Раёсат ва ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром ва самимияти хоса Шакармамадов Ориф Нисормамадовичро ба муносибати бо муваффақият дифоъ намудани рисолаи номзадиаш таҳти унвони «Вижагиҳои жанри ривоят ва тафовути он аз дигар жанрҳои насри шифоњӣ» самимона табрику таҳният менамоянд.
Рисолаи илмии Шакармамадов Ориф Нисормамадович тадқиқоти арзишманд ва амиқи назариявӣ-амалӣ буда, дар асоси омӯзиш ва таҳлили маводи фаровони фолклорӣ ва адабӣ ва ҳамчунин дар асоси таҷрибаҳои эмпирикӣ анҷом дода шудааст. Ҳайати кормандони Институт боварии комил доранд, ки ин рисолаи илмӣ саҳми намоёнеро дар рушди фолклоршиносӣ ва адабиётшиносии миллӣ мегузорад ва ба ҳайси дастоварди муҳимми илмии муаллиф эътироф хоҳад гашт.
Бо дифои рисолаи мазкур, Шакармамадов Ориф Нисормамадович на танҳо сатҳи баланди донишу маҳорати илмии худро исбот намуд, балки ҳамчун вориси арзандаи падари бузургвораш Шакармамадов Нисормамад, олими барҷаста ва профессори маъруфи соҳаи фолклоршиносии тоҷик низ шинохта шуд. Шакармамадов Нисормамад бо тадқиқотҳои илмии худ дар омӯзиши фолклори Бадахшон, ҷамъоварӣ ва таҳлили маводи бойи фолклорӣ ва интишори як қатор китобу монографияҳои муҳим дар пешрафти илми тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, ки Шакармамадов Ориф дар шуъбаи фолклор ва адабиёти он фаъолият менамояд, ба қобилияти илмию таҳқиқотии ӯ итминони комил дошта, умедвор аст, ки ӯ дар оянда низ мисли падари маъруфаш дар пешрафт ва рушди илми адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳайати кормандони Институт бо самимияти комил бори дигар Шакармамадов Ориф Нисормамадовичро бо ин рӯйдоди фархундаи илмӣ табрик намуда, ба ӯ дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтарини илмӣ ва тарбияи насли ҷавони пажуҳишгар муваффақиятҳои рўзафзунро таманно менамоянд. Ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои бештари эҷодию илмиро орзу дорем.
Ҳайати кормандони
Институти илмҳои гуманитарии
ба номи Б. Искандарови АМИТ