wrapper

Азорабекова Ширингул Мамадмуродбековна

Ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

6- апрели соли 1965 дар деҳаи Ҷируҷи ҷамоати Поршинев (ҳоло шаҳраки Ваҳдат)-и  ноҳияи Шуғнон таваллуд ёфтааст. Соли 1972 ба мактаби миёнаи нопурраи №13 ба номи А.Зинатшоев дохил шуда, то соли 1979 дар мактаби мазкур таҳсил намудааст. Аз соли 1980 таҳсилашро дар мактаби миёнаи №12-и ба номи Ш. Шотемур давом дода, соли 1982  мактабро хатм намуд. Соли 1983 ба Институти педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба номи С. Айнӣ)  ба факултети таърих бахши таърих ва ҳуқуқ  дохил шуда, соли 1988 онро бо ихтисоси муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст.

Фаъолияти педагогиашро  аз соли 1989 ба ҳайси муаллимаи фанни таърих дар мактаби миёнаи №;95-уми ноҳияи Куйбышеви вилояти Қурғонтеппа (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон) оғоз бахшидааст. Солҳои 1990-1991 ба ҳайси муаллимаи фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ дар мактабҳои миёнаи №26, №20, №12 ва №13-и ноҳияи Шуғнон ба таълим ва тадрис машғул будааст.

Соли 1992 ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафа, иҷтимоиёт ва дини Пажӯишгоҳи улуми инсонӣ (ҳоло Институти илмҳои гуманитарӣ) фаъолияташро оғоз намуд. Аз соли 2000 то инҷониб ба ҳайси ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ кору фаъолият намуда, ҳамзамон дар Институти номбурда аз фанҳои таърих ва мардумшиносӣ ба магистрон дар бахшҳои таърих ва сайёҳӣ дарс медиҳад.

Дар давоми фаъолияти илмӣ дар бахши мардумшиносии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ ба ҷустуҷӯ, омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, ҳамчунин маводи шифоҳӣ марбут ба ҳунарҳои мардумӣ, оин, анъана ва арзишҳои фарҳангии тоҷикони Бадахшон машғул мебошад. Ҳамчунин дар конфронсҳо ва симпозиумҳои милливу байналмилалӣ бахшида ба рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иштирок намудааст. Дар фаъолияти илмӣ -педагогӣ таҳти роҳбариаш 2 нафар рисолаи магистрӣ дифо намуданд.

 

Дастовардҳои илмӣ:

  1. Китобҳо ва монографияҳо:
  2. Азорабекова Ш.М., Мамадшерзодшоев У., Алимшоев М. Дилбохтаи таърихи диёр.- Хоруғ: Хушкор, 2013.- 80с.;
  3. Азорабекова Ш.М., МамадшерзодшоевУ. Алимшоев М. Маҷмӯаи мақолот.-Хоруғ: Хушкор, 2013.-163с.;
  4. Азорабекова Ш.М. Бо дастони худ. Ҷашни таом ва зиндагӣ дар кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон (ҷамъоваранда ва мураттиби баъзе аз қисматҳои китоб).- Стокголм ва Гаага:-2015.-686с.;
  5. Азорабекова Ш.М. Эҳёи ҳунарҳои мардуми Помир(коркарди пашм ва маҳсулотҳои пашмӣ, чӯб ва маҳсулотҳои чӯбӣ) дар шароити Кӯҳистони Помир.- Хоруғ: Логос, 2018.- 44с.;
  6. Оин, анъана ва боварҳо марбут ба орду нон.- Хоруғ: Логос, 2020.-44
  7. Азорабекова Ш.М., Қурбонхонова., Шакармамадов О.Н. Дирӯз ва имрӯзи Наврӯзи Бадахшон. Душанбе: Сифат-Офсет, 2024.- 142с.;

 

  1. Мақолаҳои илмӣ, сиёсӣ-публитсистӣ:
  2. Азорабекова Ш.М. Ҷашни Наврӯз ва эътиқоду боварҳои мардуми Бадахшон ба гандум // Маҷмӯаи мақолот.- 2013, №3.- С. 43-48;
  3. Азорабекова Ш.М. Эҳёи ҳунарҳои тоҷикони Бадахшон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маҷмӯаи мақолот.-2014, №2.- С. 66-75;
  4. Азорабекова Ш.М. Ҷӯроббофӣ- анъанаи бостонии бонувони Бадахшон // Маҷмӯаи мақолоти Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Саҳми Н.И. Вавилов дар омӯзиши захираҳои генетикии Тоҷикистон”.- Гармчашма: Логос, 2017.- С. 35-37;
  5. Азорабекова Ш.М. Эътиқод, анъана ва оинхои точикони Бадахшон нисбати гандум // паёми Донишгоҳи Хоруғ.- 2018, №12.- С. 23-26;
  6. Азорабекова Ш.М. Наврӯз- ҷашни офариниш ва каромати инсонӣ // Бонувони Тоҷикистон, 2019, №148.- С. 36-37;
  7. Азорабекова Ш.М. Ёде аз бонуи ҳунарманд // Бадахшон, №23, 2019.- С.6;
  8. Азорабекова Ш.М. Моҳияти ҳунари шерозабофи ҳунармандони Шуғнон ва Рушон // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ.-2019, №3, С.250-256;
  9. Азорабекова Ш.М., Ардабаева М. Оинҳои наврӯзӣ-посдорандаи фарҳанги маънавии мардум // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ.-№1, 2021, С. 151-160;
  10. Азорабекова Ш.М. Андеша перомуни як маводи фолклории профессор Шодихон Юсуфбеков / Забоншиноси донодил (маҷмӯаи мақолаҳо бахшида ба 60-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Шодихон Юсуфбеков) .- Душанбе: Сифат-Офсет, 2022.- С. 210-225;
  11. Азорабекова Ш.М. Таснифи таомҳои маросими гузариш // Масъалаҳои илмҳои гумантиарӣ. №1, 2022, С. 271-277;
  12. Азорабекова Ш.М. Унсурҳои боқимондаи ҷашни Меҳргон миёни тоҷикони Бадахшон // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ. №3, 2022, С. 150-153;
  13. Азорабекова Ш.М. Анъанаҳои мардумӣ марбут ба об ва ҳифозати пиряхҳо // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ. №1, 2024, С. 137-149;  
  14. Азорабекова Ш.М., Қурбонхонова Н. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / Илҳом аз Паём.- Душанбе: Сифат-Офсет. 2024.- С. 202-210;
  15. Азорабекова Ш.М. Нақши зан дар ҷомеаи муосири тоҷикистон / Илҳом аз Паём.- Душанбе: Сифат-Офсет. 2024.- С. 243-248;
  16. Азорабекова Ш.М. Унсурҳои наврӯзӣ- посдорандаи арзиши фарҳангӣ // Бадахшон, №23, 21024.- №12(11000).- с.5;