wrapper

  Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон  сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

  Муҳаққиқ ва муҳаррири китоб, директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳоким Қаландариён дар китоби мазкур сафарҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 1993 то соли 2018 ҷамъоварӣ ва мавриди таҳқиқ қарор дода, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба таври хосса зикр намудааст.

  Дар саҳифаи аввал сухани муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов оид ба ташаббусҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Бадахшон ва ҷалби зиёди маблағҳои буҷетӣ ба рушди ин минтақаи Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, самимият ва дӯстдории мардуми ин вилоятро ба Пешвои миллат изҳор намудааст. Мавсуф Ҷаноби Олиро «Пешвои равшанназар ва раҳнамои равшангуҳар» ном бурда, саҳми ин фарзонафарзандро дар тараққиёти ин гӯшаи мамлакат-яъне Бадахшон фоли нек хондааст.

  «Китоб баҳри боз ҳам бештар аз худ намудани пешравиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақшаҳои мукаммали давлату Ҳукумати мамлакат муҳим буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст»,-иброз намуд Назира Амирбекзода.

Последнее изменение Душанбе, 25 Апрел 2022