Новости дня
- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ карда шуд
Мояи ифтихори тамомои кормандони Институти Илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки устод, дусту бародари гиромӣ, муаллифи китобҳои "Рудаки ва исмоилия" ва "Хизонаи омира ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи адабиёти форсизабони асрҳои IХ-ХVIII", директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров - Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ -Медали хизмати шоиста қадрдонӣ карда шуд. Вокеан, устод лоиқи чунин қадрдонӣ аз ҷониби Рохбарияти кишвар аст.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Маҷлиси ҷамъбастӣ
23-юми январи соли равон дар толори Институти илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳузури муовини раиси вилоят Амирбекзода Назира маҷлиси ҷамъбастии солонаи Институт баргузор гардид. Директори Институти илмҳои гуманитарӣ , доктори илмҳои философия Ҳоким Қаландариён дар бораи фаъолияти яксолаи Институт дар шакли фишурда маълумот дод. Қайд гардид, ки дар соли сипаришуда барои Институти илмҳои гуманитарӣ мақоми миллиро соҳиб гардидани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин институтҳои зертобеи он ҷониби Пешвои миллат як падидаи нав ва боз гардидани саҳифаи нави таърихи фаъолият ба ҳисоб меравад.
Подробнее ...- Воскресенье, 01 мая 2022
Copy of Мизигирд ба ифтихори Рӯзи байналмилалии забони модарӣ
Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ музеи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқи эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва соҳили болоии Зарафшон ҳифз шудаанд. Бо иқтибоси чунин суханон аз гуфтаҳои Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон барномаи баргузории мизи мудаввар бахшида ба рузи байналмилалии забони модарӣ дар мавзӯи “Забони модарӣ дар ҷомеаи муосир , рӯйкарди илмӣ” дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б Искандарови Академияи миллии Илмҳои Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Подробнее ...