Дар таърихи 20 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии Субҳонқулова Наргис Акбаралиевна дар мавзуи “ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ ПРИРОДЫ В ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЕ ХХ – РУБЕЖА ХХI вв.” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии ИИГ Субҳонқулова Н.А.-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.