ИСКАНДАРШОЕВА З.К.
Мудири шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
НУҚТАҲОИ КАЛИДИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САМТИ ИҚТИСОДИ МАМЛАКАТ
Паёми имсолаи Пешвои миллат, дар замоне ироа гардид, ки кишвари азиизи мо, новобаста аз тамоми мушкилоти ҷаҳони муосир, ба шумули бӯҳронҳои шадиди сиёсӣ иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, барои ҳар сокини кишвар як пайғом аз суботу шукуфоии кишвар мебошад.
Қабл аз ҳама, хотиронишон бояд шавад, ки хоҷагии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои аввали ба истиқлолияти комил расидани худ, бо сабабҳои зиёди дохиливу берунӣ, ба хусус кашмакашҳои дохилии таҳмилшуда, ба сатҳи сифр расонда шуд. Иқтисоди комилан вобастаи берун ва харобшуда, сатҳи таварруми ба 200% расонида шуда, аз кор бозмондани тамоми сохторҳои иқтисодӣ, ки ба худи боқӣ мондани он ҳамчун давлат таҳдидҳои воқеӣ ва ҷиддӣ овард. Дар чунин шароити аз ҳар ҷиҳат бӯҳронӣ шахсияте бо ватанпарастии хос бо садоқату шарофати хос ба сарзамини аҷдодӣ ва миллати бостонӣ, ба номи Эмомалӣ Раҳмон вориди майдони сиёсат гардид. Ин шахсияти таърихӣ дар кӯтоҳтарин муддат муввафақ шуд, ки кишварро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшад ва онро ба самти дунёи мутамаддин, ба самти истиқлолият, аз ҷумла истиқлолияти иқтисодӣ, дар такя бар мардуми фарҳангии худ раҳнамоӣ кунад. Дар илми иқтисод назарияи илмие ҳаст, ки тибқи он, барои ҳар гуна кишвар, ба хотири аз бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ берун омадан, ба муддати муайяни замонӣ, ки ҳадди ақали он 25 сол мебошад. Агар ба таърихи кӯтоҳи ҳаёти иқтисодии кишварамон дар замони истиқлолияти он назаре афканем, он нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва сипас рушди иқтисодии худ ҳанӯз ҳам танҳо 23 сол доштааст. Зеро то соли 2000 тамоми нерӯи ҳукумати кишвар масруфи ҳалли масоили сиёсӣ ва дохилӣ буд ва имкони пурра ба ҳаёти иқтисодии кишвар рӯ оварданро надошт. Вале сарфи назар аз норомиҳои дар дохили кишвар боқӣ монда, ки аз ҷониби душманони истиқлоллияту давлатдории худӣ, ҳар замон таҳрик мешуданд, роҳбарияти олии кишвар тавонист, вазифаҳои афзалиятноки иқтисоди худиро дар давлти худӣ, бо такя бар сокинони ватандӯсти худӣ мушаххас намояд, ҳадафҳои стратегии рушди онро муайян созад. Натиҷаи чунин роҳбарии оқилона буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари дорои иқтисоди заиф ва комилан мӯҳтоҷи кумакҳои берун, ба қатори кишварҳои дар ҳоли рушд дохил ва дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои ташаббускори лоиҳаҳои байналмилалӣ ҳам эътироф гардид.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, дар баробари бахшҳои дигари муҳими ҳаёти кишвар, ба рушди марҳилаи баъдии иқтисодӣ, дар вазъи мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, пайомадҳои зиёди дигари он, мақоми хос дорад.
Тавре аз Паём дарефтем, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои қобили зикр ба даст омаданд, ки афзоиши ММД ба 8,3%, иҷрои буҷети давлатӣ (102,5%), ташаккули “иқтисоди сабз, таъмини суръати миёнаи рушди иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми 7,5% ва ғайра нишондодҳои макроиқтисоди он, намунаҳои умедворкунандаи устувории иқтисоди кишвар мебошанд. Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруву имконоти мавҷудаи худро ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне ҳифзи дастовардҳои бесобиқаи замони кӯтоҳи истиқлолият ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он самт дода шудааст. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатии мардум дар муддати панҷ соли охир ба 21,2 фоиз расонда шуд, ки дар ояндаи кишвар яке аз масъалаҳои марказии Ҳукумати кишвар боқӣ мемонад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рушди иқтисоди кишвар нақши хоси он такроран таъкид шудааст, ин рушди минбаъдаи сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Пешвои миллат нақши ин секторро дар рушди иқтисоди кишвар хосатан зикр карда, бо дар назардошти мақоми хоси он дар рушди кишвар ва шуғли пурмаҳсули сокинони кишвар, дар мавриди аз байн бурдани монеаҳои мавҷудаи маъмуриву маснуӣ дар баробари он ба сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд.
Соҳаи саноат ва инноватсия яке аз самтҳои асосиии иқтисоди миллӣ мушаххас гардидааст. Новобаста аз он ки кишвари кӯҳистони Тоҷикистон, то замони истиқлолят як ҷумҳурии аграрии дар самти тавлиди маводи хом мавқеъ дошт, роҳбарияти олии кишвар ба хулоса расиданд, ки дар сатҳи рақобати шадиди ҷаҳонӣ, таъмини рушди босуботи кишвар, ба хусус таъмини ояндаи он ҳамчун кишвари аз лиҳози иқтисодӣ мустақил танҳо бо ин сектор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ барои соҳаи саноат ва инноватсия заминаҳои моддӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам шуда, онро ҳамчун стратегияи миллӣ эълон карданд. Бо дар назардошти аҳамияти хоси он барои рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибисиқлол солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд, ки нишонаи дурандешии хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Танҳо дар муддати ду соли охир дар мамлакат беш аз 1200 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуданд, ки дар тӯли 28 соли охир ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 4,6 баробар зиёд шуд, аз ҷумла дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда ба 2,4 баробар афзуд, ки гувоҳи дурусти сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакатро нишон медиҳад.
Пешвои миллат дар фарҷоми Паём бо садоқати хоси ватандорӣ ва мардумсолорӣ ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карданд, ки “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯсти, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”
Паёми имсола ҳамчунон як навъи ҷамъбасти боз як соли ҳаёти Тоҷикистони мустақил ба тамоми сокинони дохилу хориҷ ва вазифаҳои нави дар баробари он қарор дошта мебошад. Аз ин рӯ ҳам Паёми имсола як раҳнамоии мукаммал барои ҳар сокини соҳибдавлат аст, ҳамзамон раҳнамоӣ барои баландтар бардоштани масъулияти ҳар фарди ҷомеа, ба хотирии ободонии бештари сарзамини аҷдодӣ ва масъулият дар баробари расидан ба ҳаёти шоистатари наслҳои кунунӣ ва ояндаи он мебошад.