wrapper

  ПРЕСС-РЕЛИЗ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020 ВА ВАЗИФАҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2020 (27 ИЮЛИ СОЛИ 2020, СОАТИ 08.30, МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАТБУОТ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло­гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

  Дар шаш моҳи соли 2020 олимони Академияи миллии илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 98 мавзӯъ, аз ҷумла 57 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдӣ, 23 мавзӯи илмию таҳқиқотии амалӣ ва 18 мавзӯи илмию таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд, аз ҷумла: Таҳқиқот дар соҳаи илмҳои математика дар сатҳи баланд доир гардида, усули арзёбӣ кардани суммаи тригонометрии кӯтоҳи Г. Вейл дар соҳаи нуқтаҳои синфи якум коркард шуд, ки ба омӯхтани масъалаҳои аддитивӣ бо аъзоҳои қариб баробар имконият медиҳад. Доир ба физикаи ҳолати конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, акустика натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд. Тавсияҳо доир ба амнияти ядроӣ ва радиатсионии мамлакат коркард ва татбиқ карда шуданд. Кристаллҳои нав дар асоси оксиди бор-оксиди висмут-оксиди натрий ҳосил карда шуданд, ки барои истифода дар электроникаи квантӣ ва оптикаи ғайрихаттӣ аҳамияти калон доранд. Дар соҳаи астрофизика бо истифода аз технологияҳои муосири компютерӣ мушоҳидаҳои метеорҳо, кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои ҳамсафарҳои сунъии Замин гузаронида шуданд. Астероидҳои наздизаминии табиати кометавидошта ошкор карда шуданд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҳал кардани масъалаҳои хатари астероидҳову кометаҳо ба Замин ва киштиҳои кайҳонӣ мухим мебошанд. Олимони соҳаи химия натиҷаҳое ба даст оварданд, ки аз дастовардҳо дар рушди усулҳои синтези маҳсулот бо хосиятҳои муайян – моддаҳои таъйиноти биологӣ ва тиббӣ, ки барои ба вуҷуд овардани доруҳои нави табобатӣ аҳамияти калон доранд, шаҳодат медиҳанд. Навъҳои нави хӯлаҳои алюминийӣ бо мувофиқатии нодири мушаххасаҳои механикӣ ва физикӣ-химиявӣ ба вуҷуд оварда шуданд, ки бо устувории баланд нисбат ба зангзанӣ ва таъсироти механикӣ фарқ мекунанд. Тавсияҳо доир ба коркарди комплексии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ омода шуданд. Олимони соҳаи геология таҳқиқи конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистонро идома дода, диқатти махсусро ба кашфи маъданҳои нав равона намуданд. Аз тарафи олимони зилзилашинос (сейсмологҳо) бо истифодаи технологияҳои навтарини системаҳои иттилоотии географӣ (ГИС) харитаи арзёбӣ кардани хатарнокии сейсмикии марзи Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки он ба ошкор намудани ҷойи пайдоиши фурӯравиҳо ва ярч (лағжида фаромадани қабатҳои замин) ҳангоми заминҷунбиҳо имкон медиҳад.

Олимони соҳаи омӯзиши масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология усулҳои баҳисобгирӣ ва мониторинги ҳаҷми муфиди оби обанбори Норак ва ба таври зуд пешгӯӣ кардани ҷараёни солонаи дарёи Вахшро коркард ва татбиқ намуданд, ки онҳо ба баланд гардидани самаранокии кори Нерӯгоҳи обии барқии Норак имкон медиҳанд. Олимон ва мутахассисони Маркази омӯзиши пиряҳҳои АМИТ ҳолати баъзе пиряхҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва мониторинг қарор дода, аз ҷумла ба пиряхҳои дараи Варзоб экспедитсияҳои илмӣ ташкил намуданд. Дар соҳаи илмҳои биологӣ таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Таҳқиқот доир ба физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо ҳамчун асос барои селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва ба вуҷуд овардани системаи муосири тухмипарварӣ, коркарди агротехнологияҳои пешрафта густариш дода шуд. Омӯзиш ва таҳқиқи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Дар соҳаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ масъалаҳои таърихи давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, таърихи Саразми бостонӣ, этногенези халқи тоҷик таърихи мусиқӣ, театр, меъмории халқи тоҷик мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтанд. Файласуф ва сотсиологҳо таваҷҷуҳи махсусро ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафаи забон, масъалаи ҳастӣ ва худшиносӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик ва, ҳамчунин, ба равияҳои муосири фалсафаи Ғарб ва мақоми онҳо дар афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии кишварҳои Шарқ равона намуданд.

Дар соҳаи илмҳои филологӣ таърихи адабиёти тоҷик омӯхта шуд, масъалаҳои муҳими ҳолат ва рушди забони тоҷикӣ, сарчашмаҳои хаттии адабиёт ва фарҳанги форсу тоҷик таҳқиқ гардид, луғатҳои дузабонӣ нашр карда шуданд. Олимони иқтисодшинос масъалаҳои рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ташаккулёбии сармояи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва монанди инҳоро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор доданд. Фаъолияти олимони соҳаи демография ба омӯзиши масъалаҳои демографии оила ва издивоҷ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сабабҳои никоҳ ва талоқи аҳолӣ, рафтори репродуктивӣ, ва ҳамчунин вазифа ва сохтори оила равона гардида буд. Олимони ҳуқуқшинос суннатҳои давлатдории халқи тоҷикро омӯхта, баъзе хусусиятҳои мақомоти амалисозандаи адолати судиро дар таърихи давлатдории тоҷикон муайян намуданд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо беш аз 990 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 70 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, 915 мақолаҳои илмӣ, аз онҳо 150 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ давлатҳои хориҷи дур ба табъ расиданд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ қариб 600 мақолаи илмию оммавӣ дар матбуоти даврӣ ба нашр расонида шуд. Дар шаш моҳи соли 2020 дар Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 38 чорабинии илмӣ (8 конференсияи илмӣ, 14 семинари илмӣ, 3 мизи мудаввари илмӣ, 2 мулоқоти расмӣ ва 1 машварати илмӣ) омода ва баргузор карда шуданд. Аз ҷумла: конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми занон дар рушди илм» (Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Моделсозии равандҳои иқтисодӣ ва Тоҷикистони муосир» (Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон), конференсияи илмию амалии байналмилалии «Тоҷикистон - осорхонаи зиндаи забонҳои нодир. Ҳифзи забон ва фарҳанги забонҳои помирӣ ва яғнобӣ» бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ), конференсияи илмӣ-назариявии «Устод Айнӣ ва шайх Камоли Хуҷандӣ» бахшида ба солонаи Айнӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ (Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ) ва ғайра.

Дар нимсолаи якуми соли 2020 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 маҷлиси умумӣ ва 2 ҷаласаи васеъ доир намуд, ки дар онҳо фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии муассисаҳои илмии АМИТ, ҳамчунин рафти иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ ва бандҳои дахлдори нақшаҳои чорабиниҳои ҳукуматӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Дар ин давра Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 15 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо беш аз 70 қарор ва қариб 250 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории АМИТ қабул гардиданд. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ аз 28 феврали соли ҷорӣ ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шуруъ намуд ва илова бар ин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад ва айни замон аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод карда мешавад. Олимони Академияи миллии илмҳо тӯли солҳои охир оид ба омӯзиши гиёҳҳои шифобахш як силсила корҳоро анҷом дода, Атласи гиёҳҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба чоп омода намудаанд, ки дар он оид ба хосиятҳои фармакологӣ ва имкониятҳои дар саноати дорусозӣ истифода кардани 200 намуди гиёҳҳо маълумот гирд оварда шудааст. Олимони Академияи миллии илмҳо дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масунияти бадан истифода бурдан мумкин аст. Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» як қатор иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер» «Седармон», марҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, иваз намояд. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад. Ихтирои дигари олимони Академияи миллии илмҳо дастгоҳи худсози нафаскашии сунъӣ мебошад. Ин дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шудааст ва дар беморхонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилӣ” аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии ин дастгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир аст. Бо мақсади таъмини иҷрои банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 1 июни соли 2020, №59 дар назди АМИТ Шӯрои байниидоравӣ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории коронавирус СOVID-19 таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он олимони соҳаи тиб, табибони вирусолог ва бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин кимиёдонҳо, биологҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо шомиланд. Ҷаласаҳои Шӯро ҳар ҳафта, рӯзи душанбе доир гардида, дар он пешниҳод ва тавсияҳои илмию методӣ оид ба бемории коронавирус СOVID-19 ва роҳҳои пешгирии он қабул ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда мешаванд. Рӯзи 10 июни соли 2020 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Исматуллозода дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию амалӣ дар мавзӯи «Коркардҳои илмии олимони тоҷик дар мубориза бо коронавируси COVID-19» доир гардид. Семинар бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот ба кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли ҷорӣ баён гардиданд, доир карда шуд. Дар кори семинар олимон ва коршиносони соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои дорусозии ватанӣ иштирок намуданд. 14 апрели соли 2020 бахшида ба ҷашни касбии олимони тоҷик «Рӯзи илм» баъди аз тарафи олимон аз ҳисоби аъзои АМИТ гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.У.Умаров, М.Осимӣ ва дигар олимони барҷастаи тоҷик, дар маҷлисгоҳи АМИТ маҷлиси тантанавӣ ва Конференсияи илмии “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор гардид. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат (18 марти соли 2020), Раёсати АИ ҶТ нақшаи умуми таъмини иҷрои ин супоришҳоро таҳия намуд, ҳамчунин матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли китобча бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонида шуда, дастраси ҳамаи аъзои Раёсати АМИТ ва мудирони шуъбаҳои он, роҳбарони муассисаҳои илмии АМИТ гардонида шуд.

Бо мақсади таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муайян кардани сохтори минбаъдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Комиссияи махсус таъсис дода шуд ва он ба кори худ шурӯъ намуд. 12-13 марти соли 2020 дар АМИТ бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ” ба мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва муайян намудани донишҷӯёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо, бори панҷум Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи милили илмҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Дар нимсолаи дуюми соли хониши 2019-2020 дар курсҳои якум ва дуюми шуъбаи рӯзонаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар 14 институти илмию таҳқиқотӣ, 3 Маркази илмӣ, 1 Маркази мероси хаттӣ ва Кафедраи забонҳои хориҷӣ 452 нафар магистрантҳо аз рӯи 46 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 142 нафар ё 31,5%-ро духтарон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар 19 муассисаи илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 153 аспиранти таҳсили рӯзона ва ғоибона ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд. Айни замон, дар зинаи докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисоси 14 муассисаи илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 112 нафар докторант таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 67 нафар дар курси дуюм ва 45 нафар дар курси сеюм машғули корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошанд. Вазифаҳои асосии АМИТ дар нимсолаи дувуми соли 2020: - мусоидати ҳаматарафа ба идома додани корҳои илмию таҳқиқотии бунёдӣ ва амалӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи барномаҳои давлатии соҳавӣ; - ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо дар зинаҳои магистратура, докторантура PhD, унвонҷӯ ва докторантура, ҳамзамон тибқи созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар омода намудани мутахассисони равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ дар хориҷи кишвар; - гузаронидани ислоҳоти сохторӣ дар Академияи миллии илмҳо; - тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳо ва бад-ин васила пайвастани илм бо истеҳсолот; - тарғиби донишҳои илмӣ ҷиҳати мусоидат намудан дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷомеа; - омодагириҳо барои дар сатҳи зарурии илмӣ ва сиёсӣ таҷлил намудани 5500-солагии шаҳри Саразм; - дар сатҳи баланди илмӣ ва ташкилӣ иҷро намудани Нақшаҳои чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.