wrapper

 Имрӯз дар таърихи 26 - уми июни соли 2019 дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии "Ваҳдати миллӣ" - и тоҷикон Маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он директорон, муовинони директорҳо, ходимони илмӣ ва котибони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ иштирок намуданд. 

2.36.jpg - 98.98 KB
    Ҷаласаро президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик кард. Сипас, олимони ҷомеашиноси АИ ҶТ ҷиҳати бурду бохти ваҳдати миллӣ дар 20 соли ахир муҳокимаронӣ намуданд. 
    Бояд тазаккур дод, ки истиқрори сулҳ байни тоҷикон яке аз комёбиҳои назаррас ва таърихии миллати мо маҳсуб мешавад ва ин ки бархе дар паи барҳам задани ин ҷашни таърихӣ ҳастанд, бузургтарин иштибоҳро бар хеш муносиб дида, намехоҳанд он рӯзҳои мудҳишро ёдоварӣ бинмоянд. 
Ваҳдат айни замон такмил мехоҳад,
ваҳдат ҳамоҳангии ақшори иҷтимоиро таманно мекунад,
ваҳдат бар хилофи маҳалгароисту моро ба ҳайси миллати воҳид муаррифӣ мекунад.
Ваҳдат ормони милюнҳо тоҷикон аст, ки дар кишвари мо фаъолият мекунанд,
Ваҳдат натиҷаи фаъолияти сиёсии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гузашт карданро роҳи ягонаи ҳалли мушкилӣ донисту ба бозгардонии гурезаҳо пардохт ва имрӯз фазои сиёсии кишвари мо барои ҳар яке аз мо имкон фароҳам сохтааст, ки ҷиҳати татбиқ намудани ормонҳои сиёсии муосир ихтиёран фаъолият бинмоем.
    Бигзор ваҳдати тоҷикон поянда бод!!!

2.37.jpg - 140.88 KB

http://anrt.tj/tj/khabar-o/1286-22-yumin-ta-lili-va-dati-mill