Новости дня
- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Даргузашти дардноки шоираи соҳибном
Магў гузаштарафиқон зи дил фаромўшанд…
Бо ниҳояти таассур ва таассуф даргузашти олимаи соҳибандеша, шоираи хушбаён, донишманди шинохта ва шахсияти дўстдоштатарини мардумӣ Гулнисои Ризвоншоро тасаллият ва таъзият арз намуда аз Худованди табораку таоло барои марҳума улувви дараҷот ва раҳмати восеа ва барои соири бозмондагон сабру бурдборӣ масъалат дорем. Ҷойи холиашон дар қалби ҳамкорон ҳамвора эҳсос мешавад ва ёду хотираашон дар зеҳни мо ҳамеша ба некӣ боқӣ хоҳад монд. Парвонаи рўҳаш ба аълои иллийин парвоз кард ва парвози малакутии Гулнисои азиз сайр дар роҳи Худост ва ин эътиқоди боваркарданӣ андаке ҳам бошад, ғамро аз дилҳои мо мекоҳонад.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Китоби нави Қурбон Аламшоев ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар» Нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе китоби «Озодапаланг — даррандае, ки ба ҳимояи мову шумо муҳтоҷ аст»-и Қурбон Аламшоевро ба нашр расонид.
Ин сеюмин китоби номзади илмҳои таърих, рӯзноманигор, нависанда ва фаъоли ҷамъиятӣ Қурбон Аламшоев аст, ки ба озодапаланг- яке аз даррандаҳои нодиру зебои Тоҷикистон бахшида шудааст.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Пресс-релиз барои намояндагони воситаҳои ахбори умум
ПРЕСС-РЕЛИЗ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020 ВА ВАЗИФАҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2020 (27 ИЮЛИ СОЛИ 2020, СОАТИ 08.30, МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАТБУОТ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022