ҶАЛБИ САРМОЯГУЗОРИҲО БАРОИ РУШДИ “СОҲИБКОРИИ ЭКОЛОГӢ” ВА “СОҲИБКОРИИ САБЗ” ДАР РАВАНДИ РОҲАНДОЗИИ СТРАТЕГИЯИ “ИҚТИСОДИ САБЗ”
докторанти PhD – и шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ Ҷумахонов Г.Д.
Шурӯъ аз солҳои 70-уми қарни XX ҷиҳати дигаргун шудани авзо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии аҳолии саёра бо таъсири дигаргуншавии иқлим миёни олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, иқтисод, пизишк, ҳамчунин фарди инфиродӣ (individual) ибораи “иқтисоди сабз” вирди забонҳост ва баҳсу андеша перомуни моҳияти ҳарчӣ тезтару бештар муввафақ шудан ба роҳандозии принсипҳо ва моделҳои он рӯз то рӯз зиёдтар гардида, кӯшишҳои амалӣ шудани ташаббусҳои мухталиф аз тарафи ҷонибҳои ҳадафманд аз қабили созмонҳои бонуфузи умумибашарӣ, давлатҳо, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, сектори хусусӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, аз ҳама муҳим - наҷоти башарият аз ин падидаи муосири экзистенсиалӣ мушоҳида мегардад. Зеро, хулосаи амиқи олимон ва мушоҳидаҳои илмӣ бар онанд кӣ, таъсироти манфии таӯйирёбии иқлим рӯз аз рӯз зиёдтар ба мушоҳида расида, ба ҳаёти башарият хатарҳо ва таҳдидҳои ҷиддиеро то нестшавӣ ба бор оварда истодааст.
Гарчанде, таърифи мафҳуми “иқтисоди сабз” ҳанӯз хулосаи дақиқи худро наёфтааст, аммо таҷрибаи амалӣ намудани он хулосаи илмии худро мушаххас кардааст. Тибқи хулосаи муҳақиқони “Oxford Economics” дар гузориши “Иқтисоди ҷаҳонии сабз: Фаҳмидан ва ба даст овардани имконият” зери ин мафҳум чунин хулоса пешниҳод гардидааст: Иқтисоди сабз - иқтисодиётест, ки ҳадафи он коҳиш додани хатарҳои экологӣ ва норасоии экологӣ, инчунин рушди устувор бидуни таназзули муҳити зист мебошад. Иқтисоди сабз бо иқтисоди экологӣ зич алоқаманд аст, аммо таваҷҷӯҳи бештари сиёсӣ дорад.[1, 7-10] Ин гузориш таъкид мекунад, ки "барои сабз будан, иқтисод бояд на танҳо муассир, балки одилона ҳам бошад. Инсоф эътирофи ченакҳои баробарӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва кишварро дар назар дорад, бахусус дар таъмини гузариши одилона ба иқтисоди камкарбон, тавлид ва истифодаи самараноки захираҳо ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ фарогир."[1, 7-10]
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди дастгирии ташабусҳои ҷаҳонӣ, ҷиҳати расидан ба ҳадафи амалӣ сохтани барномаҳои стратегии “Иқтисоди сабз” дар қадами нахуст қарор дошта, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми сентябри соли 2022 “Дар бораи стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037” раванди иқтисоди «сабз»-ро ҳамчун низоми томи муносибатҳо тавсиф намуда, ба принсипҳои зерин такя мекунад:
- адолат (баробарӣ дар дастрасӣ ба табиат);
- эҳтиром (ба шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ);
- принсипи эҳтиёткорӣ (баҳисобгирии сарбориҳои ҳудудӣ ба сайёра);
- иштирок (иштироки васеъ ҳангоми қабул кардани қарорҳо);
- идоракунӣ (ҳисоботдиҳӣ);
- устуворӣ (ноил гардидан ба устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ);
- самаранокӣ (истеҳсоли устувор ва истеъмоли босубот);
- робитаи байни наслҳо (сармоягузорӣ барои оянд .[3, 28 - 30]
Дар заминаи пайдоиши ва густариши мафҳуми “иқтисоди сабз” дар шароити муосир ду мафҳуми ба ҳам алоқаманд, яке “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории сабз” низ пайдо шудаанд, ки заминаи таъмини рақобатпазирӣ ва таъминии тиҷорати устувор барои соҳибкорон шуда метавонанд.
Ҳамбастагии “соҳибкории сабз” ва тиҷорати устувор аз ҳуҷҷати Комиссияи ҷаҳонии СММ оид ба муҳити зист ва рушд дар соли 1987 бо номи «Ояндаи умумии мо» сарчашма мегирад. [4]
Дар як катор мамлакатхои аз ҷиҳати иктисодиёти бозорӣ пешрафта раванди ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкорӣ бо муҳити зист, махсусан экология ҳамроҳ буда, заминаи ҳуқуқӣ барои мухофизати мухити зист таҳким меёбад. Ин далел тамоюли фаъолро дар раванди сармоягузорӣ ба иқтисодиёт, махсусан дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои миллӣ ва трансмиллӣ зиёд намуда истодааст. Ҳамин тариқ, масъалаи соҳибкории экологӣ вуҷуд дорад ва ҷанбаҳои таҳқиқнашудаи ин мушкилот вуҷуд дорад.
Дар “иқтисоди сабз”, махсусан дар раванди вусъати “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории сабз” афзоиши шуғл ва даромад аз ҳисоби сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ҳар гуна фаъолиятҳои иқтисодӣ, инфрасохтор ва дороиҳо сурат мегирад, ки ба коҳиш додани партовҳои карбон ва ифлосшавӣ, баланд бардоштани самаранокии энергия ва захираҳо ва пешгирии талафоти гуногунии биологӣ ва хадамоти экосистема имкон медиҳад.
Истилоҳи "соҳибкории сабз", инчунин "соҳибкории экологӣ" ё қабули таҷрибаҳои аз ҷиҳати экологӣ ҳассос аз ҷониби ҳама гуна намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ – тавлидот, хариду фурӯш ва хизматрасониро дар бар мегирад. Соҳибкории сабз аксар вақт ба:
- кам кардани зарар ба табиат,
- баҳисобгирии партовҳои истеҳсолӣ ва коркард ё безараргардонии онҳо,
- маҳсулоте, ки метавонанд дубора, зиёда аз ду бор ва такроран истифода шаванд,
- ба махсулоте, ки аз масолехи истеҳсолшуда сохта шудаанд, нигаронида шудааст.
Таъсиси корхонаҳои сабз ғояи асосии роҳандозии соҳибкории сабз буда, соҳибкорони сабз кӯшиш мекунанд, ки фоида бидуни зарар ба муҳити зист (маҳаллӣ ё ҷаҳонӣ) фаъолиятро ба роҳ монанд. Намунаҳои олии, чӣ гуна тиҷорати сабз муҳити зистро муҳофизат мекунад, инҳоянд:
- коҳиш додани партовҳои тавлидотӣ;
- кам ё тамоман истифода набурдани масолеҳи кимиёӣ ва зараровар;
- таъсис додани ҷойҳои кории сабз;
- бехавф партофтани чизҳо ва дороиҳои хавфнок;
- истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия;
- истифодаи теъдоди камтарини коғаз ва бастабандӣ аз коғазу пласмаса ва резинӣ;
- такроран истифода бурдани масолеҳи ва истифодаи такрории масолеҳ.
Пас, пешбурди “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории сабз” тақозои давр буда, моҳияти асосии сармоягузорӣ ба ин намуди фаъолият аз чунин самтҳо иборат аст:
Аввалан, сармоягузорӣ барои гузариш ба иқтисоди сабз дар раванди рушди соҳибкории экологӣ қодир аст, ки ҳифзи захираҳо, аз қабили сармояи табиӣ, ҷисмонӣ ва инсониро афзоиш диҳад. Афзун кардан ва ҳифзи хосилнокии сарватхои табиӣ (ҷангал, моҳӣ, заминхои хоҷагии қишлок ва ғайра) аз хисоби самаранок идора кардани сармояи табиӣ, бехтар намудани сифати неруи инсонӣ аз ҳисоби бехбудии саломатӣ ва кам кардани ҳар гуна касалиҳо миёни аҳолӣ аз ҳисоби бехтар намудани шароити муҳити зист ва ниҳоят, кам кардани зарари иқтисодӣ аз ҳисоби талафоти сармояи ҷисмонӣ (давомнокии умри инсон, муҳоҷират) аз ҳисоби идоракунии беҳтари хатарҳои экологӣ, аз ҷумла сӯхторҳои ҷангал, обхезӣ, аз байн рафтани прияхҳо, нарасидани оби ошомиданӣ, камҳосил гардинаи заминҳои киштшаванда ва дигар офатҳои табиӣ.
Сониян, гузариш ба иқтисодиёти сабз ва сармоягузорӣ дар соҳибкориии экологӣ ва соҳибкории сабз, барои тағйироти сохторҳои иқтисодӣ шароити мусоиди фароҳам оварда, ба рушд ва пешрафти як қатор соҳаҳои муҳими системавӣ, аз ҷумла энергетика, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра, ки ба навсозии дастгоҳи истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, гузаштан ба истифодаи технологияи тавлиди қувваи барқ аз ҳисоби энергияи алтернативӣ мусоидат намуда, ҷалби сармояи назаррасро дар бар гирад. Манфиати сармоягузорӣ дар ин самт ба афзун намудани манбаъҳои энергияи сабз тавлдшаванда оварда, кам кардани партовҳо аз ҳисоби таъсири газҳои гармхонаӣ оварда мерасонад. Ҳамаи ин натичахо дар баланд шудани самаранокии сохахои асосии иктисодиёт (efficiency effect) ифода меёбанд.
Дар баробари ин, сеюм, сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори «соҳибкории экологӣ» ва “соҳибкории сабз”, аз ҷумла системаи обтаъминкунӣ ва канализатсия, нақлиёти ҷамъиятӣ, ки ба манбаъҳои алтернативии сӯзишворӣ нигаронида шудааст, дар алоҳидагӣ ҳамчун омили муҳими рушди ин соҳаҳо мегардад. Ин сармоягузориҳо метавонанд ба рушди иқтисодӣ ҳам аз ҷониби арза ва ҳам аз ҷониби тақозо мусоидат намуда, ҳамзамон шуғлро васеъ намоянд ва барои коҳиш додани (хусусан дар давраи бӯҳрон) бекорӣ мусоидат кунанд. Дар ин ҳолат сухан дар бораи таъсири ҳавасмандкунанда (stimulus effects) меравад.
Чаҳорум, гузариш ба иқтисоди сабз ва роҳандозии сармоягузории “соҳибкории экологӣ” ва “соҳибкории cабз” фаъолияти инноватсиониро ҳавасманд мекунад, аз ҷумла дар пешрафти сектори хусусӣ (аз ҳисоби афзун намудани хароҷоти илмӣ-таҳқиқотӣ ва харидорӣ намудани патентҳои ҳаргуна барори роҳандозии технологияи нави истеҳсолот), кӣ бояд дар баробари фароҳам овардани муҳити мусоиди рақобат, инчунин ҷорӣ намудани стандарту қоидаҳони нав дастгирӣ карда шавад. Дар ин маврид сухан дар бораи таъсири инноватсия (innovation effects) меравад.
Таъсири эҳтимолии иқлим ба мизоҷ ва хислати инсон чанд даҳсола пеш таваҷҷӯҳи хоса пайдо карда буд. Ҳамин тариқ, классики генетикаи рус В.П.Эфроимсон (1908-1989) дар китоби худ «Генетикаи этика ва эстетика» дар бораи робитаи байни муҳити зист (аз ҷумла иқлим) ва мубодилаи моддаҳо, истеъмоли энергия, ки ба рафтори инсон таъсир мерасонад, тахминҳо кардааст. Гарчанде ин пешниҳод то кунун тасдиқоти илмии худро пайдо накардааст, аммо ворид шудани бехатарӣ ва амният дар Саёра ба масоили аввалиндараҷаи мубрами башарият дар заминаи пайдо шудани хатарҳои ҷадид дар шароити муосир ва пешбинӣ шудани чорабиниҳои муқовимат зидди ин падидаҳои номталуб, ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурияти сармоягузоро дар ин самт авзалиятнок мешуморад. Ҳамин тариқ, ин шакли сармоягузорӣ ба “соҳибкории сабз” раванди таъсири бехатарӣ ва амниятро (security effect) касб мекунад ва моҳияти панҷумро ба худ касб мекунад.
Ҳамин тавр, ба роҳ мондани низоми пурраи “иқтисоди сабз” дар заминаи сармоягузорӣ дар “соҳибкории сабз” бояд мувофиқи манфиатҳои ҳар як манфиатгиранда сурат гирад, то ки стратегияҳои фаъолияти иқтисодии худро ташаккул диҳад ва ба пешрафти устувории иқтисодӣ ва таъмини “экологияи сабз”мусоидат кунад.
Хулоса: Соҳибкории сабз метавонад маҳаки асосии таъмини устувории иқтисодӣ бошад, ки тағйироти дилхоҳро дар ҷомеаи бозорӣ ба вуҷуд орад ва илова бар ин, рафтори ширкатҳои мавҷударо дар бозор тағир диҳад. Дар ҳамин замина, сармоягузорӣ дар соҳибкории экологӣ ва соҳибкории сабз – имконияти бузургест, барои таъмини рақобатпазирӣ, банақшагирии ояндаи соҳибкорӣ, тасмимгирии дуруст ва саривақтӣ, баланд бардоштани сифати мудирият дар раванди соҳикорӣ, саҳмгузорӣ дар роҳандозии стратегияҳои иҷтимоиву иқтисодии миллӣ ва ғ..
Китобнома:
- Анисимов, А.П. Экологическое предпринимательство: проблемы и перспективы / А.П. Анисимов, А.Я. Рыженков, А.Е. Черноморец // Правовое пространство России: опыт и современность. Сб. научных трудов памяти профессора В.Г. Тимофеева. Книга 2 / Гражданское право и процесс. Уголовное право и процесс. – Чебоксары: Чувашский государственный университет, 2008. – 300с.
- UNEP, 2011, Towards a Green Economy: Pathways to Sustainable Development and Poverty Eradication, . unep.org/greeneconomy
- Смагулова Ж.Б., Муханова А.Е., Мусаева Г.И. АНАЛИЗ МИРОВОГО ОПЫТА ПЕРЕХОДА К ЗЕЛЕНОЙ ЭКОНОМИКЕ: ПРЕДПОСЫЛКИ И НАПРАВЛЕНИЯ // Международный журнал прикладных и фундаментальных исследований. – 2015. – № 1-1. – 250с.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми сентябри соли 2023 “Дар бораи стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 - 2037”
- Коваленко, В.И. Исследование рынка экологических услуг / В.И. Коваленко, Л.М. Кузнецов. – СПб.: СПбГИЭУ, 2007. – 170 с.
- https://laboratoria.by/stati/zelenaja-jekonomika-i-predprijatija