Нусхаи чопи
Назрӣ Офаридаев - доктори илмҳои филологӣ,
сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.
Искандарови АМИТ
 
ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТРО ГИРОМӢ ДОРЕМ
 
      Имсол ба имзои санади санавиштсоз - Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 28-сол пур мешавад. Бидуни шак ин рӯйдод дар таърихи навини халқи точик аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро маҳз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ имконият дод тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлати ҷавони Тоҷикистон ҳифз гардад. Барои таҳким ва устувории пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шавад ва мамлакат бо рохи рушди муътадили иқтисодию иҷтимоӣ равона гардад. Бисту ҳашт соли фазои ваҳдат ва якпорчагӣ ҳарчанд барои таърих муҳлати зиёде набошад ҳам, мардуми Тоҷикистон дар ин муддати кутоҳ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемуболиға ба дастовардхои бузурги таърихӣ ноил гардид.
      Расидан ба қуллаи умеди сулҳу ваҳдат осон набуд. Тоҷикистон ба вартаи хатарноке афтида буд,ки баромадан аз он кори осон набуд.Хатари нопадид гардидан аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба давлати ҷавони тоҷикон тахдид карда буд, зеро таҷрибаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ солҳои 90-уми аср гузашта дар Тоҷикистон ҳам дида мешуд.
      Баъд аз барҳам хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки низоми дуқутбиро таъмин менамуд, ҷумҳуриҳои собиқ ,аз ҷумла Тоҷикистон низ ба ҳоли худ гузошта шуданд. Тоҷикистон ба мисли дигарон мехост ҳамчун давлати мустақил ҳастии худро барқарор кунад. Аммо акси ҳол дар Тоҷикистон зери таъсири таҳаввулоте, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуқуъ омад, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ пайдо шуданд. Ва ин нерӯҳои сиёсӣ барои ба даст овардани курсии мансаб саъю кӯшиш мекарданд. Ҳар кадоме аз инҳо дар талоши он буданд, ки зимни мустақил шудани Тоҷикистон раҳбарии онро ба дасти худ гиранд. Мутаасифона онҳо на барои ҳастии давлати ҷавони тоҷик дар харитаи ҷаҳон ҷаҳд мекарданд, балки бо ҳадафҳои гуногун, самтҳои мухталиф танҳо манофеи хешро амалӣ менамуданд. Бисёрии ин гурӯҳҳо албатта бо нерӯҳои манфиатхоҳи хориҷӣ равобит доштанд ва дар таъсир ва нуфузи нерӯҳои хориҷӣ тақдири дигаронро зери хатар гузоштанд. Нерӯҳои навзуҳур дар Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои дигар ҳидоят мешуданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳои хориҷӣ кӯшиш мекард, ки нуфузи худро дар ин мамлакати тоза ба истиклолрасида густариш диҳанд.
      Бархӯрди қувваҳои дохили Тоҷикистон барои ҳокимият ба муноқишаи мусаллаҳона оварда расонд. Сабаб он буд,ки мо бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамсарҳад ҳастем ва дар давлати ба мо ҳамсоя солҳои зиёд ноамнӣ ҳукмрон аст. Силоҳи зиёд дар ин кишвар мавҷуд буд ва он ба ҷумҳурии мо низ интиқол дода мешуд.
 
Муҳофизати сарҳад, ки зиёда аз 1000 километрро ташкил медод, заиф шуд. Нерӯҳои гуногун дар дохили мамлакат ба муноқишаҳои мусаллаҳона сар карданд ва ҷумҳурӣ ба гирдоби як ҷанги таҳмилии бародаркушӣ кашида шуд.
     Дар кишвар се қувваи ба ҳам муқобил зуҳур карданд. Як қисмашон қувваҳои демократӣ буданд ва онҳо дар тақлид ба нерӯҳои демократии Россия ва ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мехостанд, ки ҷомеаи демократӣ, низоми демократиро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Дуввум қувваҳои исломӣ маҳсуб мешуданд, ки дар таъсири кишварҳои исломии ҳамсоя барои ба даст овардани ҳокимият ва таъсиси ҷумҳурии исломӣ дар Тоҷикистон мубориза мебурданд. Ин гуруҳро асосан руҳониён, қувваҳои муайяни диние, ки дар кишвари мо буданд, ҳимоят менамуданд, роҳбарӣ мекарданд ва бо шиорҳои динӣ ба майдони мубориза дохил мешуданд.
      Сеюм қувваҳои комуннистӣ, қувваҳое, ки ҳизби собиқ комунистиро пайравӣ мекарданд,аз суқути давлати Шӯравӣ норозӣ буданд, низ ба ин мубориза ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои муқовимат табдил ёфт. Агар як қисми минтақаҳо аз қувваҳои муайян ҳимоят мекарданд, қисми дигарашон ақидаҳои дигаронро ҷонибдорӣ менамуданд. Ва мардум ба сангарҳо ҷудо шуд, ки боиси ҷанги бародаркушӣ гардид. Дар натиҷа ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон фирорӣ шуданд. Қисми аҳолии водии Вахш ба тарафи Афғонистон гузаштанд. Гурезаҳои дохилӣ аз шаҳри Душанбе ва водии Вахш ба вилоятҳои Суғду Бадахшон гуреза шуданд. Ҳамин тариқ, гурезаҳо пайдо шуданд. Вазъи иқтисодӣ ниҳоят бад буд ва мардум дар як ҳолати парешонию раҳгумӣ қарор дошт. Дар ҳамин шароит давлатҳо, кишварҳои гуногун кӯшиш мекарданд, ки дар Тоҷикистон нуфузи худро дошта бошанд. Табаддулоти қувваҳои даргир хавферо ба вуҷуд овард, ки давлати Тоҷикистон аз байн равад. Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил аз харитаи сиёсии ҷаҳон зудуда шавад.
     Дар он рӯзҳои муқовимати мусаллаҳона боварии мардум нисбат ба ҳамдигар коҳиш ёфта буд. Вале хушбахтона халқи тоҷик бо идроку ахлоқу афкори созандаи азалии худ имконият пайдо кард, ки хатои худро дарк кунад ва дар атрофи сарвари ҷавони тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардад ва Тоҷикистони ҷавонро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад.
      Тавре, маълум аст, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон охири соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид. Дар ин иҷлосия бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти нав сари қудрат омад ва ҳукумати ҷадид вазифаи асосии худро дар ҳамон иҷлосия муайян ва мушаххас намуд, ки сулҳу субот дар Тоҷикистон бояд ба кадом арзиши ҷоние набошад, барқарор гардад. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин иҷлосия дар нахустин муроҷиати худ ба халқи Тоҷикистон гуфта буд, ки: «Ман барои шумо сулҳ меорам. Агар даркор шавад ҷонамро низ фидо мекунам». Яке аз вазифаҳои ҳукумати нав ин баргардонидани гурезаҳо ба маҳалҳои зисти аслиашон буд. «То даме, ки охирин гуреза ба Тоҷикистон барнагардад, ман худро ором ҳис намекунам»-гуфта буд, -Роҳбари давлат дар суханрониашон. Барои боз гардондани гурезагон ҳукумати навтаъсис барномаи радиоиеро бо номи «Хоки Ватан» ташкил намуд, ки тавассути он шаҳрвандони гурезаро, ки дар хоки давлатҳои бегона мезистанд, барои баргаштан ба макони аслиашон даъват мекард. Дар ин лаҳзаи бисёр ҳассос Сарвари давлат тавассути ин барнома ба гурезаҳо муроҷиат карда буд ва нуктаи хеле ҷолиберо ҳам гуфта буданд:
     «Шумо ҳамватанони азиз, боз гардед. Хонаву ҷойи шумо агар ба шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, вале як бурда ноне, ки дорем, ба ҳам мебинем». Баъди ин суханони таърихӣ мардуми муҳоҷиргаштаи тоҷик гуруҳ-гуруҳ шуда, ба Ватани аҷдодии хеш бозгашт. Дар баробари ин вазифаи дигари ҳукумати нав аз нахутин рӯзи ба сари қудрат омаданаш ин барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ҳисоб мешуд. Бинобар ин лозим омад, ки фалсафаи сулҳ, ягонагии Тоҷикистонро дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон таблиғ намоянд. Фалсафаи сулҳи Сарвари давлат аз он иборат буд, ки мухолифин ва ҳам ҷонибдорони ҳукумат шаҳрвандони ин мамлакатанд. Ҳар кадоми мо, ба мухолифин муроҷиат кард, бояд ба дарки он расем, ки барои мо муҳим он аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлат наҷот диҳем. Миллатро ҳамчун миллат эмин дорем. Тамоми манфиатҳои сиёсӣ, гурӯҳӣ, маҳалливу минтақавиро як тараф гузошта, баҳри пойдории Тоҷикистон гуфтушунид намоем, барои барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон бояд ба як созиш биёем. Ва ин масъала вазифаи асосӣ буд, ки Сарвари давлат бо тамоми саъю талош ва сарсупурдагӣ барои татбиқ намудани он кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод. Ҳайатҳои ҳукуматӣ дар як қатор мамолики хориҷӣ бо сарварони мухолифин мулоқот намуданд. Худи Сарвари давлат ба минтақаҳои доғи ҷумҳурӣ ва ҳатто ба Афғонистон, ки сангари бисёре аз мухолифини Тоҷикистон буд, рафта фалсафаи сулҳ ва созишро ба нерӯҳои мухолиф фаҳмонд ва онҳоро водор намуд, ки ба тарафи сулҳ қадам гузоранд, то давлат аз фаношавӣ раҳо ёбад.
      Дар баробари ин дар назди ҳукумати нав вазифаи дигар-таҳкими асосҳои давлатдории Тоҷикистон истода буд, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Рамзҳои давлатӣ, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд. Зарурати таъсиси Артиши миллӣ ба миён омад. Нерӯҳои ҳифзи қонуну амният таъсис дода шуданд. Ва қабл аз ҳама ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат Конститусия- қонуни асосии ҷумҳурӣ дар шароити нав қабул шуд ва он Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дунявӣ, ягона ва қонунбунёд ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ва ин имконият дод, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳокимияти нави Тоҷикистон бо як назари нек нигарад ва афкори солимро дар бораи ин давлат талқин кунад ва аз ҳукумати нави Тоҷикистон дастгирӣ намуда, ба он кӯмак намояд. Мулоқотҳои Сарвари Тоҷикистон дар мамлакатҳои гуногун бо миёнҷигарии СММ ва дигар кишварҳое, ки барои сулҳи тоҷикон манфиатдор буданд, доир гардид. Аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Россия дар ҳамин мулоқотҳо кӯшиш мекарданд, ки қувваҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон ба сулҳ шарфёб гарданд. Ва ҷанги таҳмили хотима ёбад. Ҳамин тавр дар Тоҷикистон заминаҳо барои таҳкими Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омаданд.
Дар истиқрори Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон се омили муҳимтаринро метавон хотиррасон кард:
     Якум, омили айнӣ ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ӯ иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ мекард. Яъне халқи тоҷик аз ин ҷанг хаста шуд ва мардуми Тоҷикистон мехост, ки ҳар чи тезтар дар кишвар сулҳ барқарор гардад.
      Дуюм, омили байналмилалӣ, ки ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳо ва созмонҳои байналхалқие вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме аз ин кишварҳо ба истиқрор ва бе бозгашт намудани сулҳ саҳми арзанда гузоштанд.
      Сеюм, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили дар боло номбаршуда баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд. Пеш аз ҳама шахсияти Сарвари ҷавони миллат, ки ҳам ҳокимтятрро сарварӣ намуд ва ҳам барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун як тимсоли ваҳдату якпорчагии ваҳдату ҳифзи дастовардҳои истиқлолият гардид.
       Бояд тазаккур дод, ки дар он рӯзҳои муқовимати мусаллаҳона, ки боварии мардум нисбат ба ҳамдигар коста шуда буд, шахсияте лозим буд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, чун сарвари кишвар ҳамаро бо як чашм дида, ҳарфи созиш, ифоқа, уҳуват, бародарӣ ва сабру таҳаммулро шиори худ қарор дода, умеду бовариро ба ояндаи нек дар зеҳну тафаккури ҳар як сокини Тоҷикистони ҷангзада ба вуҷуд орад. Бешубҳа, бо боварии том ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин гуна шахсиятро дар симои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо намуд.
       Дар натиҷа 27- июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва имсол ба имзои он 28 сол пур шуд. Ин имконият дод, ки дар Тоҷикистон ваҳдати сиёсӣ ба вуҷуд биёяд. Тамоми нерӯҳои сиёсӣ барои якпорчагӣ, сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон ақидаи ягона пайдо карданд. Минтақаҳои Тоҷикистон ваҳдати миллиро пайгирона дастгирӣ карданд.
       Ваҳдати динӣ ба вуҷуд омад. Намояндагони динҳои мухталиф, ки пайровонашон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, барои ваҳдат тамоми ҷаҳду талошро равона мекарданд. Ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон як ваҳдати сатосарии миллӣ ба вуҷуд омад. Ва имкон пайдо гардид, ки барои тарақиёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон шароит ва заминаи нав фароҳам оварда шавад. Барои дар амал татбиқ намудани се ҳадафи стратегӣ аз бунбасти комунникатсионӣ баромадани Тоҷикистон, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавор, корҳои назаррасе иҷро шуданд ва сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар мегардад.
        Албатта имрӯз ҷаҳон ноором аст. Нооромӣ дар олами ислом. Тавре мо медонем дар давлати ҳамсоя, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чандин даҳсола боз ҳеҷ не, ки оромӣ шавад. Ташкилоти террористии ба номи «Давлати исломӣ» пайдо шуд, ки имруз ҷаҳонро ба ваҳшат овардааст. Ва қабл аз ҳама он чиз нигаронкунада аст, ки ҷавонони тоҷик низ дар сафи «Давлатӣ исломӣ», фирефтаи ақидаҳои исломгароён шуда, дар сангарҳои ин кишвархо дар набард ҳастанд. Аз рӯи оморҳои мухталиф маълум аст, зиёда аз ҳазор нафар аз Тҷикистон дар ин ҷангҳои хунин дар сафи ҳаракатҳои ифротӣ, экстрмистӣ ширкат варзида, бархеашон ҷони худро аз даст додаанд. Имрӯз қувваҳои муайяни динӣ ва гурӯҳҳои алоҳида кӯшиш мекунад, ки тафриқаи динӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд биёранд. Тафриқаи иҷтимоиро метавонанд қувваҳои манфиатхоҳ дар байни ҳукумат ва халқ ба вуҷуд биёранд. Махсусан, аз нерӯи ҷавонон истифода мебаранд. Ба ин гуна амалҳо қувваҳои муайяни молиявию сиёсӣ манфиатдор мебошанд, ки аз бесуботӣ ва нооромии мамлакати мо манфиат мебаранд.
       Агар ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ҷавоноро бо роҳи солими сиёсӣ равона накунем, қувваҳои манфиатҷӯи хориҷӣ метавонанд аз неруи онҳо истифода баранд. Ҳар кадоми мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем, ҳамеша дар сангари муборизаи мафкуравӣ қарор дошта бошем, то ки ҷавонони мо фирефтаи мафкураи тахрибкорию ифротӣ нагарданд. Аҳзобу ҳарактаҳое, ки ҷомеаи моро ба гирдоби бархурди набардҳои ҷаҳонӣ мекашанд, ба хориҷ нигаронанд ва онҳо бо дастури ин нерӯҳҳо кор мекунанд. Фаъолияти собиқ ҳизби мамнӯъшуда ҲНИТ далели ин гуфтахост.
       Дунявият низоми демкратиест, ки озодии дину мазоҳиби гуногунро таъмин мекунад. Яъне дар давлати дунявӣ тамоми дину мазоҳиб озоданд, расму русуми худро озодона дар асоси қонун иҷро карда метавонанд. Озодии ибодат, пайравӣ аз арзишҳои динӣ мувофиқи қонун таъмин мегардад. Ҷудоии давлат аз дин таъмин мегардад. Дин дар низоми дунявият аз давлат ҷудо аст. Дин ба корҳои давлат дахолат намекунад. Иттиҳодияҳои динӣ озодона фаъолият мекунанд.
      Тарафи дигари масъала он аст, ки минтиқаи Тоҷикистон бахусус Бадахшон аз ҷиҳати геостратегӣ ва геополетикӣ як минтақаи хеле ҳассос аст. Ва давлатҳои абарқударат метавонанд бо ҳадафҳои муайян аз нерӯҳҳои тахрибкори дохилӣ истифода баранд.
       Таҷрибаи сулҳи тоҷикон хеле бузург аст. Халқи Афғонистон аз набудани лидери умумимиллӣ шикоят доранд, ки чунин пешво надоранд, то кишварашонро аз буҳрони ҷанг раҳонад ва сулҳро пойдор гардонад. Аз тарафи дигар дахолати кишварҳои хориҷ ба худи умури дохили Афғонистон боиси он гардидааст, ки ҷангу муноқишаҳои мусалаҳона дар ин мамлакат идома пайдо кунанд.
       Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ба сулҳи тоҷикон баҳои баланд доданд ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат -Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд ситоиш мекунанд.. Ин як руйдоди сиёсӣ ва ҳақиқати бебаҳс аст. Фарҳангу дониш ва маданияти сиёсии халқи тоҷик низ рушд кард ва ин боиси он гардиад, ки дар кишвар ба қадри сулҳу ваҳдат мерасанд, зеро ваҳдату якпорчагӣ омили муҳимми рушди босуботи кишварамон мебошад.