Таҳаммули фуқдони зоҳирии вайро аз Худо барои пайвандон металабем, то гули ҷонаш дар маҳзари Худованд атрафшон бошад.
Гулчини рўзгор аҷаб хушсалиқа аст,
Мечинад он гуле, ки ба олам намуна аст.
Магў гузаштарафиқон зи дил фаромўшанд…
Бо ниҳояти таассур ва таассуф даргузашти олимаи соҳибандеша, шоираи хушбаён, донишманди шинохта ва шахсияти дўстдоштатарини мардумӣ Гулнисои Ризвоншоро тасаллият ва таъзият арз намуда аз Худованди табораку таоло барои марҳума улувви дараҷот ва раҳмати восеа ва барои соири бозмондагон сабру бурдборӣ масъалат дорем. Ҷойи холиашон дар қалби ҳамкорон ҳамвора эҳсос мешавад ва ёду хотираашон дар зеҳни мо ҳамеша ба некӣ боқӣ хоҳад монд. Парвонаи рўҳаш ба аълои иллийин парвоз кард ва парвози малакутии Гулнисои азиз сайр дар роҳи Худост ва ин эътиқоди боваркарданӣ андаке ҳам бошад, ғамро аз дилҳои мо мекоҳонад.
Таҳаммули фуқдони зоҳирии вайро аз Худо барои пайвандон металабем, то гули ҷонаш дар маҳзари Худованд атрафшон бошад.
Гулчини рўзгор аҷаб хушсалиқа аст,
Мечинад он гуле, ки ба олам намуна аст.