Нусхаи чопи
ОФАРИДАЕВ Назрӣ - доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии Институти
илмҳои гуманитарии ба номи
Б.Искандарови АМИТ, Корманди шоистаи
Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
 
АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ
 
    Сокинони шарафманди пойтахт бо заҳмати софдилона ва азму иродаи қавӣ минбаъд низ дар ободии Ватани маҳбубамон аз ҳар вақта бештар заҳмат мекашанд, шуҳрати онро дар арсаи баиналмилалӣ баланд мебардоранд, дар раванди давлатсозию давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзишманд гузошта, роҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлоли Ватан ибтидо гирифтааст, сарбаландона идома медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
    Пойтахти давлати соибистиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе таърихи 101 сола дорад. Тавре маълум аст, шаҳрҳо таърихи ҳазорсолаҳо доранд, Бархе аз шаҳрҳо ба хок яксон шуда. танҳо номашон боқӣ мондааст. Шаҳрҳои дигар ҳазорон сол қабл дар таърихномаҳо ёд гардида, чандин қарнҳоро бо шебу фарози гуногун дар гирудори замона паси сар намудаанд. Аммо Душанбеи ҳамешаҷавони мо он рисолати бузургеро, ки дар таърихи миллати тоҷик иҷро намудааст, аз шаҳрҳои бузурги ҳазорсола болотар меистад. Душанбе пойтахти давлат, маъвои марказофарини фарҳанги миллӣ ва макони ваҳдату якпорчагии миллат маҳсуб меёбад. Лозим баёдоварист, ки яке аз омилҳои ташаккули миллат дар шароити нави таърихӣ ин шаҳри Душанбе буд. Душанбе неруҳои фарҳангии миллат, нухбагони сиёсии миллат, донишмандону олимони саршиноси миллатро ҷамъ овард. Душанбе ба тақвияту инкишофи худшиносии миллат мусоидат намуд. Душанбе аз нав бо диду назари нав, дар шароити нави иҷтимоӣ дар муаррифӣ сохтани миллат нақши муҳимме бозид.
     Душанбе шоҳиди воқеаю ҳаводиси гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла на ҳама вақт фараҳбахш, таназулу аз нав нумуъёбӣ буд, вале нақши худро ҳамчун маркази муттаҳидсози миллат аз даст надод. Имрӯз Душанбе хотираи бузургони миллатро пос медорад ва маҳз тавассути Душанбе руҳи онҳо то абад зиндааст. Дар Душанбе бузуртарин намояндагони илм, фарҳангу санъат ва варзиши Тоҷикистон кору зиндагӣ кардаанд. Ёди бузургоне мисли Садриддин Аинӣ ва Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Мирсаид Миршакар, Туҳфа Фозилова ва Малика Собирова, Муҳаммад Осимӣ ва Евгении Павловскии, Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ, Александр ва Баҳодур Искандаров, Иброҳим Ҳасанов ва Юрии Лобанов ва бисёре дигарон бо рушду ободии шаҳри Душанбе алоқаманд аст.
    Таърихи бунёди шаҳри Душанберо таърихшинос Ғ. Шерматов ба се давра ҷудо мекунад: 1. Солҳои 1925-1949, 2. Солҳои 1950 – 1991, 3. Солҳои 1991 – 2025.
    Соли 1925 Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон ба Душанбе омада буд, ки он соли 1924 бо таъсиси Ҷумҳурии мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро мақоми пойтахти онро гирифта буд. Душанбе аз назари ҷуғрофӣ дар водии марказии Ҳисор ҷоигир шуда, бо тамоми манотиқи ҷануби Тоҷикистон робита дошта, барои рушди ояндаи иқтисодии ҷумҳурии навбунёд имконияти мусоид дошт. Сохтмони шаҳр дар солҳои 20-ум ва нимаи солҳои 30-ум ба мушкилоти муайян мувоҷеҳ шуда буд.
     Мутахассисон сохтмон мавҷуд набуданд, маводи сохмонӣ намерасид. Баъдтар нақшаи сохтмони Душанберо меъморони ҷавони Ленинград тарҳрезӣ намудаанд. Дар бунёди биноҳои он замон аз унсурҳои меъмории миллӣ истифода шуда, ба хуштарҳу зебо ба назар расидани биноҳо ва ба табиату муҳити атроф созгор намудани биноҳои бунёдшаванда диққати ҷиддӣ дода мешуд. Яке аз биноҳои хуштарҳи он давра Театри опера ва балети ба номи Садриддин Ақнӣ буд, ки соли 1949 бунёд гардидааст Ин бино ҳоло дар Майдони 800-солагии Москва воқеъ гардаст ва яке аз зеботарин шоҳкориҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Дар шаҳр он вақт корхонаҳо, фабрикаҳо сохта шуданд. Боғҳо ва гулгаштҳои сердолу дарахт бунёд мегардиданд. Охири солҳои сиюм корҳои ободонӣ дар соҳили рости дарёи Душанбе оғоз гардиданд, аз ҷумла бунёди варзишгоҳ ва кӯли Комсомол тарҳрезӣ шуд, вале дар давраи ҷанг ин бунёдкориҳо муваққатан қатъ гардида буданд.
     Дар давраи дуюм солҳои 1950 – 1991 Душанбе рушди бесобиқа намуда, симои хоси худро чун як шаҳри замонавӣ соҳиб гардид. Масоҳати шаҳр васеъ шуда, қисми поёнии он обод гардид. Дар ин давра шаҳракҳои нав бо биноҳои истиқоматии чорошёна, панҷошёна, 9-ошёна, 12 – ошёна қомат афрохтанд. Даҳҳо ҳазор хонаҳо истиқоматӣ дар маҳалҳои холии шаҳр, тибқи нақшаи генералии соли 1937 ба истифода дода шуданд. Дар қисмати ғарбии шаҳр минтиқаҳои гуногуни саноатӣ ба вуҷуд меоянд.
     Шоҳроҳои нави шаҳрӣ: хиёбонҳои “Правда”, Аҳмади Дониш, Неъмат Қаробоев, Борбад, Ҷомӣ, Маяковский, Шестопалов ва ғайра бунёд гардиданд.Шаҳракҳое мисли “Испечак”, “Зарафшон” ба номи Ҳофизи Шерозӣ дорои симои хос буда, як маҷмааи ягонаи меъмориро ташкил додаанд.
     Дар ин давра даҳҳо иншооти хуштарҳи фарҳангӣ бунёд гардидаанд, ки дар ҳақиқат симои Душанберо муаррифӣ намуда, дар тақвияти зебоипарастӣ ва ифтихори шаҳрдории сокинони пойтахт нақши бузурге гузоштаанд.
     Давраи сеюми (1991 – 2025) тараққиёти Душанбе давраи соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Ин давра ба сиёсати созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, Душанбе ҳамчун пойтахти давлат дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлати миллӣ нақши созанда дошта. Сокинони Душанбе бо ифтихороти бузурги шаҳрвандӣ дар ободии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар Душанбе то андозае симои миллиро касб кард. Дар поитахт биноҳое бунёд гардиданд, ки метавон онҳоро шоҳкориҳои меъморӣ номид. Қасри миллат, Маҷмаи “Кохи наврӯз”, Китобхонаи миллӣ, Маҷмаи тибии “Истиқлол”, Осорхонаи миллӣ, Масҷиди бузург, Маркази Исмоилия ва монанди инҳо таваҷҷуҳи меҳмонои поитахтро ба худ ҷалб менамоянд. Маҷмаъаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои дараҷаҳои гуногун, марказҳои тиҷоратӣ, иншоотҳои варзишӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои тарбияи томактабӣ, боғу гулгаштҳои истироҳатӣ ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам мекунанд. Душанбе ба шаҳри гулҳо табдил ёфта, гулзору гулгаштҳо ба ҳар бинанда ҳаловат мебахшанд.
     Имрӯз ба Душанбе ҳазорон меҳмон аз кишварҳои хориҷӣ ба сифати саёҳон, тоҷирон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ташриф меоранд. Ба зебогӣ, покизагӣ, ғарқи гул будани шаҳр ва ба фарҳанги меҳмондории шаҳриён баҳои баланд медиҳанд.Шабона Душанбе бо ороишоти гуногуни равшанафканӣ ба шаҳри муосир табдил ёфтааст, ки аз дидан ин манзара шахс ҳаловат мебарад.
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.