Нусхаи чопи

ДИФОИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ ИЛМИИ МАҲМАДУЛЛОЕВА НАСИБА ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ

 

15-уми апрели соли 2026 дар Шӯрои дифои назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти садорати доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар дифои рисолаи номзадии Маҳмадуллоева Насиба Маҳмадшифоевна баргузор гардид.

Мавсуф рисолаи худро дар мавзуи «Этапы развития лугаз и муаммо в таджикско-персидской литературе X–XV вв.» аз рӯи ихтисоси 5.9.2 – Адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форсӣ, адабиёти тоҷик) бомуваффақият ҳимоя намуд.

Таҳқиқоти мазкур зери роҳбарии сарходими илмии ИИГ ба номи Б. Искандаров доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ба сомон расида, яке аз мавзуъҳои ҷолиби адабиётшиносӣ - таърихи ташаккули санъатҳои адабии луғаз ва муамморо фаро мегирад.

Дар раванди дифоъ Маҳмадуллоева Насиба ба саволҳои аъзои Шӯро ва ҳозирин бо боварии комил ва омодагии баланди назариявӣ ҷавобҳои мушаххас дод, ки ин аз савияи баланди дониш ва огоҳии амиқи ӯ аз паҳлуҳои мухталифи мавзуи мавриди назар шаҳодат медиҳад.

Муқарризони расмӣ - доктори илмҳои филологӣ Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич ва номзади илмҳои филологӣ Султонмамадова Умеда Алимамадовна ба кори илмии номбурда баҳои баланд дода, аҳамияти назариявию амалии онро дар рушди адабиётшиносии муосир баланд арзёбӣ карданд.

Бо ҷонибдории якдилонаи аъзои Шӯро, Маҳмадуллоева Насиба ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рўи ихтисоси  5.9.2 – Адабиёти халқҳои ҷаҳон (адабиёти форсӣ, адабиёти тоҷик) сазовор дониста шуд.

Раёсат ва ҳайати кормандони Институт, инчунин аъзои Шӯрои дифоъ пажуҳишгар - Маҳмадуллоева Насибаро ба муносибати ин дастоварди бузурги илмӣ таҳният гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиашон дар ҷодаи кашфиёти навбатии илмӣ барору комёбиҳои беназир хоҳонанд.