wrapper

  Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкори муҳтарам, донишманди хушзеҳн Абдулназаров Абдулназар Абдулқодировичро барои муваффақ шудан ба гирифтани тасдиқномаи УНВОНИ ДОКТОРӢ аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия муборакбод мегӯяд. Абдулназаров А.А. 30-уми марти соли равон дар назди Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Танатологические мотивы в таджикской литературе XX-XXI вв.» таҳти роҳбарии доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар дифоъ намудааст. 

  Дар ин рисола муаллиф нуқтаи назари худро бо он далел бармеангезад, ки адабиёти муосири тоҷик дар мавзӯи марг маводи бузурги воқеиро фароҳам овардааст ва омӯзиш, ба системаорӣ, ҷамъбаст, фаҳмиш, сохторбандӣ ва муаррифии онро ҳамчун маҷмӯа ягонаи дониш дар адабиёти илмӣ тақозо мекунад. Абдулназаров А.А. таҳлили вижагиҳои мотиви марг дар осори адибони тоҷикро, ки дар адабиёти миллӣ инъикос ёфтаанд, хусусияти хоси ин таҳқиқот медонад. Аҳаммияти омӯзиши ин мавзӯъро муаллиф маҳз дар замони муосир, замоне, ки дар ҳама ҷо тағйироти куллии муносибатҳои иҷтимоӣ ва равишҳои арзишӣ-ҷаҳонбинӣ ба амал омадааст, ба таври дуруст қайд намуда, тафсири хоси миллии ин масъаларо дар осори адибони асрҳои XX-XXI нозукбинона пай бурдааст. Ҳангоми муайян кардани аҳаммияти ин таҳқиқот муаллиф ба он такя мекунад, ки фаҳмиши илмии ҳақиқии ҳаёт ва марг метавонад фишанги муассире дар ҳалли мухолифатҳои зиёде дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон гардад.