Дар таърихи 13 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии Ғуломҷонов Зариф Мирҷонович дар мавзуъи “Таджикско-американские литературные связи: перевод как форма межлитературной рецепции ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии ИИГ Гуломҷонов З.М-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.