wrapper

Институт

Институт

Copy of Дар Институт конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 75-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Исмоли Раҳимӣ баргузор гардид.

  Ба ифтихори 75-солагии профессор Исмоил Раҳимӣ дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров конференсияи илмию амалӣ доир гардид. Конференсия бо ибтикори Институти илмҳои гуманитарии ба  номи академик Баҳодур Искандаров , Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ВМКБ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев доир гардид. Дар кор конфронсия олимон, шогирдон ва ҳаводорони илму маърифат ширкат варзида аз ҳаёт ва фаъолияти илмии Устод Раҳимӣ суханронӣ намуданд.

Подробнее ...

Copy of Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба «рӯзи илми тоҷик»

  Тибқи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ аз 28 декабри соли 2021 бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» 15 апрели соли 2022 дар толори Шурои олимон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи: «Проблемаҳои актуалии рушди илми иқтисодӣ дар Тоҷикистон» (бахшида ба нахустин конференсияи омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Рахимзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд. Подробнее ...

Copy of Ваҳдати миллӣ – асоси рушди илм

  Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, оғоз аз азхудкунии фаннҳои таълимӣ ва ҳосил намудани ҷаҳонбинии базавии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, баъдан бо ҷустуҷўи донишҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ниҳоят дар роҳи пажуҳиши беканори илмӣ дар таҳқиқотҳои оянда – табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Табиати олим ва ҳунарманди ҳақиқӣ ба равандҳои неку бомаром ва машварати илмӣ ба монанде, ки инсон бе обу ҳаво наметавонад, ниёз дорад. Рушди системавии илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ имконпазир аст, ки дар сохторҳои беғубори он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд.

Подробнее ...
Copyright © 2024 Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров. All Rights Reserved. Designed by IBlove