Филология
- 25.01.2024
ЗООЛИШОЕВА ШАМШОД ФАРОСАТШОЕВНА
Номзади илмҳои филологӣ
Ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
18-октябри соли 1973 дар шаҳри Хоруғ таваллуд ёфтааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи №8 -и ба номи С. Абдуллоев гирифтааст. Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба факултети филологияи тоҷик дохил шуда, соли 1997 онро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Фаъолияти педагогиаш аз соли 1997 то соли 1998 ба ҳайси муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев идома ёфт.
Соли 2002 таҳсилро дар аспирантура, дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Россия) давом дода, соли 2005 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург рисолаи номзадии худро таҳти унвони “Цветообозначение в шугнано-рушанской языковой группе в этнолингвистическом освещении” дифоъ намудаанд.
Соли 2016 то соли 2022 ба ҳайси корманди илмии Бахши тадқиқот (дар назди Институти Исмоилии Лондон) кору фаъолият намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2023 то кунун дар вазифаи ходими калони илмии Институи илмҳои гуманитарии АМИТ кору фаъолият намуда, дар мавзуъи “Этнографическая лексика шугнанского языка (на примере шугнанцев левобережья реки Пяндж (Афганистана)” таҳқиқоти илмиро пеш бурда истодааст.
Мақолаҳои илмӣ:
- Семантика красного цвета в шугнанском языкек // Школа молодого востоковеда -2004: Материалы научной конференции (26-29 февраля 2004г.), СПб., 2004. Стр. 27-29.
- Символика цвета в шугнано-рушанской национальной одежде. Стр. 38-45. Языки и этнограффя “Крыша мира”. СПб.: “Петербургское Востоковедение”, 2005. -112с.
- Образовавание собственных имен на основе цветообозначающих слов в языках шугнано-рушанской группы. Стр. 46-50. Языки и этнография “Крыша мира”. СПб.: “Петербургское Востоковедение”, 2005. -112с.