4+83.3 (0)9+81.2 – 7 + 9292. М – 13. ISBN 978-99985-55-99-0.
в) мақолаҳои энсиклопедӣ
- Охониёзов В.Д. Анбарин / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 121.
- Охониёзов В.Д. Ахзар / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С.155.
- Охониёзов В.Д. Буссадин / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 270.
- Охониёзов В.Д. Гулгун / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 330-331.
- Охониёзов В.Д. Гулранг / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 334.
- Охониёзов В.Д. Гуна / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 340.
- Охониёзов В.Д. Диноргун В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 427.
- Охониёзов В.Д. Зарандуд / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 483.
- Охониёзов В.Д. Зард / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 484 – 485.
- Охониёзов В.Д. Зардгуна / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 485.
- Охониёзов В.Д. Зарогин, заррогин / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 487.
- Охониёзов В.Д. Заррин / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 487.
- Охониёзов В.Д. Кабуд / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 548.
- Охониёзов В.Д. Қирандуд // В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 15-16.
- Охониёзов В.Д. Миноӣ // В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 120.
- Охониёзов В.Д. Мӯрдзор / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 191.
- Охонниёзов В.Д. Нил / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 229-230.
- Охониёзов В.Д. Ранг / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 348 – 350.
- Охониёзов В.Д. Рангин / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 350.
- Охониёзов В.Д. Рӯйзард / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 430-431.
- Охониёзов В.Д. Рӯшан, рушан, равшан / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 431.
- Охониёзов В.Д. Сабз / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 433-435.
- Охониёзов В.Д. Сапед, сафед / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 462 – 463.
- Охониёзов В.Д. Сиёҳ / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 481.
- Охониёзов В.Д. Сиёҳчашм / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 481.
- Охониёзов В.Д. Сиёҳчашмакон / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 482 (на тадж. языке).
- Охониёзов В.Д. Сиёҳчашмон / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 482.
- Охониёзов В.Д. Сурхрӯ / В.Д. Охониёзов // Донишномаи Рудакӣ, ҷ.2. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 532.
- Охонниёзов В.Д. Абдулалишоев Кишвар Наврузалишоевич / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 11-12.
- Охонниёзов В.Д. Абдуламонов Қозимаҳмад / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 12.
- Охонниёзов В.Д. Абдуллоев Мамадамон / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 14.
- Охонниёзов В.Д. Азизмамадов Тутиёр Марамович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 23-24.
- Охонниёзов В.Д. Азизов Музаффар / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 24.
- Охонниёзов В.Д. Аламшоев Қурбониддин Мирзовафоевич / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 31.
- Охонниёзов В.Д. Аламшоев Мирзовафо / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 31-32.
- Охонниёзов В.Д. Анҷумани тариқаи исмоилӣ ва таълимоти динӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 42.
- Охонниёзов В.Д. Асматуллоев Хушқадам / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 45.
- Охонниёзов В.Д. Баёз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 55.
- Охонниёзов В.Д. Бахтибеков Гулаёз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 63-64.
- Охонниёзов В.Д. Бурибеков Худобахш / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 82-83.
- Охонниёзов В.Д. Ворҷбидъ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 89.
- Охонниёзов В.Д. Гуласанҷӯн Дахт / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 94.
- Охонниёзов В.Д. “Гулғунча” / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 95.
- Охонниёзов В.Д. Гулшоев Мирулло / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 98.
- Охонниёзов В.Д. Давлатбеков Лоло / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 108.
- Охонниёзов В.Д. Давлатмамадов Ҷамшед Ширинбекович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 110-111.
- Охонниёзов В.Д. Даргилик/Даргилмодик / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 120.
- Охонниёзов В.Д. “Даргилик” / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 121.
- Охонниёзов В.Д. “Даргилик –жанри махсуси фолклор” / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 120.
- Охонниёзов В.Д. Дарёи Шохдара / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 120.
- Охонниёзов В.Д. Додихудоев Нодилёб / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 132.
- Охонниёзов В.Д. Имом / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 161.
- Охонниёзов В.Д. Имронов Саъдоншоҳ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 163-164.
- Охонниёзов В.Д. Исмоилия / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 168.
- Охонниёзов В.Д. Камадия /Комириё / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 172-173.
- Охонниёзов В.Д. Килоғузғуз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 176.
- Охонниёзов В.Д. Корга(ҳ) / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 178.
- Охонниёзов В.Д. Қадамшоев Вазиршо / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 182.
- Охонниёзов В.Д. Қадамшоев Маҳмадшоҳ / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 183-184.
- Охонниёзов В.Д. Қаландаров Тоҳир Сафарбекович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 186.
- Охонниёзов В.Д. Қаландаров Ҳоким Сафарбекович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 186.
- Охонниёзов В.Д. Қарачаев Толибек Қарачаевич / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 189.
- Охонниёзов В.Д. Қошиқ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 195-196.
- Охонниёзов В.Д. Қубодов Бахтибек / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 196.
- Охонниёзов В.Д. Қубодов Мастибек / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 196.
- Охонниёзов В.Д. Қуллаи Карл Маркс / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 197.
- Охонниёзов В.Д. Лалайик / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 204.
- Охонниёзов В.Д. Лидуш Ҳабиб / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 206.
- Охонниёзов В.Д. Лоҷвардара / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 208.
- Охонниёзов В.Д. Лоҷвар/Лоҷувард / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 208-209.
- Охонниёзов В.Д. Мавлоназаров Силмон Силӣоннназарович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 212.
- Охонниёзов В.Д. Маддо / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 213.
- Охонниёзов В.Д. Маддохонӣ/Қасидахонӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 213-214.
- Охонниёзов В.Д. Мазор / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 214.
- Охонниёзов В.Д. Мамадусайнов Саидасен / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 224-225.
- Охонниёзов В.Д. Мамадшерзодшоев Умед Шоҳзодамуаммадович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 225.
- Охонниёзов В.Д. Мамадшерзодшоев Шозодамамад / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 225-226.
- Охонниёзов В.Д. Мирасан Чахъма / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 238.
- Охонниёзов В.Д. Мирзоҳасанов Лаълҷуба / В. Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 246.
- Охонниёзов В.Д. Мирзошоев Муборакшо / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 247.
- Охонниёзов В.Д. Мирсаид Миршакар / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 248.
- Охонниёзов, В.Д. Моли Саркор / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 248-249.
- Охонниёзов, В.Д. Муғулҷукч сэд / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 253.
- Охонниёзов, В.Д. “Музыкальное искусство Памира» / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 254-255.
- Охонниёзов, В.Д. Мукҳӣ/Мукӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 256.
- Охонниёзов, В.Д. Мулло Лочин / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 257-258.
- Охонниёзов, В.Д. Наврӯзшоев Амоншо / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 270.
- Охонниёзов, В.Д. Назаров Далер Меҳрубонович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 274.
- Охонниёзов, В.Д. Назаров Назар Одинаммуҳаммадович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 275.
- Охонниёзов, В.Д. Ниҳолова Ширинмоҳ Назардодовна / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 285.
- Охонниёзов, В.Д. Оғохон / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 290.
- Охонниёзов, В.Д. Олими Ширинбек / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 293-294.
- Охонниёзов, В.Д. Остон / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 296.
- Охонниёзов, В.Д. Пажӯҳишгоҳи илмҳои инсонӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 301-302.
- Охонниёзов, В.Д. Пайшанбиев Муҳиддин Шоҳинбодович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 302.
- Охонниёзов, В.Д. Пилтагиронӣ/Цироwакδэед / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 308.
- Охонниёзов, В.Д. Пир / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 308.
- Охонниёзов, В.Д. Пири Фоқмаҳмад / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 308-309.
- Охонниёзов, В.Д. Пир Носири Хусрав / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 309-310.
- Охонниёзов, В.Д. Пирхона / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 310.
- Охонниёзов, В.Д. Раҷаббеков Ғуломсафдар Ҷомиевич / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 327.
- Охонниёзов, В.Д. Раънои Мубориз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 329-330.
- Охонниёзов, В.Д. Ризвоншоева Гулнисо Нуралишоевна / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 330-331.
- Охонниёзов, В.Д. Роҷқалъа / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 332.
- Охонниёзов, В.Д. Роштқалъа / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 333.
- Охонниёзов, В.Д. Рустамбеков Абдулкарим / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 334.
- Охонниёзов, В.Д. Саидиброҳимов Исмоилшоҳ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 338.
- Охонниёзов, В.Д. Саидиброҳимов Шоҳзодаиброҳим Одилшоевич / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 338-339.
- Охонниёзов, В.Д. Синдеф Қалъа / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 355.
- Охонниёзов, В.Д. Сиҷотхонов Соҳибқурон Амирхонович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 355-356.
- Охонниёзов, В.Д. Султонноёбов Юсуф Юсуфович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 362-363.
- Охонниёзов, В.Д. Тиллоев Сангмаҳмад / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 368.
- Охонниёзов, В.Д. Тошмуҳаммадов Акрамбек / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 371.
- Охонниёзов, В.Д. Файзов Ёдгор / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 377.
- Охонниёзов, В.Д. Фармонхона / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 378-379.
- Охонниёзов, В.Д. Халифа / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 383.
- Охонниёзов, В.Д. Хохътуда / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 390.
- Охонниёзов, В.Д. Хуҷа Аҳмади Ёсин / Варқа Охонниёзов //Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 395.
- Охонниёзов, В.Д. Чароғдон / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 406.
- Охонниёзов, В.Д. Чароғнома/Қандилнома / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 406.
- Охонниёзов, В.Д. Чароғравшанкунӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 406-407.
- Охонниёзов, В.Д. Ҷамоатхона / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 412.
- Охонниёзов, В.Д. Ҷонбобоев Назардод / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 415-416.
- Охонниёзов, В.Д. Шакармамадов Нисормамад / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 425.
- Охонниёзов, В.Д. Шамбезода Нодир (Ҷамшед) / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 425-426.
- Охонниёзов, В.Д. Шамбезода Хусрав Ҷамшедович / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 426.
- Охонниёзов, В.Д. Шаҳбозов Ғарибшоҳ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 429.
- Охонниёзов, В.Д. Шивоз/Шувоз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 432.
- Охонниёзов, В.Д. Ширин Бунёд / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 433.
- Охонниёзов, В.Д. Шоабдоли Валӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 435.
- Охонниёзов, В.Д. Шодавлатов Шодавлат / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 437.
- Охонниёзов, В.Д. Шоирӣ/Шойирэ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 441-442.
- Охонниёзов, В.Д. Шоискандаров Қиматшо / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 442.
- Охонниёзов, В.Д. Шохдара/Хохдара / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 448.
- Охонниёзов, В.Д. Шоҳбурҳони Валӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 449-450.
- Охонниёзов, В.Д. Шоҳи Вилоят / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 451-452.
- Охонниёзов, В.Д. Шоҳинбодов Наҷмиддин / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 453.
- Охонниёзов, В.Д. Шоҳи Тирандоз / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 453-454.
- Охонниёзов, В.Д. Шоҳфутур Муҳаббатшоҳзода / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 455-456.
- Охонниёзов, В.Д. Шуъбаи Помиршиносӣ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 460.
- Охонниёзов, В.Д. Юсуфбеков Шодихон / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 466.
- Охонниёзов, В.Д. Шоирӣ/Шойирэ / Варқа Охонниёзов // Энсиклопедияи Бадахшон. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – С. 441-442.