Иқтисодиёт
- Панҷшанбе, 15 Сентябр 2022
Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ
АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ
(Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)
Бори нахуст бо устод Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков баъд аз дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев вохӯрдем. Сентябри соли 1993 буд. Мо донишҷӯёни курси аввали факултаи таъриху филология, ки ба ҳукми таърих аз давом додани таҳсили баъди мактабӣ дар донишгоҳҳои маъруфи пойтахт ба сабабҳои маълум маҳрум будему “умедамон аз гулистон бархост”, дари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рӯямон кушода шуду умедамонро сарсабз гардонд. Устод Шодихон Парвонаевич декани факултет буданд. Сӣ сол андаке беш аз он рӯзҳо паси сар шуданд. Қомати аз миёна пасттар, аммо тануманд, чеҳраи гандумгун ва мӯйлабҳои сиёҳу пешонии фарох ва мӯйи сари аз пеш рехта ҳамроҳ бо қиёфаи ҷиддӣ ӯро хеле калонтар аз синне, ки доштанд, нишон медоданд. Ва ё ин ки зоҳир ҳамроҳ бо ваҷоҳату фиросату азимулфикрат азаматашонро афзуда буданд. Чаро ки он солҳо сиву як сол беш надоштанд, аммо дар назари мо донишманди таҷрибадидаи камандаролам метофтанд. Ва чунин ҳам буданд! Тезҳушу қавиҳофиза, салимтабъ, тасаллут ба илм, фасоҳати баён, нозукхаёлу амиқандеш, озодагиву ворастагӣ аз ҳар гуна таассуб, вафокешу вафокӯш, додхоҳу инсофҷӯ, шикастанафсу фурӯтан ва ҳар касе, ки бо ин сифот мусаллат буда бошад, бояд мисли устод Шодихон Парвонаевич марде бошад бузургвору бузургосор. Бесабаб нест, ки аз рӯзи нахусти ба олами илму дониш ворид шудан номашон дар ҳама ҷо ба некномиву некмаҳзарӣ печиду масобату манзалаташон рӯзафзун мегашт. Он симои бозашон, ки дар соли 1993 дида будам, то кунун дар оинаи хаёлам нозудуда ва то охирин дами зиндагиам бо ман хоҳад буд. Сурату сират ва ҷиддияти ӯ дар тамоми умр дигар тағйир наёфт, аммо ҳар бархӯрде, ки бо ӯ доштем, сифати ҷадиди ӯро кашф мекардем. Бесабаб нест, ки ҳар нафаре, новобаста аз мақому мартабату муддати умр, ки боре ҳам агар бо ӯ бархӯрд мекард, кофӣ буд, ки якумр ӯро дӯст дораду эҳтиромашонро ба ҷо орад.
Ёд дорем, ки ҳарчанд зиёд лутфу марҳаматашонро дида будем, чун он солҳо ниёзҳоямон андоза надоштанд, аммо беш аз ҳад аз ӯ метарсидем. Тарси як донишҷӯ дар баробари донишманд, тарси кӯчак дар баробари бузургсол, тарси як нодида дар баробари ҷаҳонгашта, тарси як ноумед дар баробари умедбахш ... Аммо тарс ҳамроҳ бо эҳтиром! Ҷаҳони дониши он рӯзҳо ба вуҷудашон равнақ дошт. Мақолоти нашршуда ва лексияҳои эшон буд, ки дарро ба рӯи илми филология кушуд. Ба ин кор касоне метавонистанд муваффақ шаванд, агар дар забонҳои аврупоӣ даст дошта бошанд ва аз равиши таҳқиқҳои муосир огоҳ бошанд. Устод Шодихон Парвонаевич забонҳои олмониву англисӣ ва русиву форсиро бисёр олӣ медонистанд. Таърихи забонро дар пеши маъруфтарин донишмандони рус аз худ карда буданд, бо забони авастоӣ хуб ошно буда, бо ҳамаи забонҳои шарқи эронӣ озод такаллум мекарданд. Дар навиштани корҳои илмӣ бисёр мӯшикофу чирадаст буданд. Мутолиаи пурдомана ва гуногунии мавзуот мояи ороиш ва арзиши корҳои ӯ гардиданд. Ва муҳим аз ҳама дар он рӯзҳо дарси устод Шодихон ҳанӯз замзамаи муҳаббат буд. Ба ҳамин ҷиҳатҳо номи устод Шодихон Юсуфбеков чун донишманди шуҳратманд мусаллам дар ҳамаи гӯшҳо, аз ҷавонони донишгоҳ гирифта то устодони таҷрибадида, печида гашта буд.
Ҳамин тариқ, солҳое, ки кишвар дар оташи фақру ноамнӣ месӯхт ва дар рӯзгоре, ки ҳатто муътабартарин донишгоҳҳои пойтахт торик хок бар сар пароканданд, ташкили донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ чун ситораи тобоне аз миёни торикиҳо бар сари мо оғоз ба дурахшидан кард ва ғунчаҳои умеду орзуҳо ба дасти боғбонҳои маънавие чун устод Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич шукуфтан гирифтанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев нахустин шуълаи Истиқлол дар Боми Ҷаҳон буд. Замоне буд, ки ҳар фарди меҳандӯсту огоҳдил эҳсоси вазифа мекард, ки ҳамаи нерӯ ва истеъдоди худро ба кор андозад ва коре бикунад, ки миллатро аз парокандагиву давлатро аз нестиву нобудшавӣ маҳфузу эмин нигоҳ дорад. Ба илова, дар ҳар давраи интиқолӣ қишри ҷавони ҷомеа агар аз муроқабату назарот берун монад, беихтиёру нохудогоҳ ба фарҳангҳову арзишҳои бегона гаройиш мекунад, ки ҳосилаш сардаргумиву буҳрони ҳувиятӣ мебошад. Қисме аз ҷавононе, ки солҳои 90-уми асри гузашта фарҳанги ҷомеаро дучори тағйиру буҳрон карданд, бояд иқрор шуд, ки то кунун таъсири манфии онҳо бар муҳит ба назар мерасад.
Бино бар ин, бояд муътақид буд, ки иллати аслӣ дар тағйири арзишҳо ин таҳсилот мебошад. Дар сарнавишти насли солҳои 90-ум Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақши калидӣ гузошт. Ҳар нафаре, ки имрӯз аз мақомеву эҳтироме бархӯрдор аст, бешакку тардид, таҳсилкардаву баҳрабардошта аз устодони донишгоҳ мебошад. Банда ҳам аз ин гурӯҳ мустасно нест. Баъд аз ба остонаи донишгоҳ қадам задан, рушди маънавии минбаъдаам бо зиндагии устод Шодихон Парвонаевич пайванди ногустанӣ дошт.
Устод Шодихон Юсуфбеков – устоди донишгоҳ. Зиёд устодоне, ки он замон ба мо тадрис медоданд, унвони илмӣ надоштанд, махсусан дар риштаи филология. Аммо он қадар саҳму асаре дар зиндагии насли он замон гузоштанд, ки, аввалан, то имрӯз касе он чеҳраҳои илмӣ- донишгоҳии моро иваз карда натавонист, баъдан, нафаре ҳам аз толибилмони он давра ба бероҳа нарафту гумроҳ нашуд. Устод Шодихон Парвонаевич аз маъдуд муаллимоне буданд, ки унвони номзади илм доштанд. Як сол пеш аз донишҷӯ шудани мо дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашонро дифоъ карда буданд. Муштоқи омӯхтану омӯзондан аз хеле барвақт ниҳоди ӯро фаро гирифта буд. Ҳанӯз бисту ду сол беш надоштанд, ки дар мактаб аз фанни забони немисӣ дарс медоданд. Аммо пайванди ӯ ба таҳқиқу пажӯҳиш ӯро ба роҳи илм шавқ дод. Дар байни устодони донишгоҳ аз чанд ҷиҳат бартарият доштанд. Аввалан, тарбияёфтаи мактаби илмии бузургтарин олимон-шарқшиносони рус буданд. Усулҳои омӯзишу таҳқиқе, ки дар он мактаб аз худ карда буданд, донишгоҳи навтаъсис ба он сахт ниёз дошт. Маҳз ҷорӣ намудани он усулу методҳо дар раванди тадрис ва истифода аз таҷрибаи олимони хориҷӣ ӯро аз дигарон фарқ мекунонданд. Дуюм, соҳиби унвони илмӣ буданд. Унвони номзади илмҳои филологӣ гирифтан дар Институти забоншиносии Федератсияи Русия кори саҳлу осон набуд. Зиёд хислатҳои устодони бузурги мактаби илмии русро ба ирс бурда буданд. Устод Шодихон Парвонаевич шояд аз охирин чеҳраҳои он замон маҳсуб меёфтанд, ки аз назари илмӣ ба устодони худ сахт шабоҳат доштанд – ҷиддиву сахткӯш, дақиқназару хурдабин, нозукфаҳму нуктасанҷ, борикбину мӯшикоф. Муболиға намешавад, агар қазоват кунем, ки бо рафтанашон як давраи таърихӣ дар пажӯҳиши масъалаҳои забоншиносӣ, махсусан таҳқиқу пажӯҳиши забонҳои шарқи эронӣ ва ҳамчунин таълиму тааллуми ин соҳа хатм ёфт. Сеюм, ба илми забоншиносии ҷаҳон тасаллут дошта, илова бар донистани чанд забони хориҷӣ, аз таърихи забон, ба вижа забони авастоӣ низ огоҳии комил доштанд. Чаҳорум, дар баробари маъруфияте, ки дар забоншиносӣ доштанд, дар тамоми улуми инсонӣ, ба вижа, таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ ва санъату фарҳангшиносӣ тасаллути комил доштанд. Ин ба ӯ имконият медод, ки доираи васеи муҳаққиқону мутахассисон аз фаҳмишу бинишашон васеъ истифода намоянд ва ба андешаву афкори ӯ такя ва эътимод варзанд. Панҷум, устод равоншиноси хуб буданд. Зеро устоди воқеӣ қабл аз ҳар чиз равоншиноси хубе бояд бошад, алорағми ин воқеият, ки дар тӯли даврони ҳирфаӣ теъдоди шогирдонаш афзоиш ёбаду ҳама бо шахсиятҳо ва мавқеиятҳои мухталиф зиндагии мутафовут доранд, аммо ӯро намунаи тақлид қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, устод Шодихон Парвонаевич на танҳо донишҳои мушаххасро дар мавзуоти хос ба мо мунтақил доданд, балки ба иллати равоншиноси ҳирфаӣ будан, ба як дӯсти хуби кумаккунанда ва воқеӣ табдил ёфта, тамоми умр гӯшаи хотираҳои моро тасхир карданд.
Устод Шодихон Юсуфбеков – олим. Вақте ки суҳбат аз илм меравад, нақши калидиро гуногунрангӣ мебозад. Дар айни замон олимони фарҳангу анъанаҳои гуногун барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо дар байни гуногунии вазифаҳояшон ҳамаи онҳо як чизи муштарак доранд. Ин ҳам он аст, ки онҳо худро ҳамчун олими ҳирфаӣ чӣ хел бояд нишон диҳанд. Устод Шодихон Юсуфбеков олими сатҳи ҷаҳонӣ буданд. Ӯ аз нишонаҳое, ки ҳар олими маъруф бояд медошт, бархӯдор буданд. Аввалан, шахсияти устодро на унвонҳои илмиашон зиннат бахшиданд, балки донишу маҳорати олиаш унвонҳои илмиро барои шогирдон азизу гиромӣ мегардонданд. Олими ҳирфаӣ ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш даст намекашад. Маҳз бозёфтҳову комёбиҳо ва ба ин васила роҳкушоиҳову роҳнамоиҳо ӯро зиёии ҷомеа мегардонанд. Чун илм ҳамвора дар ҳоли тағйир аст, бо замон ҳамеша бояд тавъам бошад. Вақте дар мусоҳибае аз муҳаққиқи барҷаста Абдулҳусайни Зарринкӯб хостанд хотирае аз давраи устодии худ нақл кунанд, гуфтаанд, ки хотирае надорам, чунки аз ҳафтсолагӣ, ки падарам маро ба мадраса бурд, фишорам дод ва гуфт: бирав он ҷо. То имрӯз дигар аз мадраса берун наёмадам ва акнун ки ҳафтоду шаш солам аст, ҳанӯз дорам дар мадрасаҳо сайр мекунам. Дар зеҳни устод Шодихон Парвонаевич низ давраи устодиву давраи шогирдӣ боре ҳам ҷудо набуданд. Тамоми зиндагиашон як донишҷӯии мутлақ буд. Дувум, устод чун олими ҳирфаӣ на танҳо аз равишҳои илмии ҷаҳонӣ пайравӣ карданд, балки роҳҳои худро барои ҳарҷониба истифода бурдани таҳқиқотҳои илмӣ ва барномаҳои корӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин рӯ, устод Шодихон зиёд вазъиятро пешгӯӣ мекарданд ва бо азму иродаи қавӣ бисёр муассиру самарабахш буданд. Севум, ба ҳар чиз бо шубҳа менигаристанд. Маҳз шакку кунҷковӣ боис мешавад, ки олимон на танҳо дар мавриди он чи мушоҳида мекунанд, балки дар мавриди он чи ки қаблан медонанд, савол медиҳанд. Зеро як олими хуб омода аст, то ки ғояҳои худро рад кунад, агар онҳо возеҳ набошанд. Доштани зеҳни боз қоидаи нахуст барои донишмандон бояд буда бошад. Чаҳорум, таваккал кардан дар мавридҳои зарурӣ ва махсусан барои дарёфти роҳҳову равишҳо ва ҳавзаҳои таҳқиқи ҷадид аз сифотҳои олими ҳирфаӣ аст. Устод Шодихон ҳам ҳамеша омода буданд, то мафҳумҳову улгуҳои фикрии худро тағйир диҳанд ва дар расидан ба бозёфтҳои нави илмӣ масирҳои ҷадидро ҷустуҷӯ намоянд. Панҷум, олими ҳақиқӣ набояд аз бозӣ кардан тибқи қавоиду қавонин берун барояд. Барои олими бузург шудан, бояд ҳамчун олим амал намуд ва дар тамоми равишҳои тадқиқотҳои пешбинишуда иштирок дошт. Шашум, чун илм аз гуногунии дурнамоҳову заминаҳои пешниҳодкардаи муҳаққиқон иборат аст, бояд дар ҳамкорӣ бо дигарон кору фаъолият кард. Иртибот ва ҳамкорӣ ба далоили зиёде воқеан муҳим аст ва бино бар ин олимон набояд коргарони танҳо бошанд. Барои муваффақият дар як ҳирфаи илмӣ ҳамкорӣ ниҳоят муҳим аст. Профессор Юсуфбеков Ш. бо мактабҳои илмии бумиву хориҷӣ ҳамкориҳои зич доштанд ва махсусан, бо олимони маъруфи русу аврупо ҳамеша дар иртибот буданд. Ҳафтум, амалҳои ношоистаи академӣ ва рафторҳои ҳирфаӣ ба ҳам мувофиқ нестанд. Олими касбӣ бояд ҳамеша ба нафъи илм кор кунад, на ин ки фақат барои худаш ному нишон пайдо кунад. Атрофиёни устод Шодихон Парвонаевич эҳсос мекарданд, ки мавсуф лаҳзае ҳам барои худнамоӣ коре накарданд. Он қадар сермутолиа буданд ва аз улуми мухталифи муосир огоҳ, аммо андаке ҳам аз ғуруру дағдаға дар вуҷудашон дида намешуд. Бо он ҳама фазлу донише, ки доштанд, аз аҳли тазоҳуру худнамоӣ набуданд.
Устод дар давоми умри кӯтоҳашон ҳамчун мутахассиси таърихи забон ва муҳаққиқи забонҳои шарқи эронӣ асарҳои ниҳоят арзишмандро аз худ ба мерос мондааст. Муҳимтарин асарҳои устод, ки дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ аз манзалати хосса бархӯрдоранд, инҳо мебошанд: “Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы памирских языков” (Москва, 1998); “Сангличский язык в синхронном и историческом освещении” (Москва, 1999); “Очерк оид ба фонетикаи таърихии забони сангличӣ” (Душанбе, 2013); “Очерк доир ба морфологияи таърихии забони санглеҷӣ” (Душанбе, 2014); “Историческая грамматика шугнанского языка: Фонетика. Фонология” (Москва, 2017); “Сангличский язык // Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки” (Москва, 2008). Мақолаҳои бешумори устод дар мавзуъҳои мухталифи илмҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ, таъриху мардумшиносӣ ва фарҳангу сиёсат таълиф шудаанд ва мавриди истифодаи аҳли таҳқиқ қарор доранд.
Басанда аст, ки хонанда ба як мақолаи устод Шодихон Парвонаевич дар мавзӯи “Экологияи фарҳанг дар партави мушкилоти ҷаҳонишавӣ” назар афканад ва ба хулосае биёяд, ки чи қадар мавсуф ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи фарох доштаанд. Ҳарчанд мавзуи мазкур аз доираи самти касбиашон берун бошад ҳам, ба ин навъи мавзуъҳо бисёр олимонаву огоҳона бархӯрд мекардан. Дар ин мақола устод махсусан дар бораи сабабҳои зуҳуроти буҳронӣ дар вазъияти маънавии муосири ҷамъияти мо изҳори назар намуда, аз муҳимтарин шартҳои экологияи фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, расму анъана ва арзишҳои маънавӣ пиндоштаанд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Сабабҳои падидаҳои буҳронӣ дар шароити маънавии муосири ҷамъияти мо аз он иборат аст, ки дар марҳилаи пешин тамоми механизмҳои худистеҳсолии фарҳанг хароб карда шуда, технологияи истеҳсолии фарҳанг вайрон гардид ва заминаи қадимтарини он, ки аз дину оин, этнос, санъат, дигарандешӣ иборат буд, тағъир дода шуданд”. Назари устод Юсуфбеков Ш.П. доир ба мафҳуми экологияи фарҳангӣ ҷолиб аст: “Экологияи фарҳангӣ ҳамзистӣ, муколима, гуногунии фарҳангҳои миллии мухталиф, ақоиди динӣ ва эътиқод, баробарии забонҳои адабӣ, аз он ҷумла нофаҳмо, ғайриқиёсӣ, гуногунии консепсияҳо ва ақоидро дар назар дорад. Муттаҳид сохтани ҷузъиёти гуногун, ки худазнавбавуҷудоварӣ, худташаккулӣ, худистеҳсолии фарҳангро таъмин месозад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ амалӣ карда мешаванд ва ифодакунандаи гени фарҳангианд”. Дар ин мақола муаллиф масъалаи нобуд шудани рӯйнамосозони фарҳанг, яъне зиёиёнро боиси ба вуҷуд омадани холигии маънавӣ дар ҷомеа ҳисобида, оқибатҳои фалокатбори онро нишон додааст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Нобуд сохтани зиёиён, ки инъикосгари фарҳанг ва пешбарандаву нигоҳдорандаи принсипҳои ахлоқӣ, тафаккури ахлоқӣ буданд, дар натиҷа ба вазъи фалокатбор оварда расонд, чунки барои намояндагони дорои «тафаккури ҷиноӣ», ҷангҷӯёна, ки барои марҳилаи «тофарҳангӣ», нимибтидоӣ, «замоне, ки тафаккур бар савқи табиӣ бартарӣ надошт, замоне ки алоқаҳои ҷамъиятии авлодиву қабилавӣ хеле сода буданд ва арзиши ягонаву асосӣ барои фард фақат аз ҳисси физикии ҳаёт иборат буд заминаву шароит фароҳам овард”. Дуруст аст, ки эҳёи фарҳанг яке аз шартҳои муҳимми таҷаддуди ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, ба қавли устод “фарҳанг нест – ҳамзистии муқаррариву муътадили инсонӣ нест. Дар давоми даҳсолаҳо ҷамъияти мо ин ҷанбаи ҳаётро дуруст ба эътибор нагирифт ва ҳоло чунин «модел»-ҳои рафтор, ҳамчун «хориқаи хоруғӣ», «издиҳоми ҷиноӣ», «тӯдаи ваҳшӣ», ки дар кӯчаҳо бедодгарӣ мекунанд, чунин падидае ба истилоҳи русӣ «дедовщина», издиҳоми наврасон дар маҳаллаҳои нави шаҳр, баландравии сатҳи ҷинояткорӣ ва шаклҳои мухталифи он ба амал омад. Ҳамаи ин аз биологизатсияи одам ва аз байн рафтани маънавиёт шаҳодат медиҳад”.
Устод Шодихон Юсуфбеков – роҳбар. Профессор Юсуфбеков Шодихон ҳаждаҳ соли фаъолиятро ба ҳайси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров сипарӣ намуданд. Чун мисли илму донишу адаб дар қаламрави ахлоқу мардумгарӣ низ хислатҳои арзанда доштанд, лутфу дилнавозии беҳад як тӯдаи инсонҳои шариферо дар Институт ба ҳам овардааст, ки ҳаққо, тарбияёфтаи мактаби устод ҳастанд. Имрӯз ҳама гувоҳанд, ки дар давоми директори ин муассисаи илмӣ-академикӣ буданашон инсофу адолатро болотар аз ҳар чизи муқаддас гузошта, бо жарфнигариву дурандешӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар дили ҳар ҳамкор, новобаста аз синну солу мақому мартаба маскан гирифтанд ва ба ин васила оромию осудахотирии муҳитро таъмин намуданд ва мояи умедвории кормандонро саршор гардониданд. Шафқати устодонааш ҳамеша парда ба рӯйи роҳбари сахтгир мекашид. Чун гоҳе ҳам ба ҷоҳу ҷалолу манзалат тамоил надоштанду илму донишро аз барои худи илму дониш дӯст медоштанд, андӯхтаи илмии худро ба шогирдону ҳамкорон бахшиданд. Роҳбари асил буданд, роҳбари асили як муассисаи илмӣ-академикӣ. Саид Нафисӣ дар сӯгномаи Муҳаммад Қазвинӣ менависад: “...Марди амин буд. Дурустгуфтор буд. Дурусткирдор буд. Ҳирс ва тамаи инҷаҳонӣ дар ӯ набуд. Дар дӯстӣ пойдор ва мусир буд ва ҳатто аз ҳаққи худ мегузашт. Ман бештар бад-ин сифоти мардонаи ӯ такя кардам, зеро бисёр донишманд дар зиндагии хеш дидаам, ки чун ин хисоли мардумиву мардонагӣ дар эшон нест, пеши чашми ман ба ҳеч намеарзад. Худои ман гувоҳ аст, ки агар он ҳама донишу маҳфузоти Муҳаммад Қазвинӣ дар ин мард буд ва ин сифоти мардумиро надошт, ҳаргиз номи ӯро намебурдам...”. Устод Шодихон Парвонаевич низ дар баробари дониши воқеиву истеъдоди олӣ ба чунин сифот шуҳратманд буданд – дурустгуфтору дурусткирдор ва баҳраманд аз хисоли мардумиву мардонагӣ. Ин буд, ки ҳанӯз номашон дар байни ҳамкорону ҳамандешон ба некӣ вирди забонҳост ва имрӯз ҳам талош дорем, то ки шогирди сазовору муқаллиди сифоти ӯ бошем.
Устод Шодихон Юсуфбеков – инсони шариф. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ “замони мо замони фасоди ахлоқ, хории инсон ва пастравии инсоният, замони ваҳшонияти одамизод аст. Дар чунин замоне парвариши инсони бофарҳангу бамаънавият душвор аст. Замони бемаънавиятӣ ва ноодамӣ, каммеҳриву сангдилӣ, фасоди куллии ахлоқ дар ҷаҳон чунон аст, ки барои парвариши инсон доираи имконро танг кардааст”. Пас, муҳим аст, ки дар чунин замон шахсиятҳои алоҳида бо рафтору кирдору пиндори ҳамидаву сутудаи худ ҷомеаро аз қафои худ бубаранд. Бузургеро пурсидаанд, ки мақоми олим болотар аст ва ё ориф? Ҳеҷ нафаре олим наметавонад шуд, агар ориф набошад, - ҷавоб медиҳад. Мақоли содатареро низ дорем, ки аз таърих таҷриба кардаем ва он ин аст, ки “олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Устод Шодихон Парвонаевич яке аз хушсаводони маънавии замон буданд, ки ҳаматрофон ҳамеша аз ӯ нур мегирифтанду дарси одамият меомӯхтанд. Камоли адабу инсонияро дар мавриди ҳар кас, новобаста аз синну сол, мақому вазифа, дараҷаву тахассус риоят мекарданд. Ҳеҷ лаззате барояшон болотар аз он набуд, ки ниёзу эҳтиёҷи касеро бароварад. Гоҳе ҳам нашунида будем, ки илтимосеро “не” ва ё “наметавонам” гуфта бошанд ва ё “вақтам нестро” баҳона мекарданд. Шамъи вуҷудашонро дар роҳу кори ҳама месӯхтанду кам дар фикри худ мешуданд. Ҳар нияти неку амали хайри дигаронро меписандиданду мепазируфтанд ва дар талқину ташвиқ ва ба мақсад расидани онҳо саҳим ҳам буданд. Дар рафоқату ошнопарварӣ ҳампоя надоштанд. Ҳам сахидаст буданду ҳам суҳбаторо. Зарифонаву хуштабъона сухан мекарданд. Ба ҳадде нуктадону нуктасанҷу нуктагӯ буданд, ки шунавандаро мафтун месохтанд. Ҳимматбаландиву кушодадастии ӯ овоза шуда буд. Сафсатагӯиву хурофот ва бадгӯиву ғайбатро манфур медоштанд. Заррае аз ахлоқи пасти башарӣ, чун ҳасаду ҳавову ҳавасу кизбу нафъпарастӣ дар вуҷудашон дида намешуданд. Зиндагидӯст буданду “ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод” мегуфтанд. Хушдимоғ буданду хушдилии дигаронро орзӯ мекарданд. Афсӯс, ки бо ин ҳама сифоти арзанда, худ ҳеҷ огоҳ набуданд, ки чӣ қадар азимулқадру азимушшаън буданд. Кошкӣ пай мебурданд, ки то ба кадом андоза зиндагии маънавии мо бе ӯ арзишашро аз даст додааст. Ҳарчанд зери таъсири роҳнамоиҳои устод то ҷое расидаем, аммо ҳанӯз ҳам яке аз сад сифоташонро сазовор нашудаем...
Дареғо, ки “сахт мегардад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш”. Ин устоди ҳақиқатҷӯву мунсиф ва равшанбину равшанзамир, ин дӯсти амину дурустгуфтору дурусткирдор чаҳорумин баҳорест, ки бо мо нестанд. Аммо то нишон аз илму адабу амалу ихлос аст, профессор Шодихон Юсуфбеков аз ҷумлаи сутунҳои илмию фарҳангии қаламрави мо боқӣ хоҳанд монд.