Нусхаи чопи

Назаршоева Чилла, мудири шуъбаи забонҳои помирии

Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик

Б. Искандарови АМИТ, номзади илмҳои филологӣ

 

«ШОҲНОМА» ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО ВА ЭҲЁГАРИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ

(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ)

Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи мероси ниёгон, ки ба як рукни калидии сиёсати давлатдорӣ табдил ёфтааст, таваљчуҳи бештар зоҳир мегардад. Яке аз иқдомҳои наҷибу мондагоре, ки дар ин даврони созандагӣ бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардид, баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Ин ташаббусҳои созанда бо фарогирии васеи худ ҳам соҳаи илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва ҳам илмҳои гуманитариро ба як ҷараёни воҳиди маърифатпарварӣ табдил доданд. Масалан, озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» барои ташаккули тафаккури техникӣ, эҷодкорӣ ва навоварии насли ҷавони имрўз заминаи мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Дар баробари ин, озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҷомеа ҳаракат ё љараёни бузурги китобхониро ба вуҷуд оварда, робитаи инсонро бо ҷаҳони маънавият аз нав эҳё кард.

Иқдомҳои наҷиби Роҳбари давлат дар самти ташкили ин озмунҳо гувоҳи он аст, ки имрӯз дар кишвар миёни фанҳои дақиқ ва илмҳои гуманитарӣ тавозуни комил ва мантиқӣ эҷод шудааст. Агар озмуни «Илм - фурӯғи маърифат» зеҳни техникӣ ва тафаккури мантиқии насли наврасро сайқал диҳад, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ҷаҳони маънавӣ, ҳувияти миллӣ ва дунёи ботинии онҳоро ғанӣ мегардонанд.

Ғайр аз ин, дар сатҳи мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ даҳҳо озмунҳои дигар, аз қабили «Луғатдони беҳтарин», «Китобхони беҳтарин» ва озмунҳои фаннӣ гузаронида мешаванд, ки ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ ба илму маориф ва фарҳанг ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи ниҳоии Ҳукумату давлати кишвар ин тарбияи наслест, ки ҳам аз технологияи муосир бохабар бошад ва ҳам решаҳои таърихиву адабии худро амиқ бидонад. Ва имрӯз ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ин озмунҳои маърифативу инноватсионӣ ва ҳамоишҳои зеҳнӣ тамоми табақаҳои ҷомеа тибқи низомномаи муайян иштирок намуда, қувваозмоӣ мекунанд.

Агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, мушоҳида мешавад, ки як марҳилаи муайян фарҳанги китобхонӣ то ҷое ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд ва таваҷҷуҳи мардум ба мутолиаи китоб коҳиш ёфта буд. Аммо имрӯз, баъди чанд соли роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ манзараро комилан дигар мебинем. Имрӯз китобхонаҳои мо дубора ба маркази таваҷҷуҳ ва боргоҳи маърифат табдил ёфтаанд. Ҳузури пайвастаи наврасону ҷавонон дар толорҳои хониш гувоҳи он аст, ки китобхонаҳо дубора соҳиби хонандаи воқеии худ гашта, китоб дубора ҳамдами инсон гардидаст.

Дар қатори ин сайри умумии озмунҳо, иқдоми навбатии Пешвои миллат ин таъсиси озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», ки маҳз дар соли 35-солагии Истиқлолият оғоз ёфта, барои солҳои минбаъда низ идома хоҳад ёфт, хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. Озмуни «Шоҳномахонӣ» на танҳо як сабқати адабӣ, балки воситаи муқтадири эҳёи хотираи таърихии миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдории мо аст.

Қабл аз эълони ин озмун, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як иқдоми дигари таърихиро роҳандозӣ намуданд, ки он бознашри матни муътамади «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар ду ҷилди мукаммал ва тақдими ройгони он ба ҳар як хонаводаи кишвар буд. Ин туҳфаи беназир ба он замина гузошт, ки «Шоҳнома» ба китоби рӯйимизии ҳар як тоҷикистонӣ табдил ёбад.

«Шоҳнома» кони ганҷеро мемонад, ки дар ҳар қабати он мутолиакунанда барояш дунёи нав, фаҳмиши тоза ва ҳикмати ноёбро кашф мекунад. Ин озмун масирест, ки моро ба ҷаҳони аҷдодон, ба зиндагии ҳазорсолаҳо ва ба дарки амиқи таъриху фарҳанг ва забони модарӣ ҳидоят менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ давоми мантиқии давлатдории Сомониён ва ормонҳои Фирдавсии бузург аст. Агар ба сохтори «Шоҳнома» таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки ҳаким Фирдавсӣ таърихи моро ба се марҳилаи сарнавиштсоз ҷудо кардааст. Давраи асотирӣ, ки бештар ба таҳаввули ақлу хирад ва ибтидои тамаддуни инсонӣ бахшида шудааст ва махсусияти ин давра дар он аст, ки хирад ҳамчун роҳнамои асосӣ барои баромадан аз ҷаҳолату ваҳшоният муаррифӣ мешавад.

Давраи паҳлавонӣ дарси ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва фидокорӣ дар роҳи ҳифзи марзу бум мебошад. Ин ҷо меҳвари асосӣ Ватан ва ҳифзи он аст ва вожаю ибораҳои ба монанди «ҷавонмардӣ», «паймон» ва «нангу номус» махсусиятҳои ахлоқии ин давра мебошанд.  Паҳлавонони ин давра на танҳо барои шуҳрати худ, балки барои нигоҳ доштани шаъну шарафи марзу бум ва ҳифзи он, бо душманони беруна (Тӯрон) мубориза мебаранд. Ва ниҳоят, давраи таърихӣ таҷассумгари низоми давлатдорӣ, адлу дод ва эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ аст, ки ҳастии фарҳангии моро таъйин мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра мо бо тамоми ҷузъиёти ҷашнҳои миллӣ (Сада, Наврӯз, Меҳргон) ва тарзи идораи кишвар ошно мешавем. Ин таҷрибаи таърихӣ барои давлатдории муосири мо ҳамчун сарчашмаи ибрат ва заминаи худшиносӣ хизмат мекунад, зеро пояҳои давлати соҳибихтиёри мо бар ҳамин арзишҳои адолатхоҳӣ ва фарҳангпарварӣ устувор ёфтаанд.

 

Чаро мо дар ин ҷо аз давраҳои «Шоҳнома» ёдовар шудем? Ба ақидаи мо, вақте ин шоҳасарро аз оғоз то интиҳо қадам ба қадам мутолиа мекунем, як ҳақиқати ҷолиб рӯнамо мегардад ва ҳаќиќат он аст, ки аксари он орзуву ормонҳое, ки Фирдавсии Ҳаким ҳазор сол пеш дар қолаби назм рехта буд, имрӯз дар давраи муосир, яъне дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ҷомаи амал мепӯшанд. Ба ибораи дигар, давраи соҳибистиқлолӣ марҳилаи эҳё ва татбиқи пайдарпайи ормонҳои таърихии ниёгони мо аст, аз ин рў лозим мешуморем, ба ин пайвандҳо амиқтар назар кунем:

- Агар дар давраи асотирии «Шоҳнома» сухан аз ташаккули нахустин унсурҳои тамаддун равад, имрӯз мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди эҳёи дубораи илму фарҳанг ҳастем. Озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» ҳамон ниёзи Фирдавсӣ ба «хирад»-ро дар ҷомеаи муосир таъмин мекунанд.

- Ормони бузурги давраи паҳлавонӣ ин ҳифзи Эронзамин аз парокандагӣ ва истилои аҷнабиён буд. Мо ин ормонро дар замони Истиқлол дар симои Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва иќтидори Артиши миллӣ мебинем, ки кафили амният ва пойдории кишвар мебошанд.

- Дар давраи таърихии «Шоҳнома» Фирдавсӣ бо ҳасрат аз ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ёд мекунад, чун дар замони зиндагии шоир, бар асари ҳуҷуми аҷнабиён ва таассуби он давр, ин суннатҳои куҳан рӯ ба завол буданд ва арзишҳои миллӣ зери фишори фарҳангҳои бегона қарор доштанд. Фирдавсӣ бо қалами худ мехост ин ҷашнҳоро ҳамчун рамзи ҳастии миллат аз боди фаромӯшӣ нигаҳ дорад. Хушбахтона, имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, он орзуву ормонҳои таърихии Ҳаким Фирдавсӣ ҷомаи амал пӯшиданд. Ин ҷашнҳо на танҳо дар сарзамини аҷдодии худ эҳё шуданд, балки мақоми байналмилалӣ гирифта, ҷаҳонӣ гаштанд. Ин маҳз ҳамон баҳори маънавиест, ки Ҳаким Фирдавсии бузург асрҳо боз интизораш буд.

Ҳамин тариқ, озмуни «Шоҳномахонӣ» - ро метавон як ҳамоиши бузурги маънавӣ ва мактаби худшиносии миллӣ номид. Ин озмун як навъ ҳисоботи наслҳои имрӯз дар назди рӯҳи бузурги Ҳаким Фирдавсӣ ва гузаштаи пуршарафи халќи тољик аст.

Мо бо ин иқдом гӯё ба рӯҳи ниёгонамон паём медиҳем, ки он кишваре, ки Ҳаким Фирдавсӣ дар назм бино кард ва он забоне, ки аз боду борон нигаҳ дошт, имрӯз дар замони соҳибистиќлолӣ соҳиби Парчам, Нишон ва давлатдории воқеӣ аст. Ин озмун пайвандест, ки қалбҳои ҷавони моро бо хиради ҳазорсолаҳо пайваст намуда, моро ба сӯи ояндаи дурахшонтар раҳнамун месозад.

Мо  - зиёиён, устодон, омўзгорон ва аҳли илму адаб, вазифадорем, ки ин иқдоми наҷибро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, тамоми неруи маънавии худро ба он равона созем, ки «Шоҳномахонӣ» на танҳо як чорабинии муваққатӣ, балки ба як ҷараёни доимии тарбиявӣ ва созанда табдил ёбад.

Зеро ҷавононе, ки дар рӯҳияи қаҳрамонони Фирдавсӣ тарбия меёбанд, ҳеҷ гоҳ ба инсони беҳадаф, шахси беҳувият ва ё бегонапараст табдил намегардад. Касе, ки аз чашмаи ҳикмати «Шоҳнома» об мехӯрад, қадри Ватан ва муқаддасоти миллиро аз ҳама чиз баландтар медонад ва дар замири ӯ эҳсоси масъулият дар назди наслҳои гузаштаву оянда бедор мешавад.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки «Шоҳнома» барои насли ҷавон на танҳо як китоби таърихӣ, балки дастурамали зиндагӣ бошад. Маҳз ҳамин гуна муносибат ба мероси ниёгон кафолат медиҳад, ки Истиқлолияти мо дар заминаи устувори маънавӣ боз ҳам пойдортару шикастнопазир бимонад.