Нусхаи чопи

Броимшоева Муслима- ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров

 ПЕРОМУНИПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳамасола  ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҳуҷҷати муқаддас ва тақдирсози миллӣ бо  умеду ормони  бепоён интизор мешавад, зеро пас аз ҳар Паёми Пешвои миллат, нақшаҳои зиёде барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи мамлакат тарҳрезӣ гардида, сол аз сол Тоҷикистон ба як мамлакати зебою тараққикарда табдил меёбад. Дар баробари   ин ҳаёт  ва шароити рўзгузаронии мардуми кишвар  низ беҳтар мешавад ва зисту зиндагонии шаҳрвандони мамлакакат низ  комилан беҳтар гардида,  бо ҷойҳои  нави корӣ  низ таъмин мешаванд.

Паёми Пешвои миллат дар баробари  ҳуҷҷати раҳнамоҳ   барои ободию созандагӣ ва пешрафту рушди мамлакат будан, ҳисси масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишварро баланд мебардорад. Ҳар як шаҳрванд низ барояш нақшаеро барои кору фаъолияташ тарҳрезӣ намуда, барои баланд бардоштани сатҳи ҳаёти худ ва наздиконаш кўшиш ба харҷ дода, барои мардум ва ободии диёраш саҳми арзанда мегузорад. 

Дар Паёми соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон акнун мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, ба марҳидаи нави созандагию ободкориҳо расид. Ободию созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти мамдакат низ ба роҳ монда шавад ва ҳар як сокини кишвар бояд дар ободию сабзгардонии мамалакатамон саҳмгузор бошад.  Танҳо одамони бомаърифат ва  боилму дониш суханони  Ҷаноби Олиро  сармашқи кору амали худ намуда,  аз рўйи он кору фаъолияташонро пеш бурда метавонанд. Бинобар ин Пешвои миллат қайд намуданд: «Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.  Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. »

Имрўз  дар назди маорифчиён ва олимони тоҷик  масъалаи муҳими  боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия ва ба роҳи ихтирокорию таҳқиқот раҳнамун намудани шогирдони болаёқат мебошад. Зеро барои пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи босуботи давлат мутахассисони бомаҳорат ва навовар заруранд.

    Баланд бардоштани маоши  маорифчиён яке аз иқдомҳои неки Президенти кишвар мебошад, зеро агар маорифчиён аз ҷиҳати моддӣ пурра таъмин бошанд, дилгармиашон ба касбу корашон зиёдтар гардида, сифати корашон боз беҳтар хоҳад шуд. Рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ба маорифчиён вобастагии зич дорад, зеро танҳо шогирдони дурусттарбияёфтаи бодонишу бомаърифат, ватандўсту  меҳнатқарин ва навовар дар рушди илму ихтирокорӣ, пешрафти иқтисодиёти кишварашон, беҳтар намудани зиндагии ҳамватанонашон саҳми бориз хоҳанд гузошт.

    Пешвои миллат қайд менамоянд, ки  ҳамчунин, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ҳамаи мағозаву бозорҳо ба роҳ мондани фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, хусусан, маҳсулоту маснуоти ҳунарҳои мардумӣ масъалаҳое мебошанд, ки бояд зери назорати гурӯҳи корӣ қарор дода шаванд. Пас, барои инкишофи ҳунармандию косибӣ, рассомию бофандагӣ, дўзандагию кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ тамоми шароитҳо муҳайё аст, танҳо иқдоми худи мардум зарур аст, ки омўзанду кору фаъолият намоянд ва ҳам корафтода ба мақсадаш ноил мегардаду ҳам соҳибкор ризқу рўзии ҳалолашро  пайдо мекунад.

    Дар замони муосир  бояд ҳар яки мо   суханони Пешвои Миллатро сармашқи  кори хеш намуда, барои пешбурди ҳаётамон саъю кўшиш намоем, зеро танҳо бо кўшишу ғайрат ва фаъолияти мунтазам дар ободию гулгулшукуфоии ватанамон саҳми хешро гузошта метавонем.