Нусхаи чопи

САФАРОВА ЗАМИРА СУҲРОБОВНА докторант (PhD)-и шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

МАСЪАЛАИ “МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Мутобиқи банди 1-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар доираи салоҳияти худ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян месозад, ки он қисман дар паёмҳои ҳамасолаи Cарвари давлатамон низ инъикоси худро ёфта истодааст. Паёми Президент ба Парлумон яке аз муҳимтарин шаклҳои муоширати сарвари давлат бо намояндагони мақомотҳои миллӣ мебошад.

Паёми солонаи Президент ҳамҷун ҳисоботи расмии солона бахшида ба вазъи кишвар дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат буда, дар он нуқтаи назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ифода мегардад. Паём ҳамчунин дар баробари муқаррароти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ дарбаргирандаи пешниҳодҳои мушаххас, ки ба фаъолияти қонунгузории парлумон дахл доранд, мебошад.

Дар муайян намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ Паёми Президент аҳаммияти хоса дорад. Он на танҳо  вазъи кишвар ва мавқеи он дар ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, балки афзалиятҳои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисод, сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, дар соҳаи маориф, амният ва мудофиаро муайян менамояд. Қобили зикр аст, ки дар ба амал баровардани ин афзалиятҳо талошҳои буньёдкорона ва  ҷидду ҷаҳди тамоми ҷомеъа тақозо карда мешавад.

Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳиме, ки ба таъмин намудани рушди устувор ва босуръати мамлакат мусоидат мекунад, ин танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷониба мебошад. Аз ин лиҳоз, қонунгузорро мебояд талошҳояшро пайваста ба такмил додани қонунгузорӣ ва ҳамқадами ислоҳотҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ будани қонунгузорӣ равона созад.

Дар паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархе аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ифода шудаанд. Алалхусус, ин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин масъалаи калидӣ дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Ҳамчун мутахассиси соҳаи таърих ва ҳуқуқшиносӣ гуфта метовонам, ки ин ташаббус хеле ҳам ба маврид аст, зеро таҷрибаҳои ҳаррӯзаи кориамон шаҳодат бар он медиҳанд, ки шаҳрвандони кишвар, алалхусус  гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар масъалаи болозикр бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Огоҳ  набудан ва надонистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ба он оварда мерасонад, ки  шаҳрвандон ва гурўҳҳои осебпазири ҷомеа дар вазъиятиҳои барои онҳо муҳим дар ҳолатҳои ногувор мемонанд. Ҳамзамон  паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа ба баланд бардоштани нишондоди  қонуншиканиҳо дар ин ё он соҳа оварда мерасонад. Зеро саводнокии ҳуқуқӣ ин маънои донистани уҳдадориҳои худ ва роҳҳои ҳифзи онҳо мебошад. Дар ин ҷаҳони бо суръати баланд тағйирёбанда ва раванди беисти муҳоҷирати глобалӣ ҳар як шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро мушаххасан донад. Танҳо маърифат ва саводнокии ҳуқуқии инсон гарави боз ҳам мустаҳкам гардидани қонуният ва эҳтироми он аз тарафи шаҳрвандон хоҳад буд. Ин нуктаи муҳим аз тарафи Пешвои миллат чунин иброз гардид: “Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд”. Дар ҳақиқат ҳам, ба шарофати маърифату саводнокии ҳуқуқӣ шахс метавонад ба таври созанда мушкилотеро, ки ҳангоми муошират бо дигарон ба миён меоянд, ҳал кунад. Танҳо дар асоси саводнокии ҳуқуқии ҳар як шахс муносибатҳои шаҳрвандон дар ҷомеа ба як низоми ҳуқуқӣ мубаддал хоҳанд гашт ва заминае барои барпо намудани як давлати дорои имкониятҳои устувору ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта хоҳад шуд.

Таъминоти волоияти қонун яке аз масъалаҳои дигари калидӣ дар низоми ҳуқуқии давтал ба ҳисоб меравад. Зеро волоияти қонунро ҳамчун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ шуморидан мумкин аст. Дар ин самт, Пешвои миллат хеле бамаврид қайд намудаанд, ки “Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”. Бе шубҳа, технологияи муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо ва дигар сохторҳои дахлдор яке аз дигар равандҳои басо ба маврид ва актуалӣ шуморида мешавад. Зеро ин раванд ба муроҷиати шаҳрвандон ба ин ё он мақомоти дахлдор ҳам аз ҷитаҳи сарфаи вақт ва ҳам аз ҷиҳати сарфаи молия мусоидати калон хоҳад расонид ва ҳам як шаффофияти муайянеро дар ин ҷода эҷод хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз пешниҳоди Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон кардани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" хело ҳам бамаврид буда, итминони комил дорем, ки ин иқдом дар такон бахшидани рушди устувори кишвар ва низоми ҳуқуқии он мусоидати зиёд хоҳад кард. 

Интизориҳо аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси “маърифати ҳуқуқӣ”:

  1. Бо эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” донишу малакаи кормандони мақомоту сохторҳои гуногун, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои судӣ ва прокуратура такмилу тақвият дода шуда, дар фаъолияти кории ин сохторҳо усулҳои нави корӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқанд, ворид хоҳанд гашт ва таваҷҷуҳи бештаре ба волоияти қонун дода шуда, соҳаи қонунгузории кишварамон ҳамрадифи ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа бештар такмил хоҳад ёфт.
  2. Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” такони ҷиддӣ барои тақвият ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии тамоми шаҳрвандони кишвар ва, алалхусус, гурӯҳҳои осебпазри ҷомеа хоҳад буд. Чунин иқдом, бори дигар тамоми сохтору мақомотҳои давлатро, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқуро водор месозад, ки дар иҷро намудани масъулиятҳояшон вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар талошҳои зиёдтар аз худ нишон диҳанд.

Бе шаку шубҳа, маърифату саводнокии ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои калидӣ барои мустаҳкам гардонидани ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар мебошад. Бо такя ба суханони Сарвари кишварамон бояд бори дигар таъкид намуд, ки ҳар фарди дорои номусу дид, андешаву афкори шахсӣ дар зебову обод намудани кишварамон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии халқамон ва иртифо бахшидани обрӯи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузорад.