Нусхаи чопи

Назаршоева Чилла – мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ - ЯКЕ АЗ НУКТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола дар охири сол аз ҷониби Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, як навъи натиҷагирӣ аз ҷамъбасти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор меравад, Аз ин лиҳоз ҳар як паёми Президенти кишвар як навъ муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳар як нуктаи Паёми Президенти кишвар барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии кишвар муҳим буда, он ҳамчун як барнома ва раҳнамои ояндасоз дар тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад.

Як нуктаи муҳиме, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, ин рушди сармояи инсонӣ ба шумор меравад, ки дар замони муосир ин сармояи яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ низ фаҳмида мешавад. Сарвари давлат дар бобати ин масъала қайд намуданд, ки: «Рушд ва истифодаи оқилонаи сармояи инсонӣ пеш аз ҳама яке аз масъалаҳои дорои аҳаммияти аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар ҷаҳони муосир рушди сармояи инсонӣ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоии ҷомеаи кишвар, хусусан илму маориф, инноватсия ва тандурустӣ, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ мебошад».

Мафҳуми «сармояи инсонӣ», ки маҷмуи дониш, малакаю маҳорат, қобилият ва саломатии инсонро дар бар мегирад ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ва кишвар ба ҳисоб меравад, яке аз сарчашмаҳои муфиди таъмин намудани талаботҳои наслҳои оянда мебошад. Аз ин ҷиҳат, бамаврид аст, ки ҳукумати кишвар тамоми қувваю нерўи худро ба пешрафт, инкишоф ва рушди он равона сохтааст ва хушбахтона, сол то сол ба ин самт диққат ва ғамхориҳои бештар равона шуда истодааст.

Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор дар пешрафти технологияю инноватсияи муосир буда, омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии муассисаҳои илмию таълимӣ мебошад.

Дар ин самт яке аз иқдомҳои саривақтии Сарвари кишвар, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ин дастгирии ҳамаҷонибаи таҳқиқотҳои илмӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи маблағгузории он мебошад. Дар ин замина масъалаҳои таъсис додани марказҳои муосири илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот барои давраҳои минбаъда муҳим арзёбӣ гардиданд.

Барои баланд бардоштани арзиши сармояи инсонӣ дар навбати аввал таъмин намудани сатҳи баланди маълумотнокӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар лозим ва зарур аст. Маҳз рушди сармояи инсонӣ, аз ҷумла маърифати илмию техникӣ афзалияти ҳаётан муҳими миллӣ боқӣ мемонад, чунки илм на танҳо омили пурқуввати рушди истеҳсолот аст, балки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсиррасон аст ва рушди онҳоро асосан илм муайян мекунад. Бар замми ин илм ба фарҳангу сиёсат низ таъсиррасон мебошад. Аммо дар шароити муосир рушди сармояи инсонӣ дар доираи ҳамкорӣ бо истеҳсолот ба ҳаёти ҷомеа махсусан таъсири қавӣ мерасонад. Чаро? Чунки истеҳсолоти баланди технологии илмӣ имрўз сатҳи рушди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонро муайян намуда, барои ҷомеаи онҳо сатҳи муносиби зиндагӣ ва афзалиятҳои рақобатпазириро дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Аз ин рў, таъкиди бевоситаи Сарвари давлат дар масъалаи ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисос дар Паёми имсола ба таври хоса ба тақвият бахшидану рушди сармояи инсонӣ равона шудаааст. Ҷаноби Олӣ дар Паёми соли 2023 мефармоянд, ки: «Дар ин раванд вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд» ва Вазоратҳои дахлдорро барои тадбирандешӣ дар масъалаи бардоштани сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор менамояд: «Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд». Албатта, пешниҳоду таъкидҳои Сарвари давлат дар ин хусус ҳам як воситаи фароҳам овардани шароит барои рушди сармояи инсонӣ мебошанд.

Воқеан илм ҳамеша бо ҳаёту фаъолияти одамон алоқаманд аст ва талаботи амалия яке аз сарчашмаҳо ва омилҳои рушди он мебошад. Вобастагии истеҳсолот аз илм ва ниёзҳои он на танҳо дар эҳтиёҷоти бевоситаи техникӣ, балки эҳтиёҷоти васеи ҷомеа барои таъмини раванди моддии ҳаёт, мавҷудият ва рушди ҷомеаи инсонӣ зоҳир мешавад.

Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии таҳқиқоти илмӣ ба воситаи боло бурдани ҳаҷми маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимию илмӣ бо сохторҳои истеҳсолӣ дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин, дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба Ҳукумати кившар ва вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи илму маориф супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Итминони комил дорем, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми имсола назди масъулини соҳаи илму маорифи кишвар гузошта шуданд, метавонад дар рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ ва дар пешрафти кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намояд.

 

Пайнавиштҳо

  1. Е.В. Семенов. Человеческий капитал в сфере науки / Вестник международных организаций. 2007. №4 (12).
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»// http://www.president.tj/node/32191
  3. Рауфӣ А. Арзишмандии сармояи инсонӣ// https://ravshanfikr.tj/i-tisodi-mill-va-durnamoi-on/arzishmandii-sarmoyai-inson.html.