ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ!
Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва ниҳоят масъулиятноки таълимӣ — имтиҳонҳои давлатӣ барои магистрантон ва докторантони PhD оғоз гардид. Ин раванд ба сифати охирин зинаи аттестатсияи хатмкунандагони таҳсилоти олии илмӣ ва академӣ арзёбӣ мешавад, ки бо худ ҷамъбасти заҳмати чандинсолаи таҳсил, таҳқиқ ва таҷрибаомӯзиро дар бар мегирад.
Имтиҳонҳои давлатӣ барои сатҳи магистратура ва докторантура хусусияти мукаммал, таҳлилӣ ва фарогир дошта, аз хатмкунандагон дониши амиқ, малакаи тадқиқотӣ ва қобилияти ҳимояи хулосаҳои илмиро талаб мекунад. Суолҳо асосан ба мавзӯъҳои муосири илмҳои гуманитарӣ, методологияи таҳқиқотӣ, таҳлили танқидии равандҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва андешаҳои муосир равона гардидаанд.
Ҳайати комиссияҳои имтиҳонӣ, ки аз олимони варзида ва устодони соҳибтаҷриба иборатанд, бо ҷиддият ва масъулияти баланд раванди аттестатсияро назорат менамоянд. Суҳбат бо магистрантон ва докторантон дар муҳити илмӣ, бо такя ба таҳқиқоти инфиродӣ, дастовардҳои илмии шахсӣ ва нақшаҳои рушди минбаъда анҷом меёбад.
Ҳангоми имтиҳон муҳити академӣ, эҳтиром ва муҳаббати мутақобила миёни устодону донишҷӯён эҳсос мегардид. Суҳбатҳои пурмазмун, муҳокимаи илмӣ ва иштироки фаъолонаи хатмкунандагон фазои воқеии илмиро таҷассум мекарданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров дар таҳкими пояҳои илмии ҷомеа, омодасозии кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва рушди мактаби таҳқиқоти иҷтимоӣ ва башардӯстона саҳми босазо мегузорад. Бигзор ин рӯз барои ҳамаи хатмкунандагон оғози марҳилаи нави муваффақият, навоварӣ ва хизмат ба миллат гардад.