Нусхаи чопи

ТАҚДИРИ НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ СССР

  Дар миёни мардум ва ҳатто аҳли илм андешаҳо ва назарҳои гуногун роҷеъ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, 1917-1991) мавҷуданд. Бархе мегӯянд, ки ҷашни мазкур бе ягон маҳдудият таҷлил мешуд ва таҷлили он аксаран ба хоҳиши худи мардум вобастагӣ дошт. Қисмати дигар бар он ақидаанд, ки таҷлили Наврӯз маҳдуд буд ва он ҳамчун иди динӣ ҳатто манъ ҳам шуда буд. Мо дар ин гузориш баъзе санадҳои расмӣ ва обзориро дастраси хонанадагони гиромӣ мегардонем ва таъкид мекунем, ки масъала пажӯҳиши мукаммалро аз муҳаққиқон ва таҳлилгарон интизор аст.

  Ва як масъалаи дигар: санадҳои пешниҳодшударо бо вазъи имрӯзаи ҷомеа ва махсусан, таҷлили маросимҳои Наврӯз муқоиса карда, хулосаи воқеӣ баровардан вазифаи мост, то ба қадри дастовардҳои даврони Истиқлол ва ибтикороти наҷиби Пешвои муаззами миллат дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ бештар расида тавонем.  

  СССР дар ибтидо ба Наврӯз назари нек дошт ва соли  1925 аз ҷониби ҳукумати марказӣ қарори махсус қабул шуд, ки дар он илова бар идҳои инқилобӣ, таҷлили чанд иди динӣ ва миллӣ дар сатҳи давлатӣ ба нақша дохил гардид ва Наврӯз яке аз ҳамин ҷашнҳо буд. Аммо, қарори мутазаккир танҳо дар тӯли се соли аввали амалишавиаш риоя гардиду халос ва аз соли 1928 сар карда, таҷлили идҳои динӣ ва миллӣ зери фишор ва таъқиб қарор дода шуд. Дар расонаҳо аллакай гузоришу мақолаҳо, талабҳо ва дархостҳои манъи идҳои миллию динӣ садо додан гирифтанд. Бадеист, ки ин талабҳо асосан ва куллан ба ҷамоҳири сокинонашон мусаламон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна, Тотористон, Қафқоз (ва хосса Озарбойҷон) дахл доштанд. Толибони ин тартибот талаб мекарданд, ки ҷашнҳои мазкурро ба идҳои инқилобӣ иваз бояд кард.

  Тақвияти фаъолияти зиддинаврӯзӣ (ва дигар ҷашнҳои миллию динӣ) асосан бо ба майдони сиёсат омадани ҳаракате бо номи «Союз воинствующих безбожников» (СВБ) – «Иттиҳоди бехудоёни мубориз» (ИБМ) зиёд гардид.  Оғози фаъолияти ИБМ ба соли 1921 баробар меояд ва ба он таъсиси ҷамъияти бидуниҳизбии атеистҳои Воронеж асос гузошт. Дар фарогир сохтани фаъолияти ин ҷамъият нашри рӯзномаи  «Безбожник» («Бехудо», с. 1922) нақши зиёд бозид. Дар гирди он дастаи мухбирон ва рӯзноманигорони ситезаҷӯ ҷамъ омада, бо тамоми ҳунарашон зидди ҳар гуна падидаи миллӣ ва эътиқодӣ муборизаи беамон ба роҳ андохтанд. Чунин ситезаҷӯӣ ба руҳия ва идеологияи ҳизби ҳукмрон мувофиқ омад ва дар моҳи сентябри соли 1923 Комиссияи зиддидинии Кумитаи Марказии ҳизб таъсиси чунин доираҳои атеистиро умедбахш ҳисобид. Аллакай баъд аз қариб як сол, моҳи августи соли 1924 дар Масква ҷамъияти дӯстони рӯзномаи «Безбожник» таъсис дода шуд. Аз тасвири фаъолияти густурдаи ИБМ худдорӣ карда, танҳо баъзе самтҳои онро номбар мекунем, ки худ гувоҳи ҳаракатҳои ситезаҷӯёни он мебошанд:

  • Муборизаи идеологӣ: Нашри адабиёт, рӯзнома ва маҷаллаҳо бо забонҳои гуногун дар таблиғи бехудоӣ дар байни аҳолии мусалмон.
  • Фишори маъмурӣ: Бастани масҷидҳо, мактабҳо, мадрасаҳо ва мусодираи амволи онҳо, табдил додани биноҳои динӣ ба клубҳо ва осорхонаҳо.
  • Инқилоби фарҳангӣ: Мубориза бо расму оинҳои анъанавӣ ва ҷойгузин намудани онҳо бо идҳои инқилобӣ.
  • Омода намудани неруи зеҳнӣ (кадрӣ): Таъсиси ячейкаҳои маҳаллии ИБМ ва омода кардани таблиғгарони атеист аз байни ҷавонони маҳаллӣ.

  Мубориза бо Наврӯз ва маросимҳои он аз ҷумлаи вазифаҳои калидии ИБМ буд. Мувофиқи санадҳои дастрас, соли 1929  аллакай ҳамаи идҳои динӣ ва миллӣ аз рӯйхати идҳои давлатӣ ихроҷ гардиданд ва дастаҳои ИДМ дар рӯзҳои ид гурӯҳҳои худфаъолияти ихтиёриро сомон дода, назорати манъи Наврӯзро ҳавлӣ ба ҳавлӣ ва маҳал ба маҳал ба роҳ монданд. Дар сурати оростани ҳатто як дастурхони фақиронаи наврӯзӣ аз ҷониби касе аз аъзои комсомол ё ҳизби коммунистӣ, ин дастаҳо ӯро ошкор сохта, ба маҳкамаи мардумӣ мекашиданд.  

  Соли 1937, пас аз қабули Конститутсияи нави ИҶШС, таҷлили ҳама гуна идҳои динӣ ва миллӣ, аз ҷумла Наврӯз комилан манъ карда шуд. Ин манъи расмӣ барои 20 сол эътибор дошт ва пас аз марги Сталин (роҳбари онвақтаи ИҶШС), ҳамаи идҳои динӣ ва миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз, пинҳонӣ барқарор шуданд. Яъне, таҷлили Наврӯз дар доираи оила дигар таъқиб намешуд.

  Яке аз сабабҳои чунин бархӯрд бо Наврӯз ин буд, ки идеологҳои давр дар андешаи мутобиқ сохтани баъзе идҳои миллӣ барои тарғиб ва таҳкими сиёсати давлати шуравӣ буданд. Таҳлилгарон мисолеро дар ин самт сабт кардаанд, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст: Ҳукумати марказӣ тасмим гирифт, ки ҳамчун санҷиш 6 марти соли 1966, ки ба якшанбеи аввали моҳи март рост меомад, дар марказҳои вилояти Ленинград ҷашни миллии русии «Масленица»-ро зери номи дигар – «Хайрбод бо зимистони русӣ» ҷашн гирифта шавад ва Наврӯз бошад, 20 марти ҳамон сол бо номи  «Истиқболи баҳор» таҷлил намоянд. Барои маълумоти хонанда илова карданамон даркор аст, ки ҷашни «Хайрбод бо зимистони русӣ» дар таърихи муайяншуда таҷлил шуда буд, вале ҷашнгирии «Истиқболи баҳор» пас аз як сол итифоқ афтод.

  Шоҳидони ҳол ва санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои 1967, 1968 ва 1969 ҷашни Наврӯз то андозае бо шаҳомати махсус дар ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардида буд ва ин «дилгармии ногаҳонӣ»-и роҳбарони вақтро ба сиёсати ИҶШС дар Ховари Миёна, бахусус нисбат ба Эрон алоқаманд медонанд. Соли 1965 сафари шоҳи онвақтаи Эрон – Ризо Паҳлавӣ ба ИҶШС анҷом гардид буд ва мегӯянд, ки ҳангоми мулоқот бо котиби генералии ИҶШС Л.И. Брежнев шоҳи Эрон дар бораи тақвияти робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар изҳори назар карда, дар мавзуи таҷлили  ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни таърихӣ таъкид ва хоҳиши алоҳида намуда будаст. Тирамоҳи соли 1968 сафари расмии Л.И. Брежнев ба Эрон ба нақша гирифта шуда буд ва албатта, чунин муносибатҳо наметавонистанд ба сиёсати дуҷониба таъсир нарасонанд.

  Дар як муддати на онқадар тӯлонӣ, аниқтараш то солҳои 1975 ҷашни Наврӯзро мардум дар доираи оила ва маҳал таҷлил мекарданд ва бадеист, ки ин кор дар партави чашмпӯшии Ҳизби ҳоким ба таҷлили чунин анъанаҳо ба вуқуъ меомад. Пас аз ин давра, яъне баъди нимаи дуюми солҳои 70-уми асри гузашта таҷлили ин ҷашн дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ боз аз сари нав маҳдуд гардид. Бовуҷуди он, расонаҳои расмӣ ҳар сол дар сани 21-уми март матнҳои табрикотии идонаро ба нашр мерсонданд ва барномаҳои алоҳида тавассути телевизионҳои маҳаллӣ, бо маҳдудият бошад ҳам, пахш мегардидагӣ шуданд.

  Наврӯз равнақ ва манзалати худро танҳо дар даврони соҳибистиқлол гардидани кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба даст овард ва бешак, дар эҳёи суннату маросимҳои Наврӯз, ба иди миллӣ ва байналмилалӣ табдил додани он нақши Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти он, Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон бидуни қиёс аст.

  Дар масъалаи тақдири Наврӯз дар даврони СССР дар Тоҷикистони мо бошад, ҳаминро такрор кардан зарур аст, ки ин раванд бояд ба таври мукаммал ва босанад таҳқиқ шавад.

Манбаъҳои истифодашуда:

  1. Коновалов Б. Н. Союз воинствующих безбожников // Вопросы научного атеизма. – М., 1967. –Вып. 4. – С. 63-93.
  2. Покровская С. В. Союз воинствующих безбожников СССР: организация и деятельность (1925-1947). – М., 2018. – 158 с.
  3. Сабироглу, Физули. Мифы советского времени о Новруз байрамы, от 21 марта 2016 г., https://vzglyad.az/news/57875/news.html санаи вуруд: 03.03.2026.
  4. Союз воинствующих безбожников СССР // Атеистический словарь / Абдусамедов А. И., Алейник Р. М., Алиева Б. А. и др. – 2-е изд., испр. и доп. – М.: Политиздат, 1985. – С. 240-241

 

Варқа Охонниёзов,

доктори илмҳои филологӣ