wrapper

  Ба ифтихори 75-солагии профессор Исмоил Раҳимӣ дар Институти имлҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров конференсияи илмию амалӣ доир гардид. Конференсия бо ибтикори Институти илмҳои гуманитарии ба  номи академик Баҳодур Искандаров , Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ВМКБ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев доир гардид. Дар кор конфронсия олимон, шогирдон ва ҳаводорони илму маърифат ширкат варзида аз ҳаёт ва фаъолияти илмии Устод Раҳимӣ суханронӣ намуданд.

  Ба кори конференсияи директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров Қаландариён Ҳоким Сафар ҳусни оғоз бахшид. Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода баромад намуда, Устод Раҳимиро вобаста ба  таҷлили 75-солагии умри пурбаракаташ  табрик намуд. 

  Инчунин дар кори конференсия олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номаи академик Баҳодур Искандаров, доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ Назрӣ Офаридаев, Броимшоева М номзади илмҳои филологӣ, Мирзоев Ш номзади илмҳои филологӣ, Фозилов Д номзади илмҳои филологӣ,   Мирзоҳасанов Л  номазади илмҳои филологӣ ва дигар шогирдони Устод  Раҳимӣ баромад намуда, муҳимияти тадқиқотҳои Исмоил Раҳимӣ  дар пажуҳиши забонҳои помирӣ баррасӣ намуданд.