Иқтисодиёт
- Панҷшанбе, 15 Сентябр 2022
ШАКАРМАМАДОВ ОРИФ НИСОРМАМАДОВИЧ
Ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
3-ноябри соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи № 77-и шаҳри Душанбе гирифтааст. Солҳои 1989-1991 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Гомели Белорусия хизмати ҳарбиро адо намудааст. Соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба факултети филологияи тоҷик дохил шуда, аз соли 1996 таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар факултети номбурда идома дода, соли 1999 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёт хатм намудааст. Соли 2004 дар назди Институти илмҳои гуманитарӣ (ҳоло ба номи академик Б.Искандаров) ба аспирантура дохил шуда, соли 2007 хатм намуд.
Фаъолияти илмиаш аз соли 2000 ба ҳайси лаборанти калон дар шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарӣ оғоз гардид.
Солҳои 2000-2011 ба ҳайси ходими хурди Институти илмҳои гуманитарӣ кору фаъолият кард.
Аз соли 2011 то инҷониб ҳамчун ходими илмии Институи илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ фаъолияташро идома медиҳад.
Дастовардҳои илмӣ:
- Китобҳо ва монографияҳо:
- Шакармамадов О.Н. Наврӯзи Бадахшон (расму оинҳо) / Н.Шакармамадов, О.Шакармамадов. – Хоруғ: Маърифат, 2003. – 46 с.
- Мақолаҳои илмӣ, сиёсӣ-публитсистӣ:
- Шакармамадов О.Н. Мулоҳизаҳо перомуни ду ривояти мардумӣ / Н.Шакармаамдов, О.Шакармамадов // Паёми донишгоҳи Хоруғ. Бахши 2, № 2. – Хоруғ, 2000. – С. 49-57.
- Шакармамадов, О.Н. Наврӯз ва оташ тавъаманд / О.Н.Шакармамадов // «Бадахшон», аз 19 марти с. 2000, № 10.
- Шакармамадов О.Н. Назаре ба истилоҳоти илмии нақл ва ривоят // Паёми донишгоҳи Хоруғ. Бахши 2, № 3. – Хоруғ, 2001. – С. 92-97.
- Шакармамадов О.Н. Аз бобби оинҳо ва ривоёт вобаста ба об // Паёми донишгоҳи Хоруғ. Бахши 2, № 4. – Хоруғ, 2002. – С. 68-74.
- Шакармамадов, О.Н. Паратсиши об / О.Н.Шакармамадов // Илм ва ҳаёт. – Душанбе, 2002. - № 1-3. – С. 5-6.
- Шакармамадов, О.Н. Шогунбаҳори Бадахшон / Н.Шакармамадов, О.Шакармамадов // Мардумгиёҳ. Гоҳномаи илмӣ ва оммавии фарҳанги мардумӣ. – - № 10. – С. 14-22.
- Шакармамадов О.Н. Феҳристи таълифоти ходимони илмӣ ва аспирантҳои ИИГ дар зарфи даҳ сол // Масъалаҳои помиршиносӣ, № 5. – Душанбе: Дониш, 2003. – С. 223-238.
- Шакармамадов, О.Н. Чу лаъл дар кӯҳсор аст: Ба ифтихори Ҳазораи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ / Н.Шакармамадов, О.Н.Шакармамадов // «Садои мардум», аз 2 июли с. 2003, № 29.
- Шакармамадов О.Н. Ривоят ва афсонаҳо доир ба Носири Хусрав дар осори хаттӣ // Носири Хусрав: дирӯз, имрӯз, фардо. – Хуҷанд: Ношир, 2005. – С. 599-602.
- Шакармамадов О.Н. Чанд ривоёт роҷеъ ба фариштаҳои об // Иқтисодиёт ва илми ВМКБ: дирӯз, имрӯз ва фардо. – Хоруғ, 2005. – С. 110-113.
- Шакармамадов О.Н. Наврӯз – маросими кишоварзон // Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон. – Душанбе: Эр-граф, 2012. – С. 48-59.
- Шакармамадов О.Н. Таносухи асотиру ривоят // Масъалаҳои мубрами помиршиносӣ. – Хоруғ: Хушкор, 2016. – С. 176-180.
- Шакармамадов О.Н. Заминаи ривоят – воқеият // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ, № 1. – Душанбе, 2019. – С.124-128.
- Шакармамадов О.Н. Топонимические мотивы предание бытующие на территории Горного Бадахшана // Суханшиносӣ, № 3. – Душанбе: Дониш, 2020. – С. 165-172.
- Шакармамадов О.Н. Тобишҳои асотирӣ дар ривоятҳо // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ, № 3. – Душанбе, 2020. – С. 125-130.
- Шакармаамдов О.Н. Типологияи сужаҳо дар асарҳои насри халқӣ // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ, № 1. – Душанбе:Ирам, 2021. – С. 144-149.
- Шакармамадов О.Н. Нишонаҳои парастиши олами рустанӣ дар ривоятҳо // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ, № 2. – Душанбе: Ирам, 2021. – С. 124-130.
- Шакармамадов О.Н. Хусусият ва таснифи жанрҳои насрии фолклори тоҷик // Масъалаҳои илмҳои гуманитарӣ, № 3. – Душанбе: Ирам, 2022. – С. 77-87.
- Шакармамадов О.Н. Тобишҳои асотирӣ дар ривоятҳои мардумӣ / Ҳ.Қаландаров // Ахбори АМИТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, № 2, – Душанбе: Дониш, 2022. – С. 187-190.
- Шакармамадов О.Н. Ривоятҳо – этимологияи мардум // Ахбори АМИТ. Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, № 3, – Душанбе: Дониш, 2022. – С. 289-293.