wrapper

ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»  Нашриёти «Ирфон»-и шаҳри Душанбе китоби «Озодапаланг — даррандае, ки ба ҳимояи мову шумо муҳтоҷ аст»-и Қурбон Аламшоевро ба нашр расонид.

Ин сеюмин  китоби номзади илмҳои таърих,  рӯзноманигор, нависанда ва фаъоли ҷамъиятӣ Қурбон Аламшоев  аст, ки ба озодапаланг- яке аз даррандаҳои нодиру зебои Тоҷикистон бахшида шудааст.

Тавре муаллиф дар оғози китоб меоварад, ҳайвони дарранда- Озодапаланг аз оилаи гурбаҳо, ки бо номи Бабри барфӣ ҳам ёд мешавад, дар дуртарин, баландтарин ва касногузартарин нуқоти ҷумҳурӣ будубош дошта бошад ҳам, дар ҳоли ҳозир ба хатару таҳдидоти доимӣ рӯ ба рӯ аст. Шумори ҷонвар рӯз ба рӯз кам шуда, он зери хатари аз байнравӣ қарор дорад. Хатарҳо ба ҷони вай дар натиҷаи мухолифати инсон ва табиати ваҳшӣ, афсурдашавии муҳити зисти он ва дигаршавии иқлим афзоиш пайдо мекунанд. Вале, ба андешаи муаллиф, хатари асосӣ ба мавҷудияти озодапаланг худи инсон ва чолишҳои фарҳангии мардумони бумӣ аст. «Бо ин қадар чобукиву тавоноӣ ва баландпарии худ ин ҷонвари мағрур ва озодарӯҳ муҳтоҷи ҳимояи мо ҳаст!», «Бояд ҳама рӯз бонги хатар зад», менависад муаллиф ва ҳамагонро даъват мекунад: «Мову шумо бояд онро аз нестшавӣ наҷот диҳем!».

Дар китоб дар бораи экосистемаи озодапаланг, равиши зисти ҷонвар, муҳити он, фарқи он аз дигар палангу гурбашаклҳо, мақоми озодапаланг дар адабиёт ва фарҳанги ниёгони мо, роҳҳои наҷот, ҳифз ва нигоҳдории ин ҷонвар суханҳо гуфта шудааст. Бо далелҳои ҷолиб исбот шудааст, ки ин ҷонварро ниёгони тоҷикон мавриди парастиш қарор дода он аз нахустин рамзҳои (символ) миллии тоҷикон будааст. Муаллиф иброз доштааст, ки озодапаланг ҳамчун объекти ҳамкории байналмиллалӣ ва омили тавсеаи сайёҳати экологӣ метавонад ба рушди иқтисодии мамлакат таъсири мусбат расонад.

Дар китоб дар бораи Декларатcияи Бишкек-ҳуҷҷати сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи озодапаланг, Барномаи глобалӣ оид  ба  ҳифзи озодапаланг ва экосистемаи он, Рӯзи байналмилалии озодапаланг, Лоиҳаи «Ҳифз ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помир‐Олой ва Тён‐Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва устувории некуаҳволии ҷамоатҳо», таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳимояи ин ҷонвари нодир, ташаббуси ҳифзу ҳимояи озодапаланг аз ҷониби шаҳрдори шаҳри Душанбе ва Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон маълумоти васеъ ироа шудааст. Асар дар бораи таҳкими назорати ҷамоатии вазъи озодапаланг дар Тоҷикистон, таҷлили Фестивалҳои Ҳимояи Озодапаланг дар қаламарви Бадахшон иттилооти ҷолиб пешкаш кардааст.

Дар охири китоб таърихчаи нӯҳ ҳодисаи наҷот додани паланг дар солҳои охир аз ҷониби сокинони деҳоти дурдасти ВМКБ оварда шудааст, ки аз боло рафтани таваҷҷуҳи одамон ба ҳифзу нигоҳдории озодапаланг дарак медиҳад.

Таҳияи китоб дар чаҳорчӯби лоиҳаи Иттиҳодияи Ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» таҳти унвони «Дар пайи озодапаланг: аз Шоҳин то Мурғоб» анҷом шуда бо кӯмаки молии Барномаи Грантҳои кӯчаки Фонди ҷаҳонии муҳитзистии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба нашр расидааст.

Китоб ба хотири тақвияти зарфияти маҳал ва афзоиши огоҳии умумӣ дар мавриди ҳифозат аз озодапаланг дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон таҳия ва интишор ёфтааст.

Асари нав, ки дар гурӯҳи навоҳии ВМКБ ва Хатлон тавзеҳ хоҳад шуд, барои зиёд шудани сафи муҳофизони озодапаланг дар Тоҷикистон ва амнтар кардани маҳали сукунати ин ҷонвар кӯмак хоҳад расонд.

«Озодапаланг- даррандае, ки ба ҳимояи мову шумо мӯҳтоҷ аст» бо андозаи 7 ҷузъи чопӣ, дар шакли ранга ва бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромадааст. Ин саввумин китоби илмӣ- оммавии муаллиф дар бораи озодапаланг аст. Асарҳои аввали муаллиф «Озодапаланг» («Ирфон», 2017) ва «Хозяин снежных гор Таджикистана» («Офсет – Империя», 2019) мебошанд. «Озодапаланг» ҳамзамон ба забонҳои англисӣ: «Snow Leopard nationalpride of Tajikistan» ва русӣ «Снежный барс–национальная гордость Таджикистана» тарҷума ва нашр шудааст.

Асарҳои номбурда дар Тоҷикистон аз нахустин китобҳои муаллифони маҳаллӣ дар бораи озодапаланг мебошанд.

Дар китоб расмҳои кашидаи мактаббачагони Помир, ки дар мавзӯи «Мо озодапалангро ҳимоя мекунем!» кашида шудаанд, истифода гардидаанд.