Нусхаи чопи
УНВОНИ АКАДЕМИКӢ МУБОРАК БОШАД, УСТОДИ ГИРОМӢ!
     Имрӯз, 4-уми июни соли 2025, дар таърихи илми тоҷик рӯйдоди басо фараҳбахш ва сарнавиштсоз ба вуқӯъ пайваст: бо Қарори Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба интихоби узви пайваста (академик) — Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устоди арҷманд ва шахсияти барҷаста дар майдони илм, доктор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ба ҳайси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.
       Ин пирӯзии арзишманд на танҳо дастоварди шахсӣ, балки нишонаи рушду пешрафти мактаби илмии тоҷик ва натиҷаи меҳнату заҳматҳои пайвастаи илмиву ташкилотчигии устоди гиромӣ маҳсуб меёбад. Интихоби устод ба узвияти пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гувоҳ аз эътирофи ҷомеаи илмӣ ба саҳми арзандаи эшон дар таҳкими бунёдҳои илмӣ, рушд ва сиёсати илмии кишвар мебошад.
         Муҳтарам устод Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо кору пайкори босамар ва роҳбарии закӣ дар рушду тавсеаи соҳаҳои муҳими илм, ташаккули низоми муассири идоракунии илм ва ташвиқи насли наврас ба фаъолияти илмӣ саҳми муассир гузоштаанд. Бо кӯшишҳои пайгиронаи эшон, Академияи миллӣ ба як боргоҳи воқеии андешаву таҳқиқоти замонавӣ мубаддал гаштааст.
         Табрикоти самимии хешро ба устоди азиз иброз намуда, ба эшон дар амалӣ намудани рисолати баландпояи илмиву ватандӯстона, саъю талоши бештар дар муаррифии арзишҳои илмии миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, пирӯзиҳои нав ба нав ва барору комёбиҳои тоза орзу менамоем.
         Бигзор ин унвони олӣ — нишонаи садоқат ба илму маърифат ва эътирофи хидматҳои арзандаи Шумо — заминае гардад барои таҳкими минбаъдаи мавқеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи илмии минтақа ва ҷаҳон. Бовар дорем, ки бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шумо дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар дар соҳаи илм саҳми шоиста хоҳед гузошт.
        Аз номи кормандони Институти Илмҳои Гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров боз ҳам шодбошу таҳният гуфта, бароятон тани сиҳат, рӯҳи болида, нияти нек ва иқдомҳои илмии судмандро таманно дорем!