wrapper

Новости дня

Copy of Ба ифтихори 75-cолагии профессор Исмоил Раҳимӣ китоби "Донишманде аз водии Язғулом" аз чоп баромад

  Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.Искандаров ба ифтихори 75-умин солгарди профессор Исмоил Раҳимӣ китоби "Донишмаде аз водии Язғулом" рӯйи чоп овард.

Подробнее ...

Copy of Дар Институт бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор карда шуд.

  Дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров конфронси илмӣ  вобаста ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар кори  конфронс олимон ва ходимони илмии ИИГ АМИТ вобаста ба дастовардҳои 30 солаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад намудаанд. 

Подробнее ...

Copy of Ба ифтихори 85-умин солгарди Хаёлбек Додихудоев китоби Файласуф ва замон ба нашр расид

  Ин ҷашннома ба ифтихори 85-умин солгарди ҳакими мумтоз, муҳаққиқи нуктасанҷу файласуфи маъруфи тоҷик устод Хаёлбек Додихудоев таҳияву таълиф шудааст. Дар он чанде аз мақолаҳои пурҳикмати профессор ба унвони муште аз хирвор, ҳамчунин андешаҳои донишмандону адибони шинохтаи кишвар дар бораи ҷойгоҳи илмӣ ва нақши муассири ў дар рушди илми фалсафаи тоҷик, арзиши илмӣ ва амалии таълифоти вай, меҳрномаҳои манзуму мансури ҳамкорону ҳампешагону шогирдон ва ба илова мақолаҳои илмии чеҳраҳои машҳури тоҷик гирдоварӣ шудаанд.

Подробнее ...

Copy of Мушарраф гардидани Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович ба унвони доктори илмҳои филологӣ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Руссия

  Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкори муҳтарам, донишманди хушзеҳн Абдулназаров Абдулназар Абдулқодировичро барои муваффақ шудан ба гирифтани тасдиқномаи УНВОНИ ДОКТОРӢ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия муборакбод мегӯяд. Абдулназаров А.А. 30-уми марти соли равон дар назди Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Танатологические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв.» таҳти роҳбарии доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дифоъ намудааст. 

Подробнее ...