Филология
- Сешанбе, 13 Сентябр 2022
МАЪЛУМОТНОМА
Раҳимов Исмоил
аз соли 2019 дар вазифаи ходими пешбари Институти гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ кор мекунад.
Соли таваллуд: 01.05.1946 Ҷои таваллуд: д.Жамадги н. Ванҷ
Миллат: Тоҷик Таҳсилот: Олӣ
Соли 1968 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи ба номи С. Айнӣ), факултети таъриху филологияи тоҷикро хатм намудааст.
Ихтисос: муаллими забон ва адабиёти тоҷик
Унвони илмӣ доктори илми филология
Кадом забонҳои хориҷиро медонед: Русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? Не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не? Бо ордени «Ситораи Сурх», соли 1984 бо ордени «Дӯстии халқҳо» ва соли 1985 бо ордени «Шараф» барои хизматҳои беназираш дар Афғонистон қадрдонӣ шудааст.
Вазъи оилавӣ: Оиладор
Суроға: н. Ванҷ, ВМКБ
Фаъолияти касбӣ
Соли 1968 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи ба номи С.
Айнӣ), факултети таъриху филологияи тоҷикро хатм намудааст.
Солҳои 1973-1976 Дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АФ ИҶШС таҳсил намудааст.
Соли 1980 Дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ ва баъдан ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ АФ ИҶШС фаъолият намудааст.
Солҳои 1982-1984 Ба ҳайси тарҷумони ҳизбӣ дар Афғонистон фаъолият намудааст.
Солҳои 1984-1986 Ба сифати муовини сафири ИҶШС дар Афғрнистон кору фаъолият намудааст.
Соли 1989 Докторанти докторантураи шаҳри Санкт-Петербург.
Соли 1989 Сазовори Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.
Солҳои 1993-1999 ба ҳайси профессори кафедраи забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ фаъолият кардааст.
Солҳои 1999-2001 Дар бахши Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар вазифаи профессор ва мудири кафедраи забонҳо фаъолият намудааст.
Соли 2001 Бо нишони Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Солҳои 2001-2008 Ба ҳайси мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва арабии ДДҲБСТ фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ бурдааст.
Соли 2008 Декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ таъин шудааст.